Аҳмад ибни Форис
Таърихи таваллуд: | асри X |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1004[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | луғатшинос, муаррих, донишвар |
Забони осор: | арабӣ |
Аҳмад ибни Форис, Абулҳусайн Аҳмад ибни Форис ибни Закариё ибни Ҳабиби Қазвинӣ (форсӣ: احمد بن فارس; асри X, Аҳвоз — 1004[1], Рай[1]) — забоншинос, луғавӣ, муҳаққиқ, котиб, адиб ва шоири арабизабони эронитабор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳмад ибни Форис аслан аз Қазвин буда, дар ш-ҳои Макка, Ҳамадон, Занҷон, Бағдод таҳсили илм кардааст. Бадеуззамони Ҳамадонӣ, Мавҷуддавла ибни Фахруддавлаи Дайламӣ, Соҳиб ибни Аббод ва Ҳарирӣ (муаллифи «Мақомот») аз шогирдони ӯ мебошанд. Аҳмад ибни Форис эронӣ буд, аммо бо шуубия мухолифат дошт.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳмад ибни Форис доир ба масъалаҳои гуногуни адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ таълифоти зиёд дорад, вале дар забоншиносии араб туфайли китобҳои «Муҷмалу-л-луғат» ва «Мақоису-л-луға» машҳур аст. Муҳимтарин асарҳои Аҳмад ибни Форис: «Ғарибу эъроби-л-Қуръон», «ал-Муқаддима», «Муқаддимату-л-фароиз», «Ҷомеъу-т-таъвил», «Сирату-н-набӣ», «Ахлоқу-н-набӣ», «Замму-л-Хатай фӣ-ш-шеър», «Қисасу-н-наҳор», «Самару-л-лайл», «Халқу-л-инсон», «ал-Интиҳо ва л-музоваҷот», «ас-Соҳибӣ фӣ фиқҳи-л-луға ва сунани-л-араб ва каломиҳо», «Китобу-с-салоса», «Китоб авҷазу-с-сияр лихайри-л-башар», «Китоб замму-л-хато фӣ-ш-шеър», «Китоб ал-атбоъ ва-л-музовиҷа», «Китобу-н-Найрӯз», «Китобу-л-ломот», «Китоб абёту-л-истишҳод» ва ғ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Каталог Немецкой национальной библиотеки (нем.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Фориси Қазвинӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Bosworth, C. E. (1975). "Iran under the Buyids". In Frye, R. N. The Cambridge History of Iran, Volume 4: From the Arab Invasion to the Saljuqs. Cambridge: Cambridge University Press. pp. 250–305. ISBN 0-521-20093-8.