Jump to content

Баёнқул Облоқулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баёнқул Облоқулов
Таърихи таваллуд 15 март 1939(1939-03-15) (85 сол)
Зодгоҳ деҳаи Моғиён , ноҳияи Панҷакент
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1978)

Баёнқул Облоқулов (зод. 15 марти 1939, деҳаи Моғиён , ноҳияи Панҷакент) — ҳунарпешаи теартр ва овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1978).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷандро (1962) ба поин оварда, дар ноҳияи Панҷакент ба сифати директори Мактаби мусиқӣ, директори Хонаи маданият, роҳбари мусиқии Театри халқӣ кор кардааст. Ба дилбохтагони санъат овози хушу форамаш солиён боз лаззати маънавӣ мебахшад. Ба интихоби шеър, мазмун, оҳанг диққати хос медиҳад. Хусусан сурудҳои классикиро бо шавқи зиёд мехонад. «Вафо бошад», «Лаъли хандонам ба ҷон», «Теғи нигоҳ», «Дугоҳ», «Тоҷикистон», «Ба чашм», «Субҳи дигар», «Ормони дил», «Дӯстӣ», «Интизорӣ», «Илоҷам чист» аз беҳтарин таронаҳояш ҳастанд. Дар пйесаҳои Театри халқии ноҳия як силсила нақшҳои хотирмон бозидааст.

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.