Бандпойҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бандпоён)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Бандпойҳо
Arthropoda.jpg
Бандпоён
Таснифоти илмӣ
Номи байналмиллалии илмӣ

Arthropoda Siebold, 1848[1][2]

Зертипҳо
Wikispecies-logo.svg
Систематика
дар Викинамуд
Commons-logo.svg
Акс
дар Викианбор
ITIS   82696
NCBI   6656
EOL   164
FW   18891

Бандпойҳó (лотинӣ: Arthropoda, аз юн.-қад. ἄρθρον) — типи ҷонварони бемуҳра. Қариб 2 млн намуд доранд.

Паҳншавӣ[вироиш]

Дар Тоҷикистон тақрибан 10 ҳазор намуди бандпойҳо маълум аст. Бандпойҳо дар ҳаво, замин ва об зиндагӣ мекунанд. Баъзеашон алафхӯр, даранда ва баъзеи дигарашон паразитанд. Авлоди қадимаи бандпойҳо ҳалқакирмҳои баҳрӣ ба шумор мераванд. Харчангу тортанакшаклҳо, ҳашарот ва бисёрпойҳо синфҳои асосии бандпойҳо мебошанд. Тани бандпойҳо аз се қисм (сар, сина ва шикам) иборат аст. Бисёр вақт қисми сина бо сар васл шуда, сарсинаро ҳосил мекунад (масалан, дар тортанакшаклҳо, харчангҳои даҳпой ва ғайра). Пойҳои бандпойҳо эҳтимол дар аввал душоха будаанд. Ин аломат, ки масалан, хосси трилобитҳои давраи палеозой буд, дар харчангшаклҳои имрӯза низ боқӣ мондааст. Бадани бандпойҳо бо кутикула, ки сипари муҳофиз ҳосил мекунад (ба он мушакҳо часпидаанд), пӯшида шудааст. Бинобар ин, инкишофи бандпойҳо ба таври даврӣ дар фосилаи ба кутикулаи нав иваз шудани кутикулаи кӯҳна ба амал меояд. Силсилаи асаби бандпойҳо аз се ҷуфт ганглия (мағзи сар) ва асаби шикам иборат мебошад. Бандпойҳо бо узвҳои махсус нафас мегиранд, ки рӯйи онҳо кутикулаи нафис дорад. Дар бандпойҳои обӣ ғалсама вазифаи узви нафасгириро иҷро мекунад. Узвҳои ҳисси бандпойҳо хуб инкишоф ёфтаанд. Бандпойҳо бо таври ҷинсӣ, одатан, бо роҳи бордоршавӣ ва партеногенезӣ (як шакли афзоиши ҷинсии организмҳо, ки ҳангоми он ҳуҷайраҳои ҷинсии модина бидуни бордоршавӣ инкишоф меёбанд) афзоиш мекунанд[3].

Таснифот[вироиш]

Таснифи бандпойҳо гуногун аст. Дар асоси яке аз онҳо бандпойҳо ба чор зертип тақсим мешаванд:

  1. Трилобитшаклҳо (Trilobitomorpha), бо синфи мунқаризи трилобитҳо;
  2. Хелисераҳо (Chelicerata), бо синфҳои меристомаҳо ва тортанакшаклҳо;
  3. Ғалсаманафасҳо (Branchiata), бо синфи харчангшаклҳо;
  4. Трахеянафасҳо ё ҷуфтмӯйлабҳо (Tracheata ё Atelocerata), бо синфҳои бисёрпойҳо ва ҳашарот.

Бисёр бандпойҳо ҷонварони муфид мебошанд. Онҳоро дар ғизо истифода мебаранд (масалан, харчангҳо); аз баъзе бандпойҳо (ору, кирмак) маҳсулоти пурбаҳо, масалан, асал, мум, абрешим ва ғайра мегиранд. Бандпойҳои зараррасон низ мавҷуданд (масалан, гамбуски колорадоӣ, малах, канаи хоришак, кайк, шабуш ва ғайра). Баъзе бандпойҳо ангезандаи бемориҳоро интиқол медиҳанд (кӯрпашшаҳо, канаҳо ва ғайра).   

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи siebold ворид нашудааст
  2. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи hegna ворид нашудааст
  3. ЭМТ, Ҷ. 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: СИЭМТ, 2013, - с.337 // С. Муҳиддинов.


Адабиёт[вироиш]

  • Биологический энциклопедический словарь под редакцией М. С. Гилярова и др., М., изд. Советская Энциклопедия, 1989.
  • Клюге Н. Ю. 2000. Современная систематика насекомых. Принципы систематики живых организмов и общая система насекомых с классификацией первичнобескрылых и древнекрылых. СПб.: Изд-во «Лань». 336 с.
  • Заренков Н. А. Ракообразные. Часть I. — М.: Изд-во Моск. ун-та, 1982. Часть 2. — М.: Изд-во Моск. ун-та, 1983.
  • Шаблон:ВТ-ЭСБЕ
  • Gould, S. J. (1990), Wonderful Life: The Burgess Shale and the Nature of History, Hutchinson Radius, ISBN&nbsp;0-09-174271-4&nbsp;
  • Ruppert, E. E., R. S. Fox & R. D. Barnes (2004), Invertebrate Zoology (7th ed.), Brooks/Cole, ISBN&nbsp;0-03-025982-7&nbsp;

Сарчашма[вироиш]


Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.