Басенҷӣ
Басенҷӣ — яке аз қадимтарин зотҳои саг, ки тақрибан 5000 сол пеш дар минтақаи Африқои Марказӣ пайдо шудааст. Ҷолибаш ин, ки ин зоти саг аккос намезанад, балки танҳо садоҳои ба Басенҷӣ хосро медиҳад, ба монанди ғурриш, аммо онҳо танҳо ҳангоми ба ҳаяҷон омаданашон ба гӯш мерасанд. Хусусан пас аз давраи гузариш, дар синни яксолагӣ, қобилияти сурудхониро ба тариқи Тирол (йодел) инкишоф медиҳанд. Инчунин як хусусияти ин сагҳо дар он аст, ки узвҳои пешонӣ ва думи зич чингшуда доранд. Сагҳои ин зот бӯйи бад намекунанд ва аксар вақт худро бо панҷаҳои худ, монанди гурба мешӯянд. Ин зоти саг гипоаллергенӣ ҳисобида мешавад.[1]
Хусусиятҳои Басенҷӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баландӣ — нарина 43 см, модина 40 см.
- Вазн — нарина 11 кг, модина 9,5 кг.
- Рангҳои Басенҷӣ — 4 навъи ранг ба зоти саги Басенҷӣ вуҷуд дорад: сурх бо сафед; сиёҳ бо сафед; сиёҳи амиқ бо зарди сурх, бо аломатҳои боло аз чашм, дар рӯй ва устухонҳои рухсор; рахҳои сиёҳ дар заминаи сурх.
Хислатҳои Басенҷӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Басенҷӣ саги доно ва кунҷкоб аст, хислати ҷолиб ва бисёрҷанба дорад. Ба худ боварӣ дошта бошад ҳам вай ором аст, одатан худро ҳамчун ҳайвони меҳрубон аммо на он қадар осон, муаррифӣ мекунад. Басенҷӣ барои соҳибони худ азиз, вафодор ва итоаткор аст, аммо то чи андоза ҳассос аст ва муносибати дағалона метавонад ӯро тарсонад ва ё саркаш кунад. Басенҷӣ саги ҳушёр аст ва хуб ғамхорӣ мекунад, қарорҳои мустақил мебарорад. Машғулият бо Басенҷӣ бениҳоят муҳим аст, то саги оқил худро бароҳат ҳис кунад.[2]