Jump to content

Барион

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Барионҳо)

Барионҳо (аз юн. βαρύς — вазнин) — оилаи зарраҳои бунёдӣ, фермионҳои таъсири мутақобилаашон зӯр, ки аз се кварк иборатанд (мавҷуд будани бариони дорои 5 кварк ва аз он зиёд тахмин карда мешавад, вале ҳоло исбот нашудаааст). барион якҷоя бо мезонҳо (охирӣ аз ду кварк иборат мебошанд) гурӯҳи зарраҳои бунёдиеро ташкил медиҳанд, ки дар таъсири мутақобилаи зӯр иштирок мекунанд ва адронҳо номида мешаванд. Ба барионҳои асосӣ дохил мешаванд (бо мурури афзоиши масса): протон, нейтрон, лямбда-гиперон, сигма-гиперон, кси-гиперон, омега-гиперон. Массаи омега-гиперон (3278 массаи электрон) аз массаи протон қариб 1,8 маротиба калон аст. Барионҳои нисбатан устувор протону нейтрон буда, якҷоя нуклонҳоро ташкил медиҳанд. Протон мутлақ устувор буда, нейтрон бета-коҳиш мешавад, ки умраш ба 1000 с наздик аст. Бариони нисбатан вазнин дар муддати аз 10-23 то 10-10 с коҳиш меёбад. Спини кварку антикваркҳо ба 1/2 баробар аст, аз ин рӯ спини барион низ нимбутун шуда метавонад. Дар ҳама реаксияҳо бо иштироки барион ва коҳиши онҳо ҷамъи адади барион доимӣ мемонад. Яъне миқдори барион дар ҳама гуна таъсири мутақобил бетағйир аст. Барионҳо фақат дар вақти бархӯрд бо антибарион «маҳв мегарданд». Якҷоя бо ҳолатҳои ангезишёфтаи кӯтоҳумри нуклонҳо ба гурӯҳи N-барионҳо дохил мешаванд. Бариони дорои ақаллан як кварки аҷиб гиперон номида мешавад.

  • Вяльцев А. Р. Открытие элементарных частиц. Нуклоны и антинуклоны. М., 1984. А. Комилӣ.