Jump to content

Бакинский рабочий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Навъ рӯзнома

Молик Administrative Department of the President[d]
Кишвар
Асосгузорӣ майи 1906
Забон русӣ
Дафтари марказӣ
Теъдод 3 000
Ҷоизаҳо
ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Вебгоҳ br.az(рус.)

Бакинский рабочий (Коргари Боку) — рӯзномаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ба забони русӣ, ки дар Озарбойҷон чоп мешавад. Рӯзнома воқеаҳои ҷамъиятию сиёсиро, ки дар Озарбойҷон ва берун аз он ба амал меоянд, инъикос менамояд.

Шумораи якуми рӯзнома ҳамчун органи чопии ташкилоти Бокуи РСДРП дар моҳи апрели соли 1906 (мувофиқи маъхазҳои дигар дар моҳи май) ғайриқонунӣ аз чоп баромад. И.В.Сталин дар таъсиси рӯзнома иштирок кардааст. Дар моҳи сентябри соли 1908 он ба таври қонунӣ нашр шуд, аммо аллакай дар моҳи октябр аз ҷониби полис барои "самти зараровар" баста шуд. 22 апрели соли 1917 нашри рӯзнома аз нав cap шуд ва то 10 августи соли 1918 давом кард. Рӯзнома аз 25 июли соли 1920 бори аввал бо номи «Азербайджанская беднота» (Камбағалии Озарбойҷон) ва аз 7 ноябри ҳамон сол боз бо номи «Бакинский рабочий» ба нашр даромад. Органи КМ ҲКО. Бисёр шеърҳои Сергей Есенин бори аввал дар рӯзнома чоп шуда буданд.

Дар соли 1969 тираж 130 ҳазор нусха [1], соли 2009 — 3 ҳазор нусха буд[2].

  • 1922—1925 — Чагин, Пётр Иванович
  • 1931—1933 — Морозов, Иван Титович (1889-1957)
  • Дар солҳои 40-ум (охири ҷанг — 1947) — Генрих Писман
  • Аз солҳои 50-ум то соли 1970 — Окулов Михаил Александрович
  • 2001—2011 — Оғобек Аскаров
  • 2011 — 2021 — Раҳмон Ҳоҷиев
  • 2021— ҳоло — Илгар Ҳусейнов