Ранг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Рангҳо


Ранг - хислати таври оптикӣ электромагнити буда, ин ҳиссиётест, ки ҳангоми нурҳои ранга ба чашми инсон меафтад. Дар асоси ба вуҷудоии ҳиссиёти физиологии биниш ва вобастаги аз як қатор факторҳои физикӣ, физиологӣ ва психологӣ, кабул кардани ранг муайян карда мешавад.

Хусусияти рангҳо[вироиш]

Барои фарқ кардани ранг ба ҳар як шахс сохти чашм ва хусусиятҳои меъросии чашм ва психика муҳим аст, то ин ки вай рангҳоро фарқ карда тавонад. Таъсири як ранг дар байни як чанд одамон ҳиссиёти гуногунро нишон медиҳад ва ба ҳар кадоми онҳо ранг гуногун менамояд. Аз ин ҷо баҳсе ки «дар ҳақиқат кадом ранг аст?» бе фоида аст, чунки барои ҳар як бинанда ҳақиқат он рангест ки вай худаш мебинад. Рангҳо мешаванд: беранг, шаффоф, серанг, таҳлилӣ спектрӣ ва ғайри спектрӣ. Нурҳои ултро бунафш: сиёҳ, хокистарранг, нуқрагун, сафед, тиллои, хурмои, қахваранг, шамуа, зайтуни, ботлоқи, сабзгун, тсиан (бе ранг), сабзтоби шаффоф, фирузаранг, садбарги, ҳамранги қулфинай, сурхи сиёҳтоб, сурхи баланд, лолагун, суп сурх, қирмизи, олуранг, хоки ранг, кахваранг.

Аз қадим одамон барои фарқияти рангҳо аҳамияти хоса зоҳир мекарданд. Дар астрологияи нурҳои офтоб 7 ситораро ба ҳафт ранг мансуб мешуморанд:

ранги сурх – Марс,
ранги кабуд – Венера,
ранги зард – Сатурн,
ранги арғувон – Юпитер,
ранги зарди сурхтоб – Офтоб,
ранги бунафш – ранги Моҳ.

Рангҳо на танҳо рамзи сайёраҳо буданд ва боз ҳолати иҷтимоӣ ва ҳолатҳои гуногуни равонии одамонро ифода мекарданд. Халқиятҳои гуногун рамзҳоеро бо рангҳои ифодакунандаи марзу бумашон истифода мекунанд. Масъалан дар Чин одами кушод ва содиқро «Дили сурх» мегӯянд.

Маънои рангҳо[вироиш]

  • Сурх – пеш аз ҳама хун ва оташро ифода мекунад. Хурсандӣ, зебоӣ, муҳаббат, саодатманди ва ҳаёт.
  • Сафед – тозагӣ, поки, хурсанди, накукори, ҳақиқи, самими, бахт.
  • Сабз – ороми, ҷавобгари.
  • Сиёҳ – ҷидди, тираги, нобовари, бадбахти, ғам, андуҳ, марг.
  • Зард – фиреб, дард, ҷудои, ҳисси гарми, ороми, бехатари.
  • Кабуд – ҷовидони, неки, бовари, доими.

Рангҳоро барои ҳалл кардани проблемаҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст. Мехоҳед, ки шуморо бо диққат гӯш кунанд? Пас либосҳоеро ба бар намоед, ки ранги кабуди серрангро дошта бошанд. Руҳафтодагиро бошад бо пушидани либосҳои серранг бартараф кардан мумкин аст. Дар беморхонахо ранги либос ин ба ҳолати бемор метавонад ҷавобан таъсир расонад.Дар шуъбаи кардиология ранги сабз кори дил ва роҳҳои нафаскаширо хуб мекунад. Дар утоқи шифоёбандагон ранги сурх хуб аст. Барои беморони асаб рангҳои кабуд, садбаргӣ, зард ва осмонӣ тавсия мешаванд. Дар шӯъбаи сироятӣ ва инчунин беморони фишорашон баланд мебошад, кабуди пастранг беҳтар аст. Ранги сурх шамолхуриро бартараф мекунад.

Адабиёт[вироиш]

  • .Артюшин Л. Ф., Основы воспроизведения цвета в фотографии,кино и полиграфии, М., 1970;
  • .Гуревич М. М., Цвет и его измерение, М. — Л., 1950;
  • .Кустарёв А. К., Колориметрия цветного телевидения, М., 1967;
  • .Ивенс Р. М., Введение в теорию цвета,пер. с англ., М., 1964;
  • .Петрушевский Ф. Ф.Цвет тел//Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона: в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  • .Шерцль В. И.,О названиях цветов// «Филологические записки», Воронеж,1873.
  • .Уилан Б., Гармония цвета: Новое руководство по созданию цветовых комбинаций / Б. Уилан; Пер. с англ. Г. Щёлоковой. — М.: ООО «ИздательствоАстрель»: ООО «Издательство АСТ», 2005;
  • .Яковлев Б., Цвет в живописи // Художник. 1961, № 3. С.27-31.
  • .Wyszecki G., Stiles W. S., Color science,N. Y. — L. — Sydney, 1967.
  • .Deane B.Judd and Gunter Wyszecki — Color in business, science and industry 1975,ISBN 0-471-45212-2