Jump to content

Қорӣ Аҳмад Аҳмадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аҳмадӣ (шоири тоҷик))
Қорӣ Аҳмад Аҳмадӣ
Навъи фаъолият: шоир

Қорӣ Аҳмад Аҳмадӣ (? — 1896) — қории Қуръон ва шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар сарчашмаҳои адабии садаи XIX (масалан «Тазкирату-ш-шуаро»-и Муҳтарам) аз ӯ чун шоири дорои табъи баланд, фасеҳбаён ёд шудааст. Қории Қуръон будааст.

Абёти зерин аз ӯст:

Дӯш ман дар хоби худ дидам бути ҷононае,
Пеши шамъи рӯйи ӯ сад ҳамчу ман парвонае.
Ӯ ба чандин нозу истиғно ба чашмам нуктасанҷ,
Ман ба рӯяш гашта маҳв аз хештан бегонае.
Гуфтам: «Эй маҳрӯ, накардӣ як раҳе бар ман гузар»,
Гуфт: «Ҳастӣ ту магар девона, ман фарзонае».
Гуфтам: «Эй гул, Аҳмадиро дар бари худ бор деҳ»,
Гуфт: «Ҳаст аз чашму холам бо ту обу донае».

  • Тазкират-уш-шуарои Муҳтарам. Д., 1975.