Баҳси гурӯҳ:Таҷҳизоти кайҳонӣ
Зоҳир
Салом AryanSogd, Гурӯҳ:Фанноварии фазоӣ фикр мекунам хубтар аст. Технология - Фанноварӣ аст --ibrahim (talk) 11:02، 28 январи 2014 (UTC)
- Ассалом. Аз рӯи луғат фановарӣ аз калимаи фан гирифта шудааст ва илмро дар назар дорад, таҷҳизот - асбобҳо ва анҷомҳои кориро, ин якум. Дувум: фазо гуфта дар забони русӣ пространство мегуянд, дар забони форсӣ ва тоҷикӣ низ ва ин калимаро ҳархел фаҳмиданамон мумкин, мисол: фазои хона, фазои кайҳон, фазои тафаккур, фазои илм ва ғайра. Дар забони форсӣ кайҳонро фазои берунӣ навиштаанд. Дар равонае, ки шумо пешниҳод кардед, фақат дар ҷусторҳои Google ҳозиранд, аммо дар худи пайвандҳои тоҷикӣ, Технологияи кайҳонӣ ва Таҷҳизоти кайҳонӣ гуфта шудааст ва ин дуруст аст, чун калимаҳо илмӣ ҳастанд ва истифодабарии дигар калимаҳо, дастури ВП:НТА-ро поймол мекунад. Бо эҳтиром--AryanSogd 11:44، 28 январи 2014 (UTC)
- Пас фанновариҳои муосир ва ё фановариҳои муосир гуфта чиро дар назар доранд? Фанҳои муосирро? Асбоб ва афзор, кадоме дуруст аст? Ҷустори Google мӯҳтавои сомонаҳои тоҷикиро нишон медиҳад на мӯҳтавои муталлиқ ба худашро. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 12:05، 28 январи 2014 (UTC)
- Мӯҳтарам ibrahim, аввал гуфтаниам, ки номгузории ҳамин гурӯҳ бе ягон шубҳа дуруст аст, ҳам аз нутқи дастур ва ҳам аз нутқи мантиқ, чун ин калимаҳо на фақат дар бисёр пайвандҳои фазои интернет (барои мисол), балки дар донишномаи «Фарҳанги Забони Тоҷикӣ» вуҷуд доранд ва ин ном аз рӯи нутқи дастур боэътимод ба ҳисоб меравад. Дувум, агар ин гурӯҳҳоро бо интервики пайваст намекардам, ва шумо бо забони форсӣ имконияти муқоиса кардан намедоштед, пешниҳод ҳам намекардед. Калимаи фанноварӣ дар забони тоҷикӣ, навоварии баъзе рӯзноманигорон аст ва дар донишнома нест. Ин калимаи форсикунонидаи калимаи арабии фан(н) аст. Маъно: 1. фиребгар, ҳилагар, макр. 2. ҳунар, пеша, касб. 3. илм, соҳае аз илм, илму дониш. Агар фикри шахсии худамро гӯям ин калимаро ҳамчун технология фаҳмидан нодуруст меҳисобам, зеро мантиқ надорад. Шумо кафолат дода метавонед, ки дар бахши Википедаи форсӣ, донишмандон гурӯҳ эҷод карда истодаанд? Дар масъалаи забон, мо аз онҳо ва забони дарӣ пешсаф ҳастем.Бо эҳтиром--AryanSogd 15:14، 28 январи 2014 (UTC)
- Пас фанновариҳои муосир ва ё фановариҳои муосир гуфта чиро дар назар доранд? Фанҳои муосирро? Асбоб ва афзор, кадоме дуруст аст? Ҷустори Google мӯҳтавои сомонаҳои тоҷикиро нишон медиҳад на мӯҳтавои муталлиқ ба худашро. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 12:05، 28 январи 2014 (UTC)
- Мухтарам AryanSogd, Як чанд мох пеш, шояд солхо бошад вожаи фанновари дар Википедиа истифода мешавад ва руз то руз истифодаи ин вожа назар ба технология дар забони адабиет точики бештар аст. Аз технология ва илму дониш ба мазмуни хилаву найранг гузаштем. Масири Сахифаи Технология ва Технолочиро ба Аппл Компютер тагйир додед ва холо сахифаи нав бо номи Фанноварӣ эчод карда ба сахифахи марбут пайванд гузоштам, ки худ баенгари истифодаи вожаи фанновари дар донишнома кабл аз гузоштани интервики аз тарафи шумо мебошад. Википедиаи порсиро донишмандон нанависанд хам мо ба забони руси ва Википедиаи руси такя кунем. Агар ба Википедиаи порси бовари надоред вожа ва истифодаи онро бо Google мукоиса кунед. Вожаи фанновариро даххо миллион порсизабон истифода мебарад. Шумо аз Фарханги Деххудо истифода баред. То хол Фарханги забони точики комил нест. Дар бораи Фазо гуфтаниам, ки дар забони инглиси низ вожаи Space мазмунхои зиед дорад. -ibrahim (talk) 17:31، 28 январи 2014 (UTC)
- 1. «Масири Сахифаи Технология ва Технолочиро ба Аппл Компютер тагйир додед» - исбот кунед. 2. «ки худ баенгари истифодаи вожаи фанновари дар донишнома кабл аз гузоштани интервики аз тарафи шумо мебошад.» - исбот кунед. 3. «Як чанд мох пеш, шояд солхо бошад вожаи фанновари дар Википедиа истифода мешавад ва руз то руз истифодаи ин вожа назар ба технология дар забони адабиет точики бештар аст.» - исбот кунед. 4. Калимаи илмӣ будани «фанноварӣ»-ро исбот кунед.--AryanSogd 16:42، 28 январи 2014 (UTC)

- Якум исбот инҷост;
- Дуюм Фанноварӣ дар Донишнома аз 9 марти 2013 ин тараф истифода шудааст;
- Сеюм - Калидвожаи (фанновариҳои муосир) дар Google 13,300 натиҷа дод, дар ҳоле ки ба калидвожаи технологияи муосир 8,550;
- Чаҳорум - Фанноварӣ (Google 14,500,000) - Луғатномаи Деҳхудо натиҷа
"فناوری فنّاوَری. تجهیزات و روشهایعلمی که در حیطهٌ خاصی به کار برده شود. مترادفِ این واژه در زبان انگلیسی Technology می باشد." "Фанноварӣ - Таҷҳизот ва равишҳои илмӣ, ки дар ҳайти хосие ба кор бурда шавад. Мутародифи ин вожа дар забони инглисӣ Technology мебошад" - Луғатномаи Деҳхудо
--ibrahim (talk) 17:27، 28 январи 2014 (UTC)
- Калимаи Таҷҳизот дар гугл - 41 900 нитиҷа дод калимаи Фанноварӣ - 10 500, Фанноварии фазоӣ - 8, Таҷҳизоти кайҳонӣ - 1 520 натиҷа, Кайҳон - 165 000, Кайҳонӣ - 39 400 ва ҳамаи онҳо як маъноро доранд, Фазоӣ - 1 410 ва ҳамаи онҳо гуногунмаъноанд. Алифбои имрӯзаи мо кириллӣ аст на форсӣ ва бо Википедиаи Тоҷикӣ ҳамчун сарчашмаи боэътимод далел овардани шумо... --AryanSogd 08:55، 29 январи 2014 (UTC)
- Байни забоншиносон дар як гурӯҳи фейсбук баҳсеро эҷод кардам, аксарият фанноварӣ гуфтанд. Оиди ёдкарди сарчашма, метавонад ба ҳуруфи лотинӣ, арабӣ ва ё ҳиндӣ бошад, фарқе надорад. Ҳуруфи порсӣ арабиасос ба мо бегона нест, чун онро назар ба сириллик мо ҳазорсолаҳо истифода бурдаем ва аз фазои иттилоотии пешрафтаи он минбаъд ҳам истифода хоҳем бурд. Обод бошед --ibrahim (talk) 09:11، 29 январи 2014 (UTC)
Start a discussion about Гурӯҳ:Таҷҳизоти кайҳонӣ
Talk pages are where people discuss how to make content on Википедиа the best that it can be. You can use this page to start a discussion with others about how to improve Гурӯҳ:Таҷҳизоти кайҳонӣ.