Jump to content

Баҳси гурӯҳ:Зодагони вилояти Суғд

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
  • Мӯҳтарма устод Шухрат Саъдиев, масъалаи зодагон саросемагӣ каран даркор нест, чун ҳархела шуда истодааст. Мо бояд ба як хулосаи умумӣ биёем, ки чӣ тавр номгузорӣ кунем. Агар бе малол бошад фикри хуро нисбати зодагон ва фавтидагон баён мекардед. Бо эҳтиром--AryanSogd 16:52، 24 январи 2014 (UTC)
Ассалом! Мӯҳтарам корбар Мушфиқ. Азбаски дар ВК русӣ гурӯҳи "Родившиеся в Согдийской области" ва ғайра омадааст, зарур мешуморам,ки гурӯҳи "Дар вилояти Суғд таваллудшудагон", "... таваллудшудагон" на ин ки "Зодагони вилояти..." сабт карда шавад.

Бо эҳтиром Шӯҳрат С.

Ассалом! Як чанд вақт пеш ман гурӯҳҳои «Онҳое ки рӯзи ? таваллуд шудаанд», «Онҳое ки соли ? таваллуд шудаанд», «Онҳое ки дар ? таваллуд шудаанд», «Онҳое ки рӯз ? вафот кардаанд», «Онҳое ки соли ? вафот кардаанд», «Онҳое ки дар ? вафот кардаанд» эҷод кардам, сипас дар саҳифаи гурӯҳҳои дархостӣ, «Зодагони ? » ва «Фавтидагони ? » бозёфт карда аз эҷод кардан даст кашидам, чун рости гап гаранг шудам ва ҳамаи онҳо мантиқан дуруст ҳастанд. Акснун чӣ бояд кард, намедонам. Бо эҳтиром--AryanSogd 17:23، 24 январи 2014 (UTC)
P.S. Шояд ки «Зодаи шаҳри ?», «Зодаи рӯзи ?», «Зодаи соли ?», «Фавтида дар шаҳри ?» ва ғайра? Бо эҳтиром--AryanSogd 17:33، 24 январи 2014 (UTC)

Баҳси гурӯҳ:Дар вилояти Суғд таваллудшудагон (comment)

[вироиши манбаъ]

Дар ҳуҷчати ҶТ "Шаҳодатномаи таваллуд" чунин омадааст: дар шаҳри,деҳаи... вилояти ... таваллуд шудааст. Ин ибора гӯшхарош нест, мардум ҳам дар гуфтугузор бештар онро истифода мебарад. "Дар ..? фавтидааст"-ро ҳамчу калимаи заб. руси "погибшие в ...?" фаҳмидан мумкин аст. Ман бо забоншиносони Донишгоҳ маслиҳат карда бинам, ҷавобашро мегӯям. Бо эҳтиром Шӯҳрат С.

Мувофиқи дастур, дар номгузории гурӯҳҳо, мо бояд калимаҳои илмиро истифода барем, бинобар ин малиҳат дар донишгоҳ бисёр фикри хуб аст ва ман интизори хулосаи маслиҳати Шумо мешавам, то ки ҳамаро як хел кунем. Бо эҳтиром--AryanSogd 14:47، 25 январи 2014 (UTC)

Дар вилояти Суғд таваллудшудагон (comment)

[вироиши манбаъ]

Мӯҳтарам AryanSogd Ман бо забоншиносони Донишгоҳ маслиҳат кардам, бо профессор, д.и.ф. (Шореҳи ТВ "Баҳористон" - Баҳриддин Камолиддинов Устод ба хулоса омаданд, ки калимаи дар шаҳри, деҳаи... вилояти ... таваллуд шудагон ва дар шаҳри, деҳаи... вилояти ... вафот кардагон- ро дар ВК тоҷикӣ истифода бурдан хубтар аст. Мардуми мо дар навиштану гуфтугузор бештар ҳамин калимаҳоро истифода мебаранд.Шӯҳрат Саъдиев 06:44، 29 январи 2014 (UTC)

  • Набошад ҳамин тавр кардан лозим. Бо эҳтиром--AryanSogd 08:57، 29 январи 2014 (UTC)