Дид (ҳавошиносӣ)
Дид дар ҳавошиносӣ, ё аёнияти атмосферӣ — имконияти бо чашм дидани объектҳои дур, ки аз мушоҳидагар бо қабати ҳаво ва ё дигар фазои тиракунанда ҷудо карда шудааст.
Маълумоти асосӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аёнияти атмосферӣ рӯзона, бегоҳӣ ва шабона мешавад. Аёнияти атмосферии шабона дар навбати худ ба аёнияти атмосферии объектҳои равшанидиҳанда ва худравшанинадиҳанда ҷудо мешавад.
- Аёнияти атмосфериро бо дурииаёният, яъне масофае, ки дар он объекти мушоҳидашаванда (бино, кӯҳ ва ғайра) бо чашми одӣ дида намешавад (ба шарте, ки объект ба андозаи кофӣ калон буда, дар паси уфуқ паноҳ нашавад ва аёнияти он фақат ба шаффофияти ҳавои атмосфера вобаста бошад), тавсиф медиҳанд.
- Аёнияти атмосферӣ, бевосита ба мавҷудияти зарраҳои чанг, қатраҳо ва кристаллҳои майдатарини об вобаста мебошад; онҳо рӯшноиро пароканда намуда, дурии аёниятро аз якчанд км то якчанд метр (дар ҳавои туман, бориш, тундбод, чангбориш) кам мекунанд. Дар аёнияти атмосферии объектҳои худравшанинадиҳанда тафриқаи байни дурахшонии объект ва манзари онро иҳотакунанда — К хеле муҳим мебошад, ки он бо формулаи К= ΔВ/В муайян карда мешавад. Дар ин ҷо ΔВ — фарқияти байни дурахшонии аёнии объект ва манзар ва В — дурахшонии аёнии манзар мебошад. Қимати хурдтарини К, ки дар он чашм объектро дида метавонад, ҳадди ҳассосияти чашм — е номида мешавад. Барои объектҳое, ки таҳти кунҷи биниш α-и аз 1° калон дида мешаванд, дар рӯшноии рӯзона е ба андозаҳои кунҷии объект ва мунавварӣ кам вобаста мебошад.
- Аёнияти чароғҳоро, ки, одатан, чун манбаъҳои нуқтагии рӯшноӣ баррасӣ намудан мумкин аст, аз рӯи мунаввариашон дар ҷои мушоҳида муайян мекунанд.
Омӯзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Омӯзиши аёнияти атмосферӣ барои ҳаракати ҳамаи намудҳои нақлиёт (аёнияти аломатҳои роҳ, истгоҳҳо ва ғайра), корҳои топографӣ (аёнияти аломатҳои триангулятсионӣ), аэроаксбардорӣ ва корҳои ҳарбӣ аҳамияти калони амалӣ дорад. Тағйирёбии аёнияти атмосферӣ ба ивазшавии обу ҳаво зич вобаста аст. Аз ин рӯ, дар пойгоҳҳои метеорологӣ Аёнияти атмосфериро пайваста мушоҳида карда, қимати онро дар пешгӯии обу ҳаво истифода мебаранд. Барои беҳтар кардани аёнияти атмосферии объектҳои андозаҳои кунҷиашон хурд дурбинро истифода бурдан мумкин аст. Дар ҳолати набудани туман ва хокбориш аз шишаи сурх мушоҳида намудани ҷойҳои дур беҳтар мешавад, зеро шишаи сурх нурҳои кабуди фазоро намегузаронад. Ғайр аз ин, ҷойҳои дурро бо шуоъҳои инфрасурх аксбардорӣ кардан мумкин аст. Бо истифода аз радиолокатсия объектҳоро дар ҷойи торик, тумани ғафс ва абр ошкор ва ё аксбардорӣ мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аёнияти атмосферӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.