Jump to content

Баҳри сиёҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Баҳри Сиёҳ)
Баҳри сиёҳ
?
Характеристики
Длина береговой линии3 400 км
Наибольшая глубина2 210 м
Средняя глубина1 240 м
К:Карточка ВО: Викиданные: заполнить: категория бассейнаБассейнболее 2 млн км²
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Баҳри сиёҳ — баҳри миёназаминии Уқёнуси Атлантик, дар соҳилҳои Русия, Украина, Руминия, Булғористон, Туркия ва қисман Гурҷистону Абхозистон.

Номи қадимиаш Понти Эвксин (юн.-қад. Πόντος Ἄξενος, «баҳри номеҳрубон»), бо ақидае аз забони порсии қадим, яъне ибораи Ахшаяна (*axšaina) баромада, маънои баҳри тираро дорад.

Баҳри сиёҳро дар Шим. Ш. гул. Керч бо Баҳри Азов, дар Ҷ. Ғ. гул. Босфор бо Баҳри Мармар ва гул. Дарданелл бо Баҳри Миёназамин мепайвандад. Масоҳ. 422 ҳазор км², дарозиаш 1150 км, бараш 580 км. Сатҳи умумии умқаш 1240 м, ҷойи амиқтаринаш — 2245 м. Дарозии хатти соҳил — 4090 км. Соҳилҳо дар Ғ. ва Шим. Ғ. пасту ҳамвор ва баъзан баландии ҷаридор, дар Ш., Ҷ. ва қисми ҷанубии нимҷаз. Қрим баланди кӯҳсор аст. Халиҷҳои калонаш: Ягорлис, Тендров, Ҷарилгач, Каркинит, Каламит, Феодосия (Украина), Варнен, Бургас (Булғория), Синоп, Самсун (дар қисми ҷанубии баҳр-дар Туркия). Ҷазираҳояш каманд, калонтаринашон Ҷарилгач (62 км²), Березон ва Змеиний. Ба Баҳри сиёҳ д-ҳои калони Дунай, Днепр, Днестр, д-ҳои хурди Мзимта, Псоу, Бзиб, Риони, Кодор, Ингури (дар қисми шарқӣ), Чорох, Қизилирмоқ, Ешилирмоқ, Сакар (дар Ҷ.) ва Буги Ҷанубӣ (дар Шим.) мерезанд.

Иқлими Баҳри сиёҳ континенталӣ аст (дар Шим.-муътадил, дар Ҷ.-субтропикӣ). Ҳарор. миёнаи янв. дар Шим. Ғ. −2,60, −30С, дар соҳили Қрим 3,70С, дар Ҷ. Ш. ва Ҷ. 60 — 90С. Тобистон ба Баҳри сиёҳ антисиклони Азор таъсир мекунад. Соҳилҳои Қафқоз ва соҳили ҷанубии Қримро кӯҳҳо аз бодҳои сарди шимолӣ ҳимоят мекунанд, аз ин рӯ иқлими ин ҷойҳо нар-ми баҳримиёназаминӣ аст. Ҳарор. миёнаи июл 22-250С, баландтаринаш 370С. Боришоти солона дар Ғ. ва Шим. Ғ. 300—500 мм, дар Ш. ва Ҷ. Ш. то 1500—2500 мм. Зимистон ҳарор. об дар баҳри кушод 6-80С, дар Шим. Ғ. ва ҷанубтар аз гул. Керч то −10С паст мешавад ва об ях мебандад. Тобистон ҳарор. об 220—250 С, дар тунукобаҳо то 280С. Шӯрии қабати болои об қариб 18 %, дар наздикии резишгоҳи дарёҳо шӯрии он пасттар мешавад. Оби баҳр дар умқи зиёда аз 150 м гидрогенсулфид дорад (дар 1 л об 5-7 см3), дар ҷойҳои амиқтаринаш организмҳои зинда мавҷуд нестанд (ба ғайр аз бактерияҳои анаэробӣ).

Набототу ҳайвонот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Баҳри сиёҳ 270 намуди обсабзҳо ва рустаниҳои гулдор, қариб 2500 навъи ҳайвонот, 180 навъи моҳию наҳанг, инчунин 200 навъи моллюскҳо мавҷуданд. Аз Баҳри сиёҳ бештар шӯрмоҳӣ, суфмоҳӣ, симмоҳӣ, анчоус, зағутамоҳӣ, гулмоҳӣ, кефал шикор мекунанд. Баҳри сиёҳ аҳаммияти ҳарбӣ ва нақлиётӣ дошта, қисми зиёди содироту воридоти мамлакатҳои дар соҳилҳои он воқеъ ба воситаи бандарҳои он ба амал бароварда мешаванд. Бандарҳои бузургаш: Одесса, Иличёвск (Украина), Новороссийск (Россия), Поти, Батуми (Гурҷистон), Константа (Руминия), Варна, Бургас (Булғория), Синоп, Трабзон (Туркия). Баҳри сиёҳ яке аз минтақаҳои бузурги истироҳатии Авруосиё буда, дар соҳилҳои он осоишгоҳҳои Одесса, Евпатория, Ялта, Феодосия, Сочи, Гагра, Сухуми, Батуми ва Анапа ҷойгиранд.

Номи пешинаи Баҳри сиёҳ аз рӯйи нигориши Ҳеродот Понти Эвксин будааст, ки дар моварои он киштиҳои тиҷоратӣ ва роҳзанҳои баҳрии юнониёну финикиҳо, инчунин сафинаҳои ҷангии империяҳои Ҳахоманишиён, давлатҳои юнонии Афинаву Спарта ва киштиҳои тиҷоратию ҳарбии Византия дар гардиш будааст. Тоифаи сершумори скифҳои ориётабор, бахусус қабилаи сарматҳо, дар атрофи рӯдхонаҳои Истра (Дунай), Борисфен (Днепр) ва Танаис (Дон), ки асосан аз Баҳри сиёҳ ҷорӣ мешудаанд, буду- бош доштаанд. Аз рӯйи маълумотҳои таърихӣ Дорои Бузург (522—486) ҳангоми лашкаркашиҳояш ба сарзамини скифҳо с. 514 то м. аз рӯйи гул. Геллеспонт (Дарданелли ҳозира) зиёда аз сад киштиро тан ба тан ҷафс кардаву бо таноб пул баста, тавассути сафинаҳои ҷангиаш аз канораҳои Баҳри сиёҳ гузаштааст. Ҳамчунин, ҳангоми лакаркашиҳои писари Доро — Хшиёршоҳ (Ксеркс) (520—465 то м.) ба сарзамини Юнон (с. 481 то м.) аз гул. Босфор ва с. 480 аз гузаргоҳи Геллеспонт қариб бо ҳазор сафинаи ҷангӣ гузашта, бандарҳои канории Баҳри сиёҳро истифода кардааст. Ҳамчунин Искандари Мақдунӣ (336 −323 то м.) ҳангоми фатҳи Гиркания ва Порт ба Онесикрит ном олими кишваршиноси ҳамсафараш дастур додааст, ки роҳҳои киштигардӣ ва соҳилҳои бандарбоби Баҳри сиёҳ ва Баҳри Каспийро омӯзад. Дар аҳди давлатдории Сосониён, бахусус кишваркушоиҳои Хусрави Анӯшервон (531—579) ва Хусрави Парвиз (591—628), ки бо империяҳои Рум ва Византия барои ҳудудҳои ғарбии Арманистону диг. давлатҳои моварои Қафқоз ҷангу пархош доштанд, бандарҳои киштигардии Баҳри сиёҳро истифода намудаанд. Дар аҳди давлатдории Сомониён тоҷирони бохтарию суғдӣ ва хоразмӣ тавассути рӯдхонаи Аму аз бандарҳои Тирмиз, Чорҷӯй ва Хева ҳаракат карда, ба сӯйи бандаргоҳҳои Трапезунт (Трабзон) ва Неапол (Симферополи кунунӣ) меомаданд ва сипас, аз тариқи Баҳри Каспий ва Баҳри сиёҳ ба кишварҳои Русия, Византия, нимҷаз. Балкан ва соҳилҳои канории Туркия бору коло ва маводди зарурӣ мерасонданд. Бахусус, ҷомаҳои зардӯзии бухорӣ, аспҳои хушзоти хатлӣ, сангҳои гаронбаҳои лаълу лоҷвард, газворҳои пахтагин ва абрешимин дар бозорҳои Табрезу Аштархон хеле хушхарид буданд. Боиси таваҷҷуҳ аст, ки сайёҳи ҷаҳонгард Марко Поло (1254—1324) аз шаҳри Венетсия ба Баҳри сиёҳ омада (1295), аз роҳи корвонгузари Табрез сӯйи шаҳрҳои бостонии Бухоро, Самарқанд, Тирмиз, Ҳисор, Хатлон ва Балх сафар намуда, тавассути Бадахшон то сарзамини Чини кунунӣ расид. Дертар, ҳангоми кишвардории Амир Темур нуфузу шуҳрати Самарқанд даҳчанд афзуда, роҳҳои тиҷоратию киштигард аз тариқи баҳрҳои Каспий ва Сиёҳ вусъат меёбад. Хулоса, Баҳри сиёҳ ҳамчун баҳри барои киштигардӣ мусоид аҳаммияти зиёди тиҷоратӣ ва ҳарбӣ дошта, бахусус, ҳангоми ҳукмронии султонҳои усмонӣ боиси набардҳои хунин ва муноқишаҳои шадиди Русия, Эрон, Рум ва Византия гаштааст. Махсусан, ҳангоми ҷангҳои якум (1914-18) ва дуюми ҷаҳонӣ (1939 −45) киштиҳои ҳарбии империяҳои Русия, Англия, Олмон, Туркия, Эрон ва диг. давлатҳои атрофи Баҳри сиёҳ мехостанд мавқеи стратегӣ ва нуфузи худро дар ҳудуди ин баҳр устувор намоянд. Дар замони мо ҳудудҳои Баҳри сиёҳ асосан зери васояти давлатҳои Русия, Туркия, Украина ва диг. давлатҳои нимҷаз. Балкан қарор дошта, ҳамчун шоҳроҳи азими киштигардӣ, тиҷоратӣ ва стратегӣ истифода мешавад.