Бароҳин дар илми калом (асар)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

«Бароҳин дар илми калом» (форсӣ: براهین در علم کلام‎) — яке аз асарҳои Фахруддини Розӣ дар фалсафаи калом.

Муаллиф ҳамчун мутакаллими бузурги замони худ бо супориши яке аз ҳокимони Мовароуннаҳр — Сом ибни Муҳаммад китоби мазкурро таълиф кард ва дар муқаддимаи он сабаби навиштани ин китобро чунин шарҳ додааст: «Хосса дар ин рӯзгор, ки анвои бидъатҳо зоҳир шудааст ва аксари халқ динро доми дунё карда, пас ба ҳукми Султони ислом ин китоб ба забони форсӣ навишта шуд ва дар вай он чи лоиқ буд аз далелҳои қатъӣ таҳрир карда омад». «Бароҳин дар илми калом» як навъ ҷамъбасти донишҳои каломӣ то замони муаллиф будааст ва аз ин рӯ, Розӣ дар ҷойи дигари ин китоб навишта, ки «қадри ин китоб он кас донад, ки он чи пеш аз ислом ва баъд аз ислом дар илми калом сохта шудааст, мутолиа карда бошад ва тафовут байни арбоби ифтор ва асҳоби афкор бидонад». «Бароҳин дар илми калом» муҳимтарин масъалаҳои назариявӣ, аз қабили ҳақиқати олам, моҳият ва вуҷуд, илал ва маълул, ҷавҳар ва араз, моддаю сурат, ҷисм, ҳаракат, макону замон, ҷавҳарияти нафс, маводди ҷисмонӣ, бақои арвоҳ, ҷабр ва ихтиёрро, ки дар ҳалли онҳо файласуфони ҷараёнҳои гуногуну мазҳабҳои мухталиф бо якдигар дар мунозира буданд, дар бар мегирад.

Фахруддини Розӣ масоили мазкурро аз мавқеи фалсафии калом шарҳу эзоҳ дода, бар хилофи ақидаи файласуфоне чун Ибни Сино, ки тамоюли таълимоташон материалистона буд, ғояи офарида шудани оламро тарафдорӣ кардааст. Ба ақидаи ӯ, олам муҳдас аст ва муҳдасро муассире бояд қадим…, таъсири он муассир дар вуҷуди олам… бар сабили эҷод нест, балки бар сабили қудрат ва ихтиёр аст…, қудрати бори таоло асаркунанда аст ҳам дар мавсуф шудани моҳиёти ашё ба вуҷуди ашё"

Ин нуқтаҳо дар заминаи аҳкоми исломи рошидӣ матраҳ шудаанд ва аз ин рӯ, интиқоди назари муътазилаю файласуфони ақлгаро бештар мушоҳида мешавад, ки ин масоил дар асари дигари ӯ «Мабоҳису-л-машриқийин» бештар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • علی أسغر حلبی، تاریخ علوم کلام در ایران و جهان اسلام، تهران، ۱۳۸۲

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]