Jump to content

Аҳдҳои қалбакӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аҳдҳои қалбакӣ - аҳде, ки бо мақсади рӯпуш намудани аҳди дигар баста шудааст. Чунин аҳд эътибор надорад. Дар чунин ҳолат ду аҳд ҷой дорад. Яке аҳди рӯпӯшкунанда ва дуюм аҳде, ки дар воқеъ тарафҳо дар назар доранд. Аҳди якум асос надорад, бинобар он беэътибор аст. Аммо баъзан тарафҳо надониста ба талаби қонун сарфаҳм нарафта, чунин аҳд содир мекунанд. Бинобар ин, мазмуни аҳдро таҳлил намуда, пас ба хулоса омадан лозим аст. Нисбати аҳде, ки тарафҳо воқеан дар назар доштанд, бо назардошти хусусияти аҳд қоидаҳои ба он дахлдор истифода карда мешаванд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қонун

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.71