Jump to content

Бадоеъу-л-вақоеъ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бадоеъ-ул-вақоеъ)
Бадоеъу-л-вақоеъ
Унвони мақола форсӣ: بدایع‌الوقایع
Нависанда Зайниддин Маҳмуди Восифӣ
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ

«Бадоеъу-л-вақоеъ» (ар. بدایع الوقایع‎ — «Рӯйдодҳои ҳайратангез») — асари Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ, ки таълифаш соли 1517 оғоз ва таҳриру такмилаш то поёни зиндагии нависанда идома ёфтааст.

«Бадоеъу-л-вақоеъ»-ро куллиёти осори Восифӣ метавон номид, ки ҳама осори манзуму мансури вай дар он фароҳам омадаанд. Ашъори дар «Бадоеъу-л-вақоеъ» омадаи Восифӣ қасоиду ғазалиёт ва қитъаҳоеанд, ки дар ҷавоби шоирони пешин гуфта шудаанд ва эҳдо ба ҳокиме аз ҳокимони рӯзгор мебошанд. Аксари онҳо аз лиҳози шеърият комиланд, бо саноеи бадеъ ва лафзу маънии хуб оростаанд. Бо ин ҳама «Бадоеъу-л-вақоеъ» худ бо насри моявари хеш дар адабиёти форс-тоҷик шуҳрат дорад.

«Бадоеъу-л-вақоеъ» аз як дебоча ва 54 (дар бархе нусхаҳои дастнавис ва чопии соли 1972 аз 46) фасл иборат аст, ки «гуфтор», «достон», «ҳикоят» номида шудаанд. Ҳама фаслҳои асар сужети ягона надоранд. Дар фасле якчанд рӯйдоду саргузашт ва ҳикоят фароҳам омадаанд. Чизи умумие, ки бештарини фаслҳоро ба ҳам мепайвандад, чеҳраи худи Восифист. Вай ҳам персонажи марказӣ ва ҳам гӯяндаи воқеаҳост. Дар «Бадоеъу-л-вақоеъ» ду гуна ёддоштҳои нависанда дучор меоянд ва мутобиқи онҳо асарро ду бахш метавон кард.

Восифӣ дар бахши аввали ёддоштҳо воқеоти дар Мовароуннаҳр, махсусан дар Самарқанд дидаву шунидааш, чунончи мунозира бо Хоҷа Юсуфи Маломатии вазири Кучкуюнҷихон, сармои солҳои 1517–18 дар Самарқанд ва тангҳолии донишҷӯёни хуросонӣ, кӯшиши Восифӣ дар ёрии онҳо, имтиҳон кардани аҳли фазли Самарқанд ҳунари Восифиро дар ҳалли муаммо, ҳуҷуми Наҷми Сонии қизилбош ба Самарқанду ҳаводиси вобастаи он ва ғ-ро ҷой додааст.

Дар бахши дувуми китоб, ки дар Шоҳрухияву Тошканд мураттаб шудааст, саргузашту ёддоштҳои рӯзгори гузаштаи нависанда омадаанд. Дар ин фасл на танҳо ёддоштҳои худи нависанда, инчунин ҳикоятҳои воқеию тахайюлие, ки нависанда аз дигарон шунида ё аз адабиёти пешин бардоштааст, осори мустақили ҳунарӣ (мас., достон дар бораи Абуалии Сино, ки иборат аз чандин ҳикоят аст, ҳикояте дар макри занон ва ғайра) ҷой гирифтаанд. Ҳикоёту ёддоштҳои ин бахши китобро Восифӣ дар маҷлисҳои ҳокими Тошканд Келдимуҳаммадхон нақл карда ва сипас таҳрир намуда, дар «Бадоеъу-л-вақоеъ» ҷой додааст. Саргузаштҳои Восифӣ бо хешовандаш Ғиёсуддин Муҳаммад ва Мирзо Байрами дӯсташ аз ҷумлаи чунин ҳикоёт мебошанд. Бархе фаслҳо (мас., 42, 43) ба фармони Келдимуҳаммадхон ба китоб ворид шудаанд.

Мундариҷаи «Бадоеъу-л-вақоеъ» басо гуногунсоҳаву рангин аст. Восифӣ ба аксар ҳодисаҳои сиёсию иҷтимоии замон, падидаҳои фарҳангӣ, адабӣ ва таърихӣ дахл кардааст. Ӯ руҳдодҳои таърихию сиёсиро аз нигоҳи як иштироккунанда дар онҳо, лавҳанигорона, аз назари як намояндаи анҷумани шаҳр бозтоб кардааст. Таърихнигорони давр аз тасвири чунин ҷузъиёти зиндагӣ сарфи назар мекарданд. Махсусан тасвири тохтутозҳои Исмоили Сафавӣ (ҳукмр. 1502–24) ба Ҳироту Мовароуннаҳр, мардумкушиҳо бо баҳонаи ихтилофоти мазҳабии шиаву суннӣ, ҳуҷуми Шайбониён ба Ҳирот ва шикасти чағатоиҳову гурезогурези онҳо ва ғ. басо зинда тасвир шудаанд. Саргаштагию оворагиҳои Восифию Ғиёсуддин дар ин тасвирот як мисоли сарсонию оворагии мардуми он давр аст. Аз асари Восифӣ тазоддҳо ва нобаробариҳои моддию иҷтимоии табақаҳои болоию поинии ҷомеа ҷилвагар мешаванд. Донишҷӯёни мадраса зимистон аз хунукӣ сахт ранҷур буданд. Восифӣ бар ивази силае, ки аз қасидае ёфта буд, онҳоро ёрии моддӣ кард. Аммо дар зимистони дигар шабнишинии писари вазирро тасвир кардааст, ки дар он зиёда аз 50 ҳазор танга барои айшу нӯш харҷ шуда буд. Дар хазинаи Ҳусайн Бойқаро (ҳукмр. 1469–1506) 50 ҳазор танга пайдо нашуд, ки бо писари шӯридаи худ Фаридун Ҳусайн биҷангад. Чун Ҳусайн Бойқаро хост, ин маблағро аз аҳолии Ҳирот ситонад, Алишери Навоӣ изҳор дошт, ки ҳама аҳолии Ҳирот ин миқдор пул надоранд ва аз бими шӯриши мардум он маблағро аз хазинаи худ пардохт. Чунин тасвирҳо дар «Бадоеъу-л-вақоеъ» фаровонанд ва парда аз рӯйи давлатдории ғоратгаронаи фармондорони кишвару низоми табаҳкоронаи давлатдории пӯсидаи онҳо мебардоранд. Тазодди дигар зиндагӣ, ки аз назари Восифӣ дур намондааст, аҳволи бади суханварон дар намунаи Котибӣ, Биноӣ, Дарвеши Деҳакӣ ва худи Восифист, ки бо вуҷуди ҳама камоли ботинию ҳунарҳои воло аз зиндагии хуб баҳрае надоштанд. «Бадоеъу-л-вақоеъ» инчунин маводди фаровони мардумшиносӣ дорад, аз ҳунару касбҳои он замон ва аҳли ҳунар маълумоти пурарзише медиҳад. Дар насри давраи пайдоиши «Бадоеъу-л-вақоеъ» сабкҳои маснӯъ боло гирифта буданд, ки ин ҳол фаҳмиши матолиби нигорандагонро барои хонандагон мушкил месохт. Аммо Восифӣ асари худро дар доираи ин сабкҳо маҳдуд накард. Ба истиснои тавсифҳои кӯтоҳ, ки дар «Бадоеъу-л-вақоеъ» ҷо-ҷо дучор мешаванд, сабки нигориши асар сода ва ба забони зиндаи гуфтугӯӣ наздик мебошад.

Нашрҳо ва тарҷумаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Бадоеъу-л-вақоеъ»-ро соли 1826 Ҳубқулихоҷаи Диловар ба забони ӯзбакӣ баргардон намуд ва матни интиқодии онро соли 1961 А. Н. Болдирев дар Маскав дар 2 ҷилд ба чоп расонид. Такмилаи ин матн, ки дар асари ҳамкории Донишгоҳи давлатии Ленинград, АИ ҶТ ва Бунёди фарҳанги Эрон падид омада буд, солҳои 1971–72 дар Теҳрон дар 2 ҷ. ба табъ расид.

  • Болдырев А. Н. Зайниддин Васифи. Д., 1985;
  • Айнӣ С. Восифӣ ва хулосаи «Бадоеъу-л-вақоеъ». Д., 1989;