Jump to content

Баласон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Балисон)

Баласон, балисон, ҳанут, дарахти миср — номи умумии як гурӯҳ дарахту буттаҳои тропикӣ ва суб­тропикӣ. Дар бешазорҳои Амрикои Ҷанубӣ (Myroxylon balsamum, M. peruiferum ва ғайра), қисми ҷан. ғарбии ним­ҷаз. Арабистон ва Сомалӣ мерӯянд. Дарахтони ҳамеша­сабз буда, то 30 м қад мекашанд. Баргашон пармонанд, гулашон сафед. Самари Б. ғилофак (дарозиаш 7–11 см) буда, як тухм дорад. Мағзи чӯби Б. ҷигарии сиёҳтоб аст ва дер мепӯсад.