Jump to content

Владимир Барботко

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Барботко Владимир)
Владимир Барботко
Таърихи таваллуд: 21 август 1927(1927-08-21) (97 сол)
Касб: ҳунарпешаи театр

Барботко, Владимир Иосифович (тав. 21. 8. 1927, шаҳри Анжеро – Суҷенски вил. Кемеровои Федератсияи Россия – 1994) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1977).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи студияи театрии шаҳри Навосибирск (1944). Актёри Театри марказии Артиши Шӯравӣ (1941–51) ва театри шаҳри Клайпедаи Литва (1951–57). Аз соли 1957 дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковскийи шаҳри Душанбе кор кардааст.

Нақшҳои офаридаи Барботко асосан мазҳакавӣ ва драмавианд. Қаҳрамонҳои ӯ шахсони қавиирода, зиндадил ва серҳаракатанд (монанди старшина Задорнов аз «Уқёнус»-и Г. Штейн ва прораб Вано аз «Муқаддима»-и Ш. Қиёмов). Қобилияти актёрии ӯ дар нақшҳои Прошка («Достони сеюми муассир»-и Н. Погодин, 1977), соатсоз («Соати бурҷи Кремл»-и Н. Погодин) зоҳир гардидаанд. Б. дар театру кино зиёда аз 170 нақш бозидааст: Нақшҳои беҳтаринаш дар театр: Стасис («Ба хотири писарам»-и К. Штайло, 1952), Перчихин («Дар қаър»-и М. Горкий, 1953), Фестеи ширинкор («Шаби дувоздаҳум»-и В. Шекспир, 1955), капитан Егорович («Падари худро пос дор»-и Б. Лаврентев), Хокироҳ («Уқоб»-и С. Сафаров, 1976), Наум Естегнеевич («Хислатҳо»-и В. Шукшин, 1977), Костилёв («Дар қаър»-и М. Горкий, 1977) ва ғ. Б. дар саҳнаҳои аз рӯйи асарҳои драматургони тоҷик таҳияшуда низ як зумра нақшҳо офаридааст: Абутоҳир («Табиби ҳозиқ»-и С. Улуғзода ва В. Виткович, 1980), Ӯктам («Фармон медиҳам ба ҳуҷум гузаред»-и А. Ғаффоров ва П. Чумаченко), Камолота («Аҷоибот дар меҳмонхона»-и Ф. Тошмуҳаммадов, 1986) ва ғ. Дар филмҳои тоҷикӣ низ иштирок кардааст: суратгир Пётр-ака («Духтари сеюм», 1972), пешхизмат («Асрори аҷдодон», 1973), Ефремов («Ман сарҳад», 1974, «Тоҷиктелефилм») ва ғ. Бо медалҳо сарфароз гардидааст.