Бақо, Мирбақохоҷаи Мираконӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бақо, Мирбақохоҷаи Мираконӣ
Навъи фаъолият: шоир

Бақо Мирбақохоҷаи Мираконӣ (с. тав. ва ваф. но­ма­ълум) — шоири тоҷик (а. 19).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар қасабаҳои наздики Бухоро, дар хонадони содот (саййидон), ба дунё омадааст. Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кар­да, улуми мутадовилаи дав­рашро омӯхтааст. Тазкирани­гор Қорӣ Раҳ­матуллоҳи Возеҳ аз ӯ чун шахси фозилу донишманд, дӯстдори мусоҳибати аҳли фазлу камол ёд мекунад. Монанди аҷдоди худ дар мансабҳои давлатӣ хидмат мекард. Ашъораш дар анвои шеърии қасида, ғазал, рубоӣ ва ғ. ба воситаи тазкираҳову баёзҳо боқӣ мондаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Оҳ аз савдои ҳасратмояи нобуди ман,
Ҷуз зиён пайдо намегардад дигар аз суди ман!
Як шарар дилгармие аз оташам пайдо нашуд,
Оламеро ашки ҳасрат об кард аз дуди ман...

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абибов А. Ганҷи Зарафшон. Д., 1991.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]