Jump to content

Баҳроми Чӯбин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Баҳроми Чӯбина)
Баҳроми Чӯбин
Vərahran Chobinəq
Тасвири баҳроми Чӯбин дар тангаи нуқра
Тасвири баҳроми Чӯбин дар тангаи нуқра
шоҳаншоҳи сосонӣ
590 — 591
Пешгузашта Ҳурмузди IV
Ҷонишин Хусрави II Парвиз

Таваллуд асри VI
Даргузашт 592
Дудмон хонадони Меҳрон[d]
Падар Баҳроми Гушнасп
Ҳамсар Гурдия
Фарзандон Меҳрони Баҳроми Чӯбин
Эътиқод маздаясно
Рутба Сипаҳбад[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Баҳроми Чӯбин, Баҳроми Чӯбина, Баҳроми VI (паҳлавӣ: ; форсӣ: بهرام چوبین‎, кушта дар 592) — шоҳаншоҳи Эрон аз хонадони Меҳрон (590591), яке аз шахсиятҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, сарлашкар.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳроми Чӯбин писари Баҳроми Гушнасп аз хонадони Меҳрон, яке аз ҳафт хонадони мумтози Соcонӣ буд. Баҳром аз мардуми Малоир буд.

Баҳром дар қиссаву ривоёт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар қиссаву ривоятҳои қадими эронӣ оид ба ин шахсият, маънии номи ӯ ва воқеаҳои аз сар гузаронидааш матлабҳои зиёде мавҷуданд. Номи Баҳроми Чӯбинро. аз зӯбин, жӯбин — силоҳи ҷангӣ, аз шӯб — дастор, сарбанди сурх, сурхкулоҳ, шӯб — ошӯб, ошӯбгар донистаанд. Аз тасвири Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бармеояд, ки Баҳроми Чӯбин марди қаддарози хушкандом буд ва метавон гуфт лақаби Чӯбина гирифтанаш аз ҳамин ҷо сар задааст.

Гузаштагони Баҳроми Чӯбин ҳукмронони шаҳри Рай буданд. Шаҷараи авлодии онҳо ба сулолаи Ашкониён мерасид. Прототипи қаҳрамони Фирдавсӣ шахси таърихӣ, сарлашкари шоҳи Сосониён Ҳурмузди IV (ҳукмр. 579—590) Баҳроми Чӯбин (ваф. тақр. 592) мебошад. Бо вуҷуди он ки Фирдавсӣ аз воқеаҳои таърихӣ сухан кардааст, дар нигоштаҳои ӯ оид Баҳроми Чӯбин лаҳзаҳои афсонавӣ, ривоятҳо ва ғ. кам нестанд. Ба Эрон шоҳи туркон ҳуҷум кард. Ҳурмузд бо маслиҳати Меҳронситод ном мӯбади пир Баҳроми Чӯбинро ба дарбори худ хонд ва ӯро ба муқобили шоҳи туркон — Совашоҳ фиристод. Баҳроми Чӯбин Совашоҳро мағлуб намуд, вале дар тақсими молу ашёи ба ғанимат гирифташуда хасисӣ кард. Ҳурмузд ин корашро шоистаи мардон надониста, ба ӯ ҷомаи занона фиристод. Баҳроми Чӯбин он ҷомаро пӯшида, ба назди лашкариёнаш баромад. Лашкариён аз ин кори Ҳурмузд ба хашм омаданд. Вақте зани соҳирае шоҳ шудани Баҳроми Чӯбинро пешгӯӣ кард, ӯ ба фик-ри ба даст овардани тоҷу тахт афтод. Пас аз ҷангҳо бо Хусрави Парвиз — писари Ҳурмузд, муддате дар як бахши Эрон подшоҳӣ низ кард, аммо Хусрав аз қайсари Рум ёрӣ хоста, Баҳроми Чӯбинро шикаст дод. Дар охири кор бо тадбири Хусрав Баҳроми Чӯбин ба дасти Қулун ном фиристодаи қотиле кушта шуд.

Баҳроми Чӯбин яке аз симоҳои пуртазоду фоҷиаангези офаридаи Фирдавсӣ мебошад. Баҳроми Чӯбин сарлашкари далер, ҳимоятгари ватан аз душманон аст. Фирдавсӣ аз ин ҷиҳат ӯро бо меҳру таваҷҷуҳи хоссае тасвир намудааст. Аммо тоҷу тахтхоҳии Баҳроми Чӯбин, даъвои шоҳӣ карданаш мақбули Фирдавсӣ нест. Аз забони хоҳари бо рою тадбири Баҳроми Чӯбин — Гурдия ин амали ӯ накӯҳиш шудааст. Азбаски Баҳроми Чӯбин аз дудмони шоҳон набуд, ӯ наметавонист ба тахти шоҳӣ соҳиб бишавад. Ин амалиёти номақбулашро худаш дарк мекард, вале алорағми беэътиноӣ ва беҳурматии шоҳ Ҳурмузд ӯ мехост барои шаъну эътибори худ то охир мубориза барад. Баҳроми Чӯбин чун шахси диловару ҷасур, ростқавлу поквиҷдон ва ҷӯяндаи ростӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мақоми арзанда дорад. Достони Баҳроми Чӯбин дар осори таърихии арабӣ ва форсии дарӣ низ омадааст. Дар бораи ӯ асаре бо номи «Баҳромичӯбиннома» ба забони паҳлавӣ — форсии миёна вуҷуд доштааст, вале он то замони мо нарасидааст. Аз эътибори баланди Баҳроми Чӯбин боз он гувоҳ аст, ки Сомониён худро аз дудмони ӯ медонистанд.

  • Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ. 9. Д., 2009;
  • حسین شهیدئ مازندرانی. فرهنگ شاهنامه. تهران، ۱۳۷۷ هـ. ش