Барги Декарт
Барги Декарт — хатти каҷи ҳамвори тартиби сеюм, ки дар низоми росткунҷа муодилаи ро қаноат мекунад. Параметри ҳамчун диоганали квадрате, ки тарафаш ба хордаи калонтарини ҳалқа баробар аст, муайян карда мешавад.
Дар низоми координатаҳои росткунҷа бо муодилаи зерин ифода меёбад. Хатти рости асимптотаи Барги Декарт мебошад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Муодилаи хатти каҷро бори аввал соли 1638 Рене Декарт таҳқиқ кард. Лекин ӯ ҳалқаро танҳо дар кунҷи координатии якум, ки дар он x ва y қиматҳои мусбатро соҳиб мешаванд, тасвир намуд. Декарт тахмин кард, ки ҳалқа дар ҳар чоряки координата ба намуди чор барги гул симметрӣ такрор меёбад, дар он замон ин гуна хатти каҷ «гули ёсуман» (англ. jasmine flower, фр. fleur de jasmin) номида мешуд. Дар намуди кунуниаш ин хатти каҷро бори нахуст соли 1692 Христиан Ҳюйҳенс пешниҳод кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Барги Декарт // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.