Баласон (модда)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Баласон, балисон — моддаест, ки аз дарахту буттаҳои баласон мегиранд ва ширешмонанди хуш­бӯй буда, таъми тунду турш дорад; асосан аз рав­ға­ни эфи­ру зифти дар онҳо ҳал­шуда иборат аст. Баласони табиӣ аз қа­дим ҳамчун давои бемо­риҳои захми меъдаю рӯда истифода мешавад. Вобаста ба таркиб хосияти зиддимикробӣ, рафъи бадбӯӣ ва балғам­оварӣ дорад. Дар техника барои ҳосил кардани канифол, скипидар, ширешу лок, дар саноати атриёт, инчунин пар­дозгарӣ истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]