Мирзо Аҳсануллоҳи Зафархон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Аҳсан (шоир))
Мирзо Аҳсануллоҳи Зафархон

Аҳсан (Мирзо Аҳсануллоҳи Зафархон; 1604/05–1663, Лоҳур) — шоири форсизабон ва арбоби давлатии Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Падари Аҳсан Хоҷа Абулҳасани Турбатӣ дар аҳди Акбар (ҳукмронӣ 1556–1605) аз Хуросон ба Ҳинд рафта, дар Дакан, Кашмир ва Деҳлӣ вазифаҳои масъули давлатиро ба уҳда дошт. Аҳсан соли 1633 ҳокими Кашмир таъйин шуд ва чун шахси эҷодгару ҳукмрон дар рушди адабиёти форсии Ҳиндустон саҳм гузоштааст. Соиби Исфаҳонӣ солҳои дароз бо ӯ дӯстӣ дошт. Ғании Кашмирӣ, Абутолиби Калим, Толиби Омулӣ, Муҳаммадҷони Қудсӣ, Салими Теҳронӣ дар дарбори Аҳсан ба кори эҷодӣ машғул буданд. Аз Аҳсан маснавиҳои «Ҳафт манзил», «Ҷилваи ноз», «Майхонаи роз», «Соқинома» ва «Девони ғазалиёту рубоиёт» мерос мондааст. Аз анвои шеър Аҳсан бештар ба ғазал таваҷҷуҳ доштааст. Ӯ 382 ғазал навиштааст, ки тақрибан 2 ҳазор байтро ташкил медиҳад. Мавзӯи ғазалиёташ ишқу муҳаббати поки инсонӣ, масъалаҳои ахлоқу одоб, тасвири табиат ва ғайра мебошад. Аз нигоштаҳои Аҳсан бармеояд, ки дар таъсири шоирони ҳамнишинаш, махсусан Соиб, шеър мегуфтааст.

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Абёти зерин намунае аз нигоштаҳои ӯянд:

Дида зулфи ту магар бесарусомонии мо,
Ки чунин гашта парешони парешонии мо?
Чун диҳад ишқи ту хокистари моро бар бод,
Синаравшан шавад он дам ғами пинҳонии мо.
Табъи мо дод ба гул тарзи шукуфтанро ёд,
Булбулонро шуда сармашқ ғазалхонии мо.
Фикри ҷамъияти аҳбоб бувад бедардӣ,
Гашта дар зулфи ту чун ҷамъ парешонии мо.
Пираҳан боз зи расвоии девона бувад,
Парда бар айб кашад кисвати урёнии мо.
Баски бар хоки раҳаш носия судем, Аҳсан,
Ояи саҷда тавон хонд зи пешонии мо.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]