Оташбор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Батарея)

Оташбор (форсӣ: آتشبار‎) — ягоне роҳкунишӣ ва иҷроӣ дар воҳидҳои оташборгон, ки дар ягонҳои пиёда ва дигар растаҳои низомӣ баробар бо вашт аст ва маъмулан чаҳор тӯпро дар бар мегирад[1].

БАТАРЀЯ, ҳарбӣ (фр. batterie, аз batter – задан), қисми ҳарбии асосии оташфишони артиллерӣ. Батареяҳо алоҳида (масалан, Батареяи полк, Батареяи артиллерияи соҳилӣ) ва ё дар ҳайати дивизион (полк)-ҳои артиллерӣ буда метавонанд. Дар ибтидо мафҳуми Батарея миқдори муайяни тӯпҳои дар як мавқеъ ҷойгирифтаро ифода мекард (масалан, Раевский дар Муҳорибаи Бородино). Дар Россия ҳамчун воҳиди штатии оташфишонӣ аз соли 1833 (бар ивази ротаи артиллерӣ) ҷорӣ шуд. Батареяи артиши замони ҳозира аз 2–3 взводи оташфишон, взводи идоракунӣ ва 2–6 тӯп (миномёт) иборат аст. Қисмҳои инктишофоти топографӣ, садометрӣ ва оптикиро низ Батарея гӯянд.


Намудҳои оташбор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • оташбори парведори абзории оташборгон
  • оташбори парведори савтсанҷӣ
  • оташбори мутуркашиш
  • оташбор дар мавзеъи оташӣ
  • оташбори хадамотрасонӣ
  • оташбори пуштибонӣ
  • оташбори ҳидоят
  • оташбори соҳилӣ
  • оташбори маҳмул
  • оташбори тӯпвор
  • оташбори кӯҳистонӣ
  • оташбори ҳавогардзан
  • оташбори сайёр
  • оташбори фиребанда
  • оташбори хумпораандоз
  • оташбори мустақил
  • оташбори танкзан
  • оташбори тӯпи лӯладароз
  • оташбори мушакӣ
  • оташбори тӯпи салом
  • оташбори собит
  • оташбори қароргоҳ[2]


Манбаъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Персидско-русский и русско-персидский военный словарь [Текст] : [Около 20 000 терминов] / Сост. канд. филол. наук Г. Г. Алиев ; Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. – Москва : Воениздат, 1972. – 655 с.
  • Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – саҳ. 43

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 7 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  2. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь [Текст] : [Около 20 000 терминов] / Сост. канд. филол. наук Г. Г. Алиев ; Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. – Москва : Воениздат, 1972. – 655 с.; – с. 335-336