Аҳолӣ дар ҳуқуқи байналхалқӣ
Зоҳир
Аҳолӣ дар ҳуқуқи байналхалқӣ- маҷмӯи шахсони ҷисмонӣ, ки дар қаламрави давлати муайян зиндагӣ намуда, тобеи қонунгузории он мебошанд. Ҳайати аҳолӣ дар ҳуқуқи байналхалқӣ аз шаҳрвандони худи давлат, шаҳрвандони ҳориҷӣ, шахсони бешаҳрванд (апатрид) ва шахсони душаҳрвандӣ (бипатрид) иборат мебошад.Вазъи ҳуқуқии аҳолиро қонунгузории миллӣ муқаррар намуда, он ба дараҷаи инкишофи институтҳои демократии ҷомеа ва сатҳи тараққиёти иқтисодии кишвар вобастагӣ дорад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.72