Аморализм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бадкирдорӣ)

Аморали́зм, бадкирдорӣ, бадахлоқӣ (аз лот. moralis – ахлоқӣ) — напазируфтани асосҳои ахлоқӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба меъёрҳои ахлоқӣ, содир кардани рафтори ношоиста нисбат ба дастовардҳои маданӣ, фарҳангӣ, илмӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷамъият аст.

Аморализм як асли амалӣ ё майли ғоявист, ки қоидаю қонунҳои маъмули рафтори ҷамъиятиро рад карда, нисбат ба он муносибати шаккокона (нигилистӣ) дорад.

Дар амалия аморализм гоҳо бо нуқси маънавӣ ё дигар камбудиҳои фарди алоҳида вобаста мешавад. Он инчунин дар натиҷаи зиддиятҳои иҷтимоие ба вуҷуд меояд, ки табақаҳои калони ҷамъиятро ба мартабаҳо тақсим намуда, боиси таназзули маънавии шахсият мегардад.

Назария[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар назария аморализм, одатан, меъёри ахлоқиро бо фаҳмиши утилитарию прагматикӣ, эстетикӣ ва ё дарки инфиродии озодӣ, худшиносӣ, маишату ҳаловат, манфиатҳои шахсӣ ва ғ. иваз мекунад. Аморализм ҳамчун мавқеи оқилонаи ҳаётӣ дар натиҷаи таназзули муносибатҳои авлодию қабилавӣ, ҷудо шудани ахлоқ аз тарзи рафтори маъмули аз рӯи одату анъана ташаккулёфта ва пайдо шудани рефлекси шахсӣ нисбат ба тарзи зиндагии мавҷуда ба вуҷуд омад. Дар ҷамъияти атиқа ҳангоми якбора завол ёфтани асосҳои анъанавии авлодӣ ва зиёд шудани задухӯрдҳо байни урфу одатҳои гуногун ва русуму қоидаҳои ташаккулёфтаи табақавӣ аморализм комилан шартӣ, нисбӣ ва прагматикӣ будани ҳамаи усулу қоидаҳои ахлоқиро эътироф кард. Муносибаташ ба қадриёти маданияти иҷтимоӣ манфӣ мебошад (калбиён, баъзе софистон). Минбаъд аморализм ба ҳодисаи маъмули ҷамъияти синфию антагонистӣ табдил ёфт ва ахлоқи ҳукмрон бис- ёр вақт бо амалияи аморализм амал мекард, ақидаҳои муқобили он бошанд, ҳамчун оппозитсия умуман ахлоқро рад менамудагӣ шуданд. Дар давраи Эҳё дар эҷодиёти баъзе идеологҳо ва калисои феодалӣ (Макиавеллӣ, Лайола, Лигоури, Бузенбаум) усулҳои аморализм маънои ба мақсадҳои сиёсӣ пурра тобеъ намудани ахлоқро ифода мекарданд, ки барои ба амал баровардани онҳо истифода бурдани ҳама гуна воситаю услубҳо раво дониста мешуд («Мақсад ҳамаи воситаҳоро ҳақ мешуморад»). Миёнаҳои аморализм 19 дар шароити бӯҳрони маънавии маданият ғояи эстетикии имморалистӣ (мас., афкори иҷтимоии Нитсше) инкишоф ёфт, ки моҳиятан қувваҳои ҳаёти фитриро аз афкори ахлоқии мавҷуда ҷудо медонист. Аморализм дар шакли бениҳоят бешармонаю инсонбадбинона дар идеология ва амалияи фашизм (парастиши Фюрер, ки тарафдорони худро аз «хаёли ботил» озод мекунад) зоҳир шуд. Моҳиятан ба аморализм ҳама гуна кӯшиши «барҳам додани» қоидаю қонунҳои ахлоқӣ, мас., таассубу хурофот эълон кардани виҷдон, инсондӯстӣ ва эҳтироми шахс мутааллиқ аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]