Баҳси корбар:Сайидабдурашид

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Хуш омадед[вироиши манбаъ]

Хуш омадед ба Википедиаи Тоҷикӣ, Сайидабдурашид!

Зиндагиномаи Сайид Муҳаммадҳусайн Фазлуллоҳ[вироиши манбаъ]

Шарҳи ҳол[вироиши манбаъ]

Сайид Муҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ дар соли 1935 мелодӣ (1354 ҳиҷрии қамарӣ) дар Наҷафи Ашраф (Ироқ) дар хонаводаи руҳонӣ дида ба ҷаҳон кушод. Таҳти ишрофи падараш Сайид Абдуррауф Фазлуллоҳ (аз мароҷеи тақлид), мароҳили тарбияту таълимро ба шевае, ки дар он замон марсум буд гузаронид. Дар давраи кўдакӣ вориди мактабхона шуд то хондану навиштан ва қироати Қуръонро биёмўзад. Аммо фазои хашини мактабхона, ки таҳти идораи афроди куҳансол буд, бо мизоҷаш созгор наомад ва ҳатто осори манфӣ бар руҳияаш гузорид. Он гоҳ вориди мадрасае шуд, ки марказе бо номи “Мунтада ан-нашр”, онро ба сабки ҷадид таъсис карда буд. Вай вориди синфи сеюми ин дабистон шуд ва замоне ки синфи чаҳорумро мегузаронид, дабистонро ҳам тарк гуфт ва дар синни нўҳсолагӣ таҳсилоти ҳавзавияшро оғоз кард. Ҳамзамон бо таҳсилоти ҳавзавӣ ва ба таносуби синну зеҳнияти хеш, ба фазои перомун ва авзои замона таваҷҷўҳ дошт ва андешаҳо ва дағдағаҳои фарҳангӣ ва сиёсии замонаашро аз тариқи маҷаллоти Миср ва Лубнон ва рўзномаҳои ироқӣ пайгирӣ мекард.

Сайид Муҳаммадҳусейн марсуми ҳавзавӣ аз сарфу наҳв ва маониву баён то мантиқу усули фиқҳро назди падари худ фаро гирифт ва дар ин марҳала устоде ғайр аз падараш надошт. То ин ки барои фарогирии ҷилди дуюми китоби “Кифоятул-усул” ба маҳзари яке аз устодони эронияш ба номи Шайх Муҷтабо Ланкаронӣ шитобад.

Бо итмоми китоби “Кифоятул-усул” ба дарси хориҷи мароҷеи он давра монанди Сайид Абулқосими Хўӣ, Сайид Мўҳсини Ҳаким, Сайид Маҳмуди Шоҳрудӣ ва Шайх Ҳусейни Ҳиллӣ роҳ ёфт ва дар канори дарсҳои хориҷи усули фиқҳ ва аҳком (фиқҳ), бахше аз китоби “Ҳикмати Мутаолия” маъруф ба “Асфори арбаъа”-и Мулло Садрои Шерозиро назди Мулло Садрои Бодкубаӣ фаро гирифт ва муддати панҷ сол низ ин дарсро аз Сайид Муҳаммадбоқири Садр фаро гирифт. Устодаш Сайид Абулқосими Хўӣ ба ў тавсия карда буд то ин дарсро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ кунад.

Фазлуллоҳ дар соли 1952 мелодӣ дар синни ҳафдаҳ солагӣ барои нахустин бор ба қасди диду боздиди хонаводагӣ ба Лубнон рафт ва дар ин сафар, ки ҳамзамон бо арбаини даргузашти Сайид Мўҳсини Амини Омилӣ буд, қасидае дар рисои ў суруд ва дар оини ёдбуди ў қироат кард. Вай дар ин қасида бисёре аз масоили сиёсии рўз ва аз ҷумла масъалаи ваҳдат ва бедории исломӣ ва муҳоҷирати ҷавононро матраҳ ва истеъмори Фаронсаро тақбеҳ кард. Рўзномаҳои он рўзи Лубнон ин қасидаро таҳриккунанда ва эҳсосбарангез тавсиф карданд.

Дар соли 1966 мелодӣ ҷамъе аз муассисони Анҷумани мазҳабии “Усрат ат-таохӣ”-и минтақаи Набъа дар ҳошияи шарқии Бейрут аз Фазлуллоҳ даъват карданд то дар он минтақа раҳли иқомат афканад.

Вай ин даъватро пазируфт ва дар ҳамин сол ба қасди иқомати доим ба ватани аслии хеш (яъне Лубнон) бозгашт.

Сайид Муҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ аз солҳои нахусти навҷавонӣ, дар канори истимрори таҳсилоти ҳавзавӣ, мутолеот ва фаъолиятҳоеро пай гирифт, ки дар муҳити бастаи ҳавзаи илмияи Наҷаф чандон пазируфта набуд. Вай бо таъмиқу тадовуи мутолеоти адабӣ ва қироати маҷаллоте чун “Маҷаллат ул-котиб Тоҳо Ҳусейн” андак-андак ба вуҷуди қариҳаи шеър дар ниҳоди хеш пай бурд ва шурўъ ба сурудани шеър кард. Баъдҳо ин қариҳа чандон дар ў шукуфт, ки ҳосили он дар қолаби се девони шеър мугташир шуд.

Дар соли 1380 ҳиҷрии қамарӣ “Ҷамоат ул-уло”-и Наҷаф маҷаллаи фарҳангӣ-исломиро роҳандозӣ карданд, ки Сайид Муҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ дар канори Сайид Муҳаммадбоқир Садр ва Шайх Муҳаммад Маҳдии Шамсуддин аз мудирони он буд ва сармақолаҳои соли дуюми ин маҷалларо бо унвони “Калиматуно” (Сухани мо) ба риштаи таҳрир даровард.

Фазлуллоҳ ба муддати 6 сол ба нигориши мақола ва таълифи китоб идома дод ва дар канори Сайид Муҳаммадбоқири Садр дар ташкили ҷунбиши шиъӣ дар Ироқ нақш ифо кард. Ҳосили ройзаниҳо ва ҳамфикриҳои Фазлуллоҳ ва Садр, пайдоиши нахустин ҷунбиши исломии шиъӣ дар Ироқ бо номи “Ҳизб ад-даъват ал-исломия” буд. То он замон ҷомеаи суннии Ироқ аз чанд ҳизбу ҷунбиш – монанди “Ихвон ул-муслимин” ва “Ҳизб ут-таҳрир ал-исломӣ” – бархўрдор буд. Фазлуллоҳ китобҳои “Қазоёно ало завъ ал-ислом” ва “Услуб ад-даъва фи ал-Қуръон”-ро дар чунин марҳалае нигоштааст.

Вай пас аз бозгашт ба Лубнон дар соли 1966 мелодӣ фаъолиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии густардаеро дар Лубнон ба роҳ андохт, ки имрўза пас аз 45 сол аз оғози ин фаъолиятҳо корномаи пурборе аз он дар абъоди мухталиф машҳуд аст.

Вай бо баргузории ҷаласоти тафсир ва панди динӣ ва ахлоқӣ ва барномаҳои посух ба пурсишҳо – ки ҳанўз ҳам ба сурати муназзам тадовум дорад – тавонист таҳаввули азиме дар чандин насл падид оварад ва чунон ки худ мегўяд, ифтихори тарбияти ғолиби нерўҳои мубориз ва фаъолони мазҳабии шиъаро аз они худ намояд.

Таъсиси ҳавзаи улуми динӣ ба номи “Ал-маъҳад аш-шаръӣ ал-исломӣ” ба ҳадафи парвариши туллоби улуми динӣ, бахши дигаре аз фаъолиятҳои фарҳангӣ ва илмии Сайид Муҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ аст. Вай дар ин мадраса тадриси дарси хориҷи усулу фиқҳро бар ўҳда дорад. Бисёре аз шахсиятҳои Ҷунбиши Муқовимати Исломии Лубнон (Ҳизбуллоҳ) тарбиятшудаи ин мадраса ҳастанд. Шаҳид Шайх Роғиб Ҳарб аз нахустин туллоби ин мадраса буд.

Ваф илова бар “Ал-маъҳад аш-шаръӣ ал-исломӣ”, ки дар шаҳри Бейрут воқеъ аст, ҳавзаи илмияи вижаи занонро дар Бейрут ва ҳавзае низ дар Сур ва ҳавзаи “Ал-муртазо” дар Димишқ (Сайида Зайнаб)-ро таъсис кардааст.

Таълифот[вироиши манбаъ]

Аз Сайид Муҳаммад ҳусейн фазлуллоҳ то кунун беш аз ҳафтод унвон китоб – ки дар маҷмўъ ба беш аз як сад ҷилд мерасад – мунташир шудааст. Бархе аз китобҳои эшон маҷмўаи суханрониҳо ва бархе дигар дарсҳои хориҷи усулу фиқҳи эшон, ки ба василаи шогирдонашон танзим шудааст.

Пажўҳишҳои қуръонӣ[вироиши манбаъ]

1. Мин ваҳйил-Қуръон (тафсири Қуръон дар 24 ҷилд); 2. Ал-ҳивор фи ал-Қуръон; 3. Услуб ад-даъва фи ал-Қуръон; 4. Мин ирфон ал-Қуръон; 5. Ҳаракат ан-нубувва фи мувоҷаҳат ал-инҳироф; 6. Диросот ва буҳус қуръония.

Китобҳои фиқҳӣ[вироиши манбаъ]

7. Ал-масоил ал-фиқҳия; 8. Ал-фатово ал-возиҳа; 9. Фиқҳ ал-ҳаёт; 10. Китоб ал-ҷиҳод; 11. Китоб ан-никоҳ; 12. Ал-қуръа вал-истихора; 13. Ал-ямин вал-аҳд ван-назр; 14. Ал-иҷора; 15. Рисолатун фи ар-ризоъ; 16. Фиқҳ аш-шариа (Рисолаҳои амалӣ); 17. Ас-сайд ваз-зибоҳа; 18. Далел ал-маносик; 19. Аш-ширка; 20. Ал-васия; 21. Ал-маворис.

Андешаи исломӣ[вироиши манбаъ]

22. Хутувот ало тариқ ал-ислом; 23. Қазоёно ало завъ ал-ислом; 24. Ал-ислом ва мантиқ ал-қувва; 25. Ал-ҳарака ал-исломия, ҳумум ва қазоё; 26. Мин аҷл ал-ислом; 27. Мафоҳим исломия омма (10 ҷилд); 28. Фи офоқ ал-ҳивор ал-исломи ал-масеҳӣ; 29. Дунё аш-шабоб; 30. Дунё ал-маръа; 31. Тааммулот исломия ҳавла ал-маръа; 32. Қироатун ҷадида ли фиқҳ ал-маръа ал-ҳуқуқӣ; 33. Ал-ваҳда ал-исломия байна ал-воқеъ вал-мисол; 34. Қазоё исломия муосира; 35. Асъила ва руду мин ал-қалб; 36. Ал-марҷаия ва ҳаракат ал-воқеъ; 37. Ал-ислом вал-масеҳия; 38. Ал-ислом ва Фаластин; 39. Ал-исломийун ват-таҳаддиёт ал-муосира; 40. Ал-ислом вал-машруъ ал-ҳазорӣ; 41. Хитоб ал-исломийин вал-мустақбал; 42. Маъа ал-ҳикма фи хатт ал-ислом; 43. Ан-надва (7 ҷилд); 44. Ал-ҷумъа минбар ва миҳроб; 45. Салот ал-ҷумъа, ал-калима вал-мавқиф; 46. Мин ваҳйи Ошуро; 47. Ҳадису Ошуро; 48. Аҳодису Ошуро; 49. Ало тариқи Карбало; 50. Тааммулот фи офоқ ал-имом Мусо ал-Козим (а); 51. Фи риҳоб Аҳл ал-байт алайҳимус-салом; 52. Офоқ исломия; 53. Фи риҳоб ад-дуо; 54. Ал-инсон вал-ҳаёт; 55. Ҳиворот фи ал-фикр вал-иҷтимоъ вас-сиёса; 56. руо ва мавоқиф (3 ҷилд); 57. Ал-маолим ал-ҷадида лил-марҷаия аш-шиия; 58. Тааммулот фи ал-фикр ас-сиёсӣ ал-исломӣ; 59. Сироъ ал-иродот; 60. Ал-муқовама ал-исломия; 61. Шарҳ хутбат аз-Заҳро (саломуллоҳи алайҳо); 62. Ал-фақиҳ вал-умма; 63. Иродат ал-қасва; 64. Баййинот; 65. Ал-ҳиҷра вал-иғтироб; 66. Аз-заҳро ал-қудва; 67. Мутораҳот фи қазоё қуръония; 68. Таҳаддиёт ал-маҳҷар; 69. Офоқ ар-руҳ (Шарҳи Саҳифаи Саҷҷодия дар 3 ҷилд); 70. Маҷмўаҳои шеърӣ; 71. Ё Залол ал-ислом! (Рубоиёт); 72. Қасоид мин аҷли ал-ислом вал-ҳаёт; 73. Ало шоти ал-виҷдон.

Фаъолиятҳои иҷтимоӣ[вироиши манбаъ]

Гузашта аз фаъолиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ, ки Фазлуллоҳ дар Лубнон ва Сурия доштааст, аз фаъолиятҳои иҷтимоии эшон чандон густарда буда, ки камтар минтақае аз кишвари Лубнонро метавон ёфт, ки асари фаъолияти иҷтимоии эшон дар он машҳуд набошад. Шўълавар шудани оташи ҷангҳои дохилӣ ва таҷовузоти саҳюнистҳо, гузашта аз хасоратҳои ҷонӣ ва молӣ, мушкилоти иҷтимоии фаровонеро дар пай дошт, ки муҳимтарини он, сарнавишти мубҳами ятимон ва фарзандони шуҳадо ва фуқаро ва маълулон буд. Анҷумани Хайрияи “Ҷамъият ал-мабаррот ал-хайрия”, ки таҳти ишрофи Сайид Муҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ қарор дорад, бо кўмаки некўкороне аз кишварҳои арабии халиҷи Форс ва Лубнон иқдом ба таъсиси марокиз ва муассисоти азим ва пешрафта барои тарбияти ятимон ва ба вижа фарзандони шуҳадо ва фарзандони фуқаро ва таъсиси бемористонҳо ва дармонгоҳҳо масоҷид намуд. Дар ин марокизи хайрия, ёдшудагон ба таври шабонарўзӣ искон доранд ва маротиби таҳсилияшонро дар бахши омўзишии ҳамин марокиз мегузаронанд. Номи ин марокизи хайрия ва маҳалли таъсиси онҳо дар зер меоянд:

Марокизи хайрияи ятимон[вироиши манбаъ]

1.Мабарратул-имомул-Хуӣ, Бейрут (Лубнон); 2.Мабарратул-имом Зайнулобидин (а), Биқоъ (Лубнон); 3.Мабарратул-имом Алӣ ибни Абўтолиб (а), Ҷабал Омил (Лубнон); 4.Мабарратус-сайида Марям (а), Ҷабал Омил (Лубнон); 5.Мабарратус-сайида Хадиҷатул-кубро (а), Бейрут (Лубнон); 6.Мабарратул-Ҳавро Зайнаб (а), Бейрут (Лубнон); 7.Мадрастун-нур (барои нобиниён), Бейрут (Лубнон); 8.Мадрасатур-раҷо (барои ношунавоён), Бейрут (Лубнон).

Марокизи беҳдоштӣ[вироиши манбаъ]

1.Мусташфо Баҳман (Бемористони Баҳман), Бейрут (Лубнон); 2.Мусташфо ас-сайида Заҳро (а), Ҷабал Омил (Лубнон).

Шаклгирии ҳаракати муқовимати исломии Лубнон[вироиши манбаъ]

Чунон ки пештар гузашт, Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ дар солҳои ҳузур дар Наҷаф дар саффи бунёдгузорони нахустин ҳаракатҳои исломӣ дар Ироқ қарор дошт ва аз ҳаводорони наздики Сайид Муҳаммадбоқири Садр дар масоили сиёсӣ ва ташкилотӣ буд.

Фазлуллоҳ пас аз бозгашт ба ватани падарии хеш (Лубнон), дар пайи тарҳи сибғаи сиёсии ислом дар ҷомеаи мусалмонони Лубнон баромад, ба гунае ки исломгароии сиёсӣ ва мардумгароӣ аз вуҷуҳи боризи шахсияти ў ба шумор меояд.

Замоне ки кишвари Лубнон мавриди таҳоҷуми режими саҳюнистӣ воқеъ шуд, ҷавононе ки ғолибан таҳти таъсири андеша ва ҳаракати Фазлуллоҳ буданд ва гўё аз пеш барои чунин даврае тарбият шуда буданд, ҳаракати номуназзам ва ғайри ташкилотии муқовимати исломиро, ки бархўрдор аз баданаи мардумӣ ва мустаҳкам буд, ба роҳ андохтанд. Ин ҳаракат, ки имрўза Ҳизбуллоҳи Лубнон шакли созмонёфта ва аслитарин шохаи он аст, ҳамвора аз Фазлуллоҳ тағзияи фикрӣ ва сиёсӣ шуда ва мешавад. Васоили иртиботи ҷамъии ҷаҳон ҳамеша аз Фазлуллоҳ ба унвони раҳбари маънавии Ҳизбуллоҳ ёд мекунанд. Аммо вай интисоби ташкилотӣ ва созмонии худро ба ҳар гурўҳи сиёсие рад мекунад ва мегўяд: “Ин номгузорӣ ношӣ аз ин аст, ки ағлаби ин бародарони мубориз ва мўъмин дар намозҳои ҷумъа ва ҷамоат, ки ба имомати ман ташкил мешавад ва ё дар дарсҳо ва суханрониҳои ман ҳозир мешаванд, ки инро тадоӣ мекунад, ки ман симати раҳбарии ононро ба ўҳда дорам”.

Ҳарчанд иртиботе байни Фазлуллоҳ ва Ҳизбуллоҳ вуҷуд надорад, аммо вуҷуди тарбиятшудагони Фазлуллоҳ дар сутуҳи раҳбарии ин ҷунбиш, ки ба риҷоли Фазлуллоҳ маъруфанд, ҳузури ғайри мустақими вайро дар ин ҷунбиш таъмин мекунад.

Дар ҷараёни инфиҷори мақарри фармондеҳии амрикоӣ ва фаронсавӣ, расонаҳои ғарбӣ ангушти иттиҳомро ба тарафи Фазлуллоҳ гирифтанд ва ўро масъули ин инфиҷорҳо муаррифӣ карданд. Вуқўи ин ҳаводис сабаби матраҳ шудани вай ба унвони тарроҳ ва ҳидояткунандаи аслии яке аз бузургтарин ҳаракатҳои муқовимати исломӣ дар сатҳи васоили иртиботи ҷамъии ҷаҳон шуд. Фазлуллоҳ дар соли 1367 шамсӣ дар гуфтугў бо маҷаллаи Ҳавзаи Қум тасреҳ кард: “Ман аз ин тўҳмате, ки таблиғоти истеъмории ҷаҳон ба ман мезананд ва маро масъули инфиҷори мақарри фармондеҳии нерўҳои амрикоӣ дар Лубнон ва ё фаронсавиҳо ва дигарон медонанд истифода кардам ва аз фурсате ки пеш омад ва тамоми васоили иртиботи ҷамъии ҷаҳон чи амрикоӣ, англисӣ, фаронсавӣ, русӣ, жопонӣ, чинӣ ё кишварҳои аврупои шарқиро бар рўи ман боз кард. Ғолибан хабарнигорони онҳо барои рўзнома ва ё телевизионҳои худ бо ман мусоҳиба карданд ва дар бораи Ҷумҳурии Исломии Ирон ва сиёсати исломӣ ва мазҳаби шиа матолибе пурсиданд ва ман аз ин фурсат истифодаи муҳимме кардам. Дар айни ҳол, ки онон саъй дар воруна ҷилва додани масоил ва олуда кардани чеҳраи маро доштанд, тавонистам нидои исломро ба тамоми ҷаҳон бирасонам”.

Ҷойгоҳ ва нақши раҳбаронаи Фазлуллоҳ дар ҷунбиши муқовимати исломии Лубнон сабаб шуд то як бор рабуда ва чаҳор бор мавриди суиқасд қарор гирад.

Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ хотираи хешро аз рабуда шудани худ ба василаи нерўҳои Катоиб дар соли 1982 чунин бозгў мекунад: “Замоне ки Исроил Лубнонро (дар соли 1982) ишғол кард ва ин иттифоқ, ки мо аз пеш бим доштем иттифоқ афтод, ман ба даъвати Ҷумҳурии Исломии Ирон барои ширкат дар ҷашнҳои пирўзии инқилоб дар ин кишвар ба сар мебурдам. Дар ҳамон ҷо бо ширкати ҷамъе аз уламои шиа ва суннии Лубнон масъаларо баррасӣ ва баёнияе содир ва ишғолгарии Исроилро маҳкум кардем ва ба суръат омодаи бозгашт ба Лубнон шудем. Аммо бар хилофи интизор, мутаваҷҷеҳ шудем, ки бештари вурудиҳои Бейрут аз сўи исроилиҳо ва ё нерўҳои дохилии ҳампаймононашон баста шудааст. Дар талош барои расидан ба Бейрут аз роҳбанди амниятии исроилиҳо дар минтақаи шарқии Бейрут гузаштем ва ногаҳон дар доми роҳбанди нерўҳои Катоиб дар наздикии исроилиҳо афтодем. Ононро мутаваққиф карданд ва мо ва автомобиламонро бозрасӣ карданд ва аз дохили автомобил бархе авроқ ва мусоҳибаҳои матбуотиро ёфтанд. Моро ба дафтари Катоиб дар минтақаи Ҳозимия бурданд. Ҳамроҳи ман писарам Алӣ ва ҷамъе аз дўстонам буданд.

Барои нахустин бор маънои рабуда шуданро дарк кардем. Талоши мо барои музокира бо рабояндагон ба ҷое нарасид. Зеро онон мунтазири дастурҳои баъдӣ аз сўи мақомоти болотар буданд. Дар ҳамон ҳол, ки моро ба боздоштгоҳ мебурданд, бархе аз мардум бо мушоҳидаи вазъи асорати мо, маро ба якдигар нишон медоданд ва мегуфтанд: Хумайнӣ... Аз ҳусни иттифоқ, бархе наздикони мо шоҳиди асорати мо буданд, ба Бейрути ғарбӣ ва ноҳияи ҷанубии он омаданд ва мардумро огоҳ карданд.

Интишори хабари рабуда шудан дар миёни мардум, муқаддимаи бўҳрони сиёсиро фароҳам оварда буд. Аммо пеш аз тиратар шудани авзоъ, рабояндагон дар садади ҷуброн баромаданд. Нобоварона дидем, ки онон, ки пеш аз ин ҳозир ба сухан гуфтан бо мо набуданд, назди мо омаданд ва аз мо узрхоҳӣ карданд ва моро ба ноҳияи ҷанубии Бейрут мунтақил карданд”.

Фазлуллоҳ дар бораи амалиётҳои террорҳое, ки дар маърази он қарор гирифт чунин мегўяд: “Нахустин бор дар авоили даҳаи ҳаштод дар минтақаи Равзатуш-шаҳидайн, наздики маҳаллаи Алғубайрии Бейрут, замоне ки барои эроди суханронӣ дар Ҳусайнияи Ашшайёҳ ба он ҷо мерафтам, дар камини низомие афтодам, ки яке аз ҳизбҳои арабӣ (Баъси Ироқ) бар сари роҳи мо ниҳода буд. Бороне аз гулўла ба самти автомобили ҳайъати мо сарозер шуд, ба гунае ки бисёре аз гулўлаҳо ба автомобили пешӣ ва ақибӣ исобат кард. Аммо тире ба автомобили мо нахўрд ва мо ба шакли табиӣ роҳи худро идома додем ва дар мавъиди муқаррар дар Ҳусайния суханронӣ кардам, вале моҷарои ин суиқасдро барои мардум нагуфтам.

Муддате пас аз ин амалиёти ноком, гурўҳе мусаллаҳ вориди манзилам дар минтақаи Алғубайрӣ шуданд ва барномаашон ин буд, ки пас аз куштани муҳофизон ба утоқам ҳуҷум оваранд. Онон ба шакле комилан амниятӣ вориди хона шуданд ва муҳофизон, ки эҳсос карданд авзоъ ғайри оддӣ аст, бо онон даргир шуданд ва яке аз муҳофизони манзил ба шаҳодат расид, вале амалиёти террористҳо ноком монд.

Амалиёти террори сеюм ба гунае мутафовит анҷом шуд. Ин бор террористҳо каме пеш аз азони субҳ мушакеро ба самти утоқи хобам (дар сохтмони опортмонӣ) шаллик карданд, аммо ин мушак ба хато ба як табақаи поинтар (яъне табақаи чаҳорум) исобат кард.

Дар ҳамон замон ба гурўҳе аз хабарнигорон, ки аз ман чизе барои гуфтан мехостанд гуфтам: “Тасаввур мекардам касе ки дар канори шумо нишастааст, дигар дар маърази амалиёти террор қарор нахоҳад гирифт, аммо дидам, ки масъала баръакс аст”.

Ҳамин масъала сабаб шуд то ба тавсияи мақомоти амниятии исломӣ аз минтақаи Алғубайрӣ, ки наздик ба манотиқи ҳузури созмонҳои фаластинӣ ва ноамн буд, ба минтақаи Биърулабд интиқол ёбам.

Аммо инфиҷори бузурги соли 1984, ки ҳадафи он куштани ман буд, дар посух ба амалиёти инфиҷори мақарри нерўҳои амрикоӣ ва фаронсавӣ рух дод. Зеро дастгоҳҳои таблиғотӣ дар он замон саъй карданд то маро масъули ин инфиҷорҳо муаррифӣ кунанд. Истиноди онҳо ба гузоришҳои мақомҳои иттилоотии маҳаллӣ дар минтақаи шарқии Бейрут буд, ки гузориш карда буданд, ки ман ба ду ҷавони шаҳодатталаб, ки он ду амалиётро иҷро карданд, табрик гуфтаам ва ба онон дар сурати анҷоми ин амалиёт, башорати биҳиштро додаам ва пеш аз анҷоми амалиёт барои такмили барнома ва итминон аз муваффақияти он ба ин мавозеъ саркашӣ кардаам. Дастгоҳҳои таблиғотӣ ҳам ин афсонаҳоро, ки шабеҳи рухдодҳои шигифти романҳо ё намоишномаҳо буд, болу пар медоданд.

Ба ин тартиб, таблиғоти ҷаҳонӣ бо шоху барг додан ба ин гузориш, номи маро дар радифи ановини умда қарор дод. Ба тасаввури ман, ин оғози барномарезӣ барои террори ман буд. Аммо бояд ба ин гузоришҳо, иттилоотеро бияфзоям, ки баъдҳо аз миёни асноди амрикоӣ ба даст овардем ва нишон медиҳад, ки масъала фаротар аз ҳадди иттиҳоми даст доштан дар инфиҷори мақарри Маренз (мақарри нерўҳои низомии амрикоӣ) буд. Масъала ин буд, ки ман унсуре дарди сарсоз барои сиёсати Амрико дар Лубнон будам. Ин иттилоотро аз тариқи рўзномаи “Вашингтон пост”, муддате пас аз инфиҷори Биърулабд, ба даст овардем. Баъдҳо низ дар китоби “Парда” (Хотироти Вилям Кейсӣ, раиси Созмони иттилооти марказии Амрико) хондем, ки вай дар зимни хотироташ аз ҷаласае, ки бо Амир Бандар ибни Султон ибни Абдулазиз, сафири Арабистони Саудӣ дар яке аз қаҳвахонаҳои Вашингтон дошта сухан мегўяд. Бар асоси он чи дар китоб омада, Вилям Кейсӣ ва Бандар ибни Султон ибни Абдулазиз дар он ҷаласа ба ин натиҷа мерасанд, ки ман унсуре нохушоянд барои сиёсати Амрико ҳастам ва бояд аз дасти ман халос шаванд. Амир Бандар ибни Султон чеке ба маблағи се миллион доллар ҷиҳати махориҷи террори ман ба Созмони ЦРУ таҳвил медиҳад. Зеро бино бар он чи дар ин китоб омада, конгресси Амрико бо ҳазина шудани махориҷи чунин амалиёте аз будҷаи конгресси Амрико мувофиқат намекард. Созмони ЦРУ барои анҷоми ин амалиёт яке аз маъмурони Созмони иттилоотии Англияро ба Лубнон эъзом мекунад ва ў низ бо аҷир кардани иддае муздур дар иттилооти артиши Лубнон, ки дар он замон таҳти риёсати сарҳанг Симони Қиссис буд, ва низ ба коргирии мардону заноне, ғолибан аз минтақаи Машғара дар Биқои ғарбӣ, шабакаи террорро созмондеҳӣ ва муддати як соли комил барои такмили барномаашон барномарезӣ карданд. Онон автомобили маргро, ки анбошта аз маводди мунфаҷира буд, ба наздики манзилам дар минтақаи Биърулабд мунтақил карданд то маро террор кунанд. Бар асоси барномаи онон, ман мебоист дар лаҳзаи инфиҷори автомобил ба маҳалли таваққуфи он расида бошам. Аммо алтофи Худои бузург сабаби нокомии амалиёти кинатўзонаашон шуд. Шикасти ин амалиёт аз он рў буд, ки ман пас аз итмоми намози ҷумъа дар ҳоле ки хаста будам омодаи бозгашт будам, ки зани мўъминае аз ошноён назди ман омад. Ў пас аз хуруҷ аз масҷид истихора карда буд, ки барои машварат ва сўҳбат дар бораи бархе аз масоили шаръӣ ва машокили шахсияш назди ман биёяд. Аз қазо натиҷаи истихорааш ҳам хуб буд. Ибтидо ба хотири хастагии ношӣ аз 5 соат фаъолият ҳоли шунидани ҳарфҳояшро надоштам ва аз ў хостам ба манзилам биёяд. Аммо ў исрори фавқулода дошт, ки ҳамон ҷо ҳарфҳояшро бо ман дар миён бигузорад. Ночор пазируфтам ва ў ҳам ҳарфҳояшро зад. Намедонистам, ки ин машийати илоҳӣ аст. Иттифоқан дар ҳамин лаҳазот автомобиле шабеҳи автомобили мо ба наздикии манзили расид. Ҳидояткунандагони амалиёт, ки гумон мекарданд автомобили мо ба маҳалли мавриди назарашон расидааст, дугмаро фишор доданд ва автомобили кор гузоштаро манфаҷир карданд. Дар замони инфиҷор ман дар масҷиж будам ва ба сўҳбатҳои он зан гўш мекардам. Аагар он зан маро муаттал накарда буд, дар замони инфиҷор дар ҳамон макон мебудам. Ҷолиби таваҷҷўҳ аст, ки бархе аз радиоҳои маҳаллии Лубнон панҷ дақиқа пас аз амалиёт эълом карданд, ки Фазлуллоҳ дар ин инфиҷор нобуд шудааст. Ва ин нишон медиҳад, ки барои террори ман илова бар барномарезии амниятӣ, барномарезии таблиғотӣ ҳам шуда буд”.

Фазлуллоҳ даар бораи барномарезии таблиғотии ин ҳодиса мегўяд: “Он рўз мулоҳиза кардам, ки гурўҳе аз намояндагони расонаҳои таблиғотии ғарбӣ ва маҳаллӣ аз ман тақозои эроди сухан, ҳар чи ки кам бошад, мекунанд, ҳатто телевизиони Фаронса қабл аз ин ҳодиса аз ман тақозо кард ҳатто ба муддати як дақиқа ҳам, ки шуда сухан бигўям.

Ин расонаҳо лаҳза ба лаҳза дар дохили масҷид маро ҳамроҳӣ карданд ва аз ман тасвир мегирифтанд, гўё ин ки ин расонаҳо бо гирифтани филм ва тасвир аз хутбаам дар намози ҷумъа баъдан ба мухотабони худ бигўянд, ки ин охирин филм ва акс аз фалонӣ аст. Зеро барномаи онон бисёр дақиқ тарҳрезӣ шуда буд. Аммо ин барнома ноком монд. Албатта садҳо шаҳид ва захмӣ бар ҷой гузошт. Бархе кўдакон дар шиками модарон ва бархе бар рўи дастони модарони худ ба шаҳодат расиданд. Ин ҳодиса ҳудуди 200 захмӣ бар ҷой гузошт, ки бархе аз онон дучори нақси узв шуданд. Минтақаи маҳалли инфиҷор, минтақаи танг ва бисёродам ва замони инфиҷор ҳангоми бозгашти коргарон ба хонаҳояшон буд.

Дар хотироти Вилям Кейсӣ омадааст, ки Амир Бандар ибни Султон ибни Абдулазиз, сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтон, бо шунидани нокомии террори ман дучори дилпеча шуд, аммо барои костан аз таъсири ин масъала бар худ, ба арбобаш раиси ЦРУ мегўяд, ки ба ман (Фазлуллоҳ) ва ҳаводоронам дар ҳошияи ҷанубии шаҳри Бейрут дар муқобили сукутам аз даъват ба интиқомгирӣ аз Амрико як миллион доллар кўмаки молӣ ва дору ва ғайра додааст. Вилям Кейсӣ дар посух мегўяд: “Дар ин сурат маблағи ришва аз ҳазинаи амалиёти террор камтар аст”.

Ман дар ҳамон замон эълом кардам касе дар рўи замин ва ҳар мақоми иттилоотие, ки метавонад собит кунад ман як риёл аз ҳар мақоми давлатӣ ё ғайри давлатӣ гирифтаам санадашро рў кунад.

Дар он ҳангом мутаваҷҷеҳ шудам, ки Амир Бандар ибни Султон, дар сурати сиҳҳати ин ривоят, ки васоили таблиғотии саудӣ инкораш карданд, дурўғгўиро ҳам хуб балад нест. Зеро иддао карда, ки ба ҳавохоҳонам дар ноҳияи ҷанубии Бейрут кўмакҳои молӣ ва ғайра намудааст. Ман мутмаиннам, ки ў ба ҳеҷ як аз ҳавохоҳони наздик ё дури ман ва ҳатто ба бозмондагон ва осебдидагони инфиҷор ҳеҷ гуна кўмаке накардааст”.

Фазлуллоҳ дар бораи аҳдоф ва паёмадҳои ин инфиҷор мегўяд: “Тасаввур мекунам, ки ин инфиҷор, ки ҳадафи он террори ман буд, посухе ба инфиҷори мақарри нерўҳои амрикоӣ дар фурудгоҳи Бейрут буд. Аммо амрикоиҳо ноком монданд ва паёмадҳои он низ ба зиёни сиёсати Амрико дар Лубнон тамом шуд. Ин инфиҷор дар худи Амрико низ бозтоб ёфт ва пас аз он ки рўзномаи “Вашингтон пост” бархе иттилооташро дар бораи ин инфиҷор ва авомили пушти пардаи он мунташир кард, раиси ҷумҳури Амрико Роналд Рейган водор шуд то ошкоро эълом кунад, ки дастури террори маро содир накарда ва Амрико дар ин амалиёт мушорикат надоштааст.

Ҳаргоҳ ба ёди ин амалиёти шайтонӣ меафтам, ба ин масъала меандешам, ки Амрико, ки ҳамаи мухолифони худро ба террорист будан муттаҳам мекунад, чи гуна бо як амалиёти амниятӣ террористӣ ҳудуди 280 тан аз коргарон ва дигар мардуми бегуноҳро як ҷо дарав мекунад.

Дар ин амалиёт ҳатто бархе ҷанинҳо дар шиками модаронашон муталошӣ шуданд. Мўътақидам, ки ваҳшигарии Амрико дар масоили амниятӣ ҳеҷ марзе надорад ва ин давлат ҳар ҷо ки пои манофеаш дар миён бошад, ҳар кореро муҷоз мешумурад. Аз ҳамон замон ва албатта пеш аз он ҳеҷ эҳтироме ба мавъизаҳои Амрико дар бораи ҳуқуқи башар ва маҳкумияти терроризм ва дифоъ аз озодӣ қоил набуда ва нестам”.

Хадамоти умумӣ[вироиши манбаъ]

А) Дафтари хадамоти иҷтимоъӣ

Сароғоз Дафтари хадамоти иҷтимоӣ ҷиҳати анҷоми рисолати исломӣ ва инсонӣ фаолиятҳояшро аз соли 1983 оғоз кард. Яке аз вижагиҳои ҷомеаи мадани доштани ниҳодҳои мардуми ва худҷуш аст, ки басурати довталабона ба умури иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанги ва сиёсии ҷомеа мепардозанд. Дар номулойимот хусусан дар фазои ҷанг ва даргирӣ, ин бузургмардон ҳастанд ки бо андеша ва бахшандагии худ ҷомеаи маданиро ташкил медиҳанд. Алломаи марҷаъ Сайид Муҳаммад Ҳусайн Фазлуллоҳ яке аз бузургони уммати исломи мост ки дардҳо, дағдағаҳо ва ранҷҳои рӯзмарраи мардумро ба дӯш мекашанд, то машъали равшан дар шабҳои торики уммати исломӣ бошанд. ӯ тавонист андешаи худро дар қолаби муассисоти бирезад ки кӯшиш дар пуркардани халаъҳо ва анҷоми хадамоти умуми дорад. Яке аз ин муассисот дафтари хадамоти иҷтимоӣ аст, ки дастони пуртавони ҳамбастагии иҷтимоӣ онро падид оварда аст ва албата базри (дона) аввалияи онро алломаи марҷаъ Сайд Фазлуллоҳ коштанд. Ва дар ин миён талошҳои некӯкорон решаҳои ин ниҳоди иҷтимоӣро мустаҳкамтар сохт. Пас аз 22 сол аз таъсиси дафтари хадамоти иҷтимои, акнун ин ниҳоди некукори дунболи ятим аст, то ӯро сарпарастӣ кунад, дунболи ниёзманд аст, то ниёзи ӯро рафъ кунад, дунболи ақаб афтода аст ,то ӯро тавонманд созад ва дунбол куҳансоли аст, то ӯро мавриди бахшиши хеш қарор диҳад ва ҳечгоҳ аз ин талоши худ даст бар намедорад ки Худованди мутаол фармудааст: *و أمّا اليتيم فلا تقهر و أمّا السائل فلا تنهر*

Аҳдоф Дафтар хадамоти иҷитимоӣ кӯшиш дорад бо баҳрагирӣ аз имконот ва тавонмандиҳои хайирин ба ниёзмандон, фақирҳо, ятимон, ақаб афтодагон ва кӯҳансолон кӯмак намояд. Аз инру табиӣ аст ки некӯкорон барои тақвияти ин ниҳоди муқаддас аз якдигар пешӣ гиранд ва дафтар низ бо диққати бисёр ба тавзеъи кӯмакҳо бипардозад.

Дафтари хадамоти иҷтимоӣ бар он аст, то хонаводаҳоро ба сатҳи мақбуле аз зиндагӣ бирасонад ва наслҳои фарҳехтаеро дар домани хонаводаҳояшон тарбият намояд.

Хадамоти дафтарӣ Фаолиятҳои дафтари хадамоти иҷтимоӣ бисёр мутанаввеъ ва гуногун аст, ки дар хоки ин ватан реша дорад ва сояи хайру некӯкорӣ он тамоми сарзамини Лубнонро зери пушиши худ дорад ва ҳамоно як ҳадафи ваҳидро дунбол мекунад ва он хидмат ба мардум аст.

Рисолати дафтар Дафтар як чизро мақсади худ қарор дода аст ва он ин аст, ки иродаи афроди гуногуни ҷомеаро дар ҷиҳати некӯкорӣ суқ диҳад. Дунболи хонаводаҳои ниёзманд аст, то бо барномаҳои ҳимояти ва тарбиятии худ ононро таҳти пушиш қарор диҳад. Дафтар, ин рисолати исломиро асоси кори худ қарор дода аст ва сарчашмаи зулоли андешаҳои марҷаи динӣ Сайд Муҳаммад Ҳусайни Фазлуллоҳ (раҳматуллоҳу алайҳ) таӣн кунандаи иқдомоти амалии он аст. Дар пайи он буд, то беҳтарини ояндаро барои наслҳое ки ҳосили ормонҳои ҷомеаи Лубнони ҳастанд бисозад.

Дафтари хадамоти иҷтимоӣ аз чанд мудирият ташкил шуда аст

1)Мудирияти иҷтимоӣ Кори мудирияти иҷтимои хидмат ба фуқаро, ятимон ва ниёзмандон аст ва мекӯшад, то аз тариқи ироаи кӯмакҳои нақдӣ , пизишкӣ ва тарбиятӣ ниёзмандиҳои зарурии онҳоро бароварда созад. Инҳо ҳамагӣ аз маҳалли кӯмакҳои хайирин таъмин мешавад. Мудирияти иҷтимои бар он аст то дасти ятимон, фақирон, мустамандон, ақаб афтодагон ва солхӯрдагонро бигирад, то шароити моддӣ ва маънавии зиндагии онҳоро беҳбуд бахшад ва ба онҳо кӯмак кунад, то бо мушкилоти зиндагӣ муқобила кунанд. Аз инру мекушад, то еътимоди ононро ба худ ва ҷомеаи худ истеҳком бахшад. Кӯмакҳои мудирияти иҷтимоӣ мутаносиб бо вазъияти хонаводаҳо тафовут мекунад. Ҳар моҳа 6200 хонавода аз кӯмакҳои ғазои мудирияти иҷтимоӣ баҳраманд мешаванд. Кӯмакҳои ғайри нақдӣ аз он ҷумла лавозими хонагӣ, либос, кафш ва монанди он тақдими фуқаро, ятимон ва ниёзмандон мешавад. Дар моҳи рамазон илова бар кумакҳои молӣ, кӯмакҳои дигар аз қабили нон, гӯшт, сабзӣ, мива ва маводди ғазоии дигари мавриди ниёзи хонавода тавзеъ мешавад.

Сарпарастии ятим дар дохили хонаводааш Мудирияти иҷтимоӣ бар ин бовар аст, ки ятим ба вижа дар синини кудакӣ ниёзманди утуфат ва меҳрабонии хонаводаи хеш аст. Аз ин ру кушиш дар таҳкими ин робита дорад то ятим рушди мутавозине намояд ва ҳеч гуна мушкиле барои ӯ пеш наояд. Мудирияти иҷтимоӣ афзун бар 7640 ятимро ингуна таҳти сарпарастии хеш дорад.

Расидагӣ ба фуқаро Ба манзури дур доштани фақирон аз хатарот ва инҳирофот ва ҳифзи каромати хонаводаашон мудирияти иҷтимои аз фақирҳо дар даруни хонаводаҳояшон муроқибат ва сарпарасти менамояд. Ҳадафи мудирияти иҷтимоӣ аз сарпарастии фақирҳо дар даруни хонаводаҳояшон ин аст, ки ҳаддиақал шароити лозим барои зиндагиро барои онон фароҳам оварад, то онон битавонанд бар мушкилоти зиндагии худ ғолиб оянд. Мудирияти иҷтимоӣ афзун бар 20630 фақирро ингуна таҳти муроқибати хеш дорад ва кумакҳои молии моҳона ва саҳмияҳои ғазоӣ, доруӣ ва либосҳои худро дар ихтиёри онон қарор медиҳад.

Расидагӣ ба солхӯрдагон Солхӯрдагон бо нотавонии ҷисмӣ рӣбарӣ ҳастанд. Аз инрӣ наметавонанд ба таъмини рузии худ бипардозанд. Расидагӣ ба солхӯрдагон як вазифаи иҷтимоӣ, меҳанӣ, инсонӣ ва динӣ аст. Дафтари хадамоти иҷтимоӣ кӯшиш дорад, дар ростои роҳнамоиҳои алломаи марҷаъ(раҳматуллоҳ алайҳ) пардаҳои фаромӯширо аз баробари онон бардорад, то ҳамагон дар расидаги ба онон мушорикат варзанд. Онон имрӯза мусоидатҳои муносиберо дарёфт мекунанд. Дафтари хадамоти иҷтимоӣ 423 солхӯрдаро таҳти пушиши худ дорад. Расидагӣ ба ақаб афтодагон дар дохили хонаводаҳояшон; дафтари хадамоти иҷтимоӣ ақаб афтодагони ҷисмӣ ва зеҳниро мавриди таваҷӯҳ қарор дода аст ва ниёзҳои зиндагии рӯзонаи ононро таъмин менамояд. Дафтари хадамоти иҷтимоӣ бо ироаи кӯмакҳои пизишкӣ ва молӣ кушиш дорад то зиндагии каримона ва мустақиллонаеро бар онон фароҳам намояд. Дафтари хадамоти иҷтимоӣ ба 965 ақаб афтода кӯмак мекунад.

2)Мудирияти саломат Таъмини дору Мудирияти саломати дафтари хадамоти иҷтимоӣ, доруҳои мавриди ниёзи тамоми хонаводаҳои таҳти пушиши худро таъмин мекунад. Ин кор дар дорухонаҳои тарафи қарор дод анҷом мешавад.

Радиологи Мудирияти саломат 40% ҳазинаи радиолужи ва 50% ҳазинаи соири равишҳои партавдармониро таъмин мекунад.

Иттилоъ расонии пизишкӣ Мудирияти саломат бо истифода аз шабакаи пизишкии худ дар робита бо бемориҳои кушанда аз қабили саратон, пӯкии устухон, бемории қанд ва фишори хунро аз тариқи нашриёт, экипҳои таблиғӣ ва ғазо додан ба кӯдакон иттилоъ расонӣ менамояд.

Дармон Таӣ қарордоде ки бо бемористон баста шуда аст, бемористон беморро ба харҷи вазорати беҳдошти Лубнон аз хонаводаи таҳти пушиш таҳвил мегирад ва дафтари хадамоти иҷтимоӣ боқӣ мондаи онро мепардозад, ҳамин тавр дафтари хадамоти иҷтимоӣ маблағи муайянеро барои баъзе аз ҷарроҳиҳо мепардозад, то аз бори мушкилоти хонавода бикоҳад. Баъзе аз пизишкон ва бемористонҳои минтақа дар таъмини боқи монда аз бима мушорикат доранд. Мудирияти саломат бо ҳамкории пизишкон баъзе аз беморони хосро дар манозилашон мавриди муойина қарор медиҳанд.

3)Мудирияти такаффул Ин мудирият аз тарҳи маҳдуде оғоз гардид, ки ҳадафи он шарик сохтани некӯкорон дар маҷмуае ки асоси кори онро такафул ташкил медод. Андак андак рушанои ин машъал фузунӣ гирифт ва акунун метавон гӯфт ки ҳалқаи васл байни кафолат кунанда ва кафолат шаванда аст. Ин робита боис мешавад ки ишколи фақр ва нотавонӣ аз байн биравад ва кафолат кунанда дар бозсозии сохтори хонаводаҳо саҳим гардад ва бо таваҷӯҳ ба тавоноиҳои худ, ятим,фақир, нотавон ё ақаб мондаеро таҳти сарпарастии худ қарор диҳад ва аз тариқи мудирияти такаффул ниёзмандии зиндагии ӯро таъмин намояд. Ин мудирият яке аз мудириятҳои пешгом дар дафтари хадамоти иҷтимоӣ аст ва нақши арзишманде дар таъмини ниёзмандиҳои хонаводаҳои бесарпараст ва ниёзманд ифо мекунад.

Таккафул чист? Такафул як робитаи инсонӣ байни кафолат кунанда ва кафолат шаванда аст ва дафтари хадамоти иҷтимоӣ ин амрро мудирият ва созмондеҳи мекунад, то кафолат шаванда бо амнияти тамом ба зиндагии оддии худ идома диҳад. Такаффул ҳолатҳои гуногун дорад: кафолати ятим, расидаги ба фақир, расидагӣ ба нотавон. Чигунагии кафолатро мудирияти такаффул созмондеҳи мекунад ки ба содаги анҷом мегирад.

Чигунагии такаффул Дархостҳои фақирҳо ва ниёзмандон аз гӯша канори кишвар дар назди дафтари хадамоти иҷтимоӣ вуҷуд дорад ва аз тариқи ин дафтар фарди кафолат кунанда шинохти кофи нисбат ба касе ки мехоҳад кафолати ӯро барӯҳда бигирад пайдо мекунад. Ин шинохт аз тариқи корти шиносои, дархости хонаводаи фарде ки назди дафтар мавҷуд мебошад ё аз тариқи боздид аз маҳалли зиндагии кафолат шаванда − бо ҳамоҳангии дафтар – ҳосил мешавад. Пас аз анҷоми тартиботи лозим барои ин кор тавасути мудирияти такаффул, куллияи кӯмакҳои кафалат кунанда дар парвандаи хосси кафолат шаванда сабт мешавад.

Анвои такаффул Кафолати ҷузъӣ; кафолат кунанда бахше аз ҳазинаҳои кафолат шавандаро уҳда дор мешавад ки байни 300 то 500 долар дар сол аст. Кафолати нима кулли; кафолат кунанда ҳадди мутавассите аз ҳазинаҳои кафолат шавандаро ӯҳдадор мешавад ки байни 500 то 1000 долар дар сол аст. Кафолати кулл0и; кафолат кунанда тамоми ҳазинаҳои кафолат шавандаро барӯҳда мегирад ки шомили 2500 долар дар сол мешавад. Касоне ки аз хадамоти мудирияти такаффул баҳраманд мешаванд 1−Ятимон; шомили ду даста мешавад. Ятимоне, ки фоқиди сарпарастанд ва ятимоне, ки машғул ба таҳсил ҳастанд. 2− Фақирҳо; фақирҳое ки наметавонанд ба хонаводаи худ расидагӣ кунанд. 3− Ақиб монда; дар сурати бемор будани сарпарасти хонавода бо инки яке аз аъзои хонавода бемории доимии хос дошта бошад.

Манобеи молии кафолат 1− ҳуқуқи шаръӣ ки шомили саҳми имом ва саҳми содот мешавад. 2− вуҷуҳи махсуси ятимон. 3− садақот. 4− нузурот. 5− закот. 4)Мудирияти садақот

Қулаки тақвимиӣ Дафтари хадамоти иҷтимоӣ тақвими солиёнаеро тарроҳи карда аст ки баъзе аз масоили фиқҳӣ ва суханони “Оятуллоҳ Фазлуллоҳ”-ро дар муносибатҳои гуногун дар бар дорад. Ҳамроҳи тақвими қулаки низ вуҷуд дорад. Яке аз аҳдофи қулак ин аст ки аъзои хонаводае ҳар рӯз бо кандан барге аз тақвим садақеро низ дохил қулак бирезанд. Ин тарҳ муҷиб гардида аст, то кумакҳои бисёре тавасути дафтари хадамотӣ иҷтимоӣ барои кӯмак ба ниёзмандон ҷамъовари шавад.

Қулаки некӯкорон Қулаки некӯкорон нақши арзишманде дар умури хайрияи дафтари хадамотӣ иҷтимоӣ дорад. Садақот, нузурот, вуҷуҳи махсуси иӣтом ва ҳамаи умури ҳусайния ба ин қулакҳо рехта мешаванд. Ин қулакҳо дар байни хонаводаҳои саросари кишвар тавзеъ мешавад ва ҳамаи афроди хонавода дар ин амри хайрия саҳим мешаванд. Ин бахшишҳои андак чун ҷуйборҳоӣ ба ҳам мепайванданд ва рӯдҳои аз хайр ва баракатро дар саросари кишвар ҷорӣ месозад.

Сандуқи неки Ин сандуқ дар маконҳои тиҷоратӣ дар Лубнон тавзеъ мешавад то садақа диҳандагон барои дафъи бало ва шод кардани дилҳои ниёзмандон садақоти худро дар он бирезанд.

4)Мудирияти фаъолитҳо Дафтари хадамотӣ иҷтимоӣ еътиқод дорад ки пайванд бо фарзандони ҷомеъа, хонаводаҳои фақир ва аӣтом ва солхӯрдагон ва ақаб мондагон аз аҳамияти бисёр бархӯрдор аст. Ин иртиботи маҳдуд набуда балки бояд ҳама ҷониба ва фарогир бошад. Чаро ки фақат ироаи кӯмакҳои модӣ барои сохтани як хонавода кофи нест балки ҳамаи умури хонавода бояд мавриди таваҷуҳ қарор гирад. Аз инру фаолитҳои дафтар бисёр гуногун гардида аст ва шомили фаолиятҳои тарбиятӣ, фарҳангӣ ва тафриҳӣ ҳадафмадор мешавад. Мудирияти фаолиятҳои дафтари хадамотӣ иҷтимоӣ мутасади ин амр аст ва дар тӯли соли таҳсили клосҳои тақвияти барои баъзе аз донишомӯзон баргузор мекунад ва дар васати таътилоти тобистонӣ сафарҳои тафриҳи ва урдуҳои омӣзиширо доир мекунад, то зимни инки таътилоти тобистонӣ барои донишомӯзон ҷанбаи тафриҳи дорад аз назари омузишӣ ва илмӣ низ муфид бошад. Ин мудирият барномаҳоеро барои хонаводаҳо низ дорад. Бо мушорикати мутахасисони равоншинос ва улуми тарбиятӣ мабоҳиси муфиде барои хонаводаҳо ироа мешавад, то хонаводаҳо бо равишҳоӣ муфид ва муасир барои тарбияти фарзандонашон ошно шаванд. Етиқод дорем, ки ҳамаи афроди хонавода тавонмандиҳо ва истеъдодҳои нуҳуфтае доранд ки ниёзманди рушд, мувозибат ва роҳнамо ҳастанд. Мудирияти фаолиятҳо бахши махсусеро маъмури ин кор карда аст, то ба кашфи истеъдодҳои нуҳуфта дар хонавода бипардозад ва онҳоро дар масири дуруст роҳнамои намояд, то самароти фаравонеро барои хонавода ва ҷомеа ба вуҷуд оварад.

5)Гуруҳҳоӣ довталаби мардумӣ, сарбозони гумном

Алломаи марҷаъ ҳазрати Оятуллоҳ Сайд Муҳаммад Ҳусайни Фазлуллоҳ хитоб ба онон мегуяд: Ман шуморо пешқадамонӣ некӯкор ва огоҳе медонам, ки тамоми тавоноиҳоӣ худро тақдими аӣтом, фақирҳо, мустамандон ва ақаб афтодагони марум мекунанд; зеро касе ки ба неки роҳнамоӣ мекунад мисли худи некӯкор аст, ки Худованд фармуд: “فاستبشروا ببيعكم الذی بايعتم به” ва Худованди мутаол ин башоратро дар дунё ва охират шомили ҳоли шумо бигардонад. Дафтари хадамоти иҷтимоӣ хадамотеро дар ироқ дар дасти онҷом дорад, ки ҷузъиёти он ба зуди дар ихтиёри алоқамандон қарор хоҳад гирифт.

Анҷумани некӯкорӣ[вироиши манбаъ]

Оғоз Дар соли 1379 ҳ.қ баробар бо 1375 ҳ.ш. Aлломаи марҷаъ ҳазрати оятуллоҳи узмо Сайид Муҳаммад Ҳусайни Фазлуллоҳ аввалин чароғи некӯкориро бо номи сарои некукории Имом Хуи рувшан намуд. Бо инояти парвардигор ва талоши афроди некӯкор ин роҳ идома ёфт ва партавҳои равшани хайр ва некӣ тамоми кишварро аз Бейрут то Биқоъ ва аз шимол то ҷануби Лубнон дар бар гирифт. Сарпарастӣ ва муроқибат аз ятмон ва дур сохтани онҳо аз фазои оворагӣ, маҳрумият ва табоҳӣ авлавияти аввал дар кори анҷумани некукорӣ буд. Бо гузашти солҳо сарпарасти иҷтимоӣ шакли ҳадафманд ба худ гирифт ва дорои руйкарди тарбиятӣ, фарҳангӣ ва ҳама ҷониба гардид, ки ҳадафи он тарбияти инсонҳои мутавозин ва мутакомил аз назари ақлу руҳу ҷисм буд. Бадин тартиб корвоне аз инсонҳои тавонманд ва коромад аз дили анҷумани некӯкорӣ берун омад ки бо вижагиҳои мумтози тарбиятӣ, фикрӣ ва динии худ бар тавонмандиҳои кишварӣ афзуданд. Бо таъсиси муассисаи Имом Ҳодӣ(а) анҷумани некӯкорӣ кудакони нобино, ношунаво ва лолро таҳти пушиши худ қарор дод. Муасисаи Имом Ҳодӣ(а) муташаккил аз се мадраса аст: мадрасаи нур барои нобиноён, мадрасаи раҷо барои ношунавоён ва мадрасаи баён барои кудаконе ки мушкилоти гуфтори доранд. Ин мадраса дарҳои бастаро ба рӯи ин кудакон гушуд ва онҳоро аз дарвозаҳои илм ва маърифату имон ба густараи зиндагӣ ворид сохт. Анҷумани некӯкорӣ барои фаҳми паёмадҳои вахомат бори солҳои ҷанг ва вайронӣ дар Лубнон, ба арсаи омӯзиш гом ниҳод ва барои тарбияти наслҳои фарҳехта ва ҳадафманд ба таъсиси мадориси таҳсилии намуна ба марокизи фанни ва ҳерфаӣ иқдом варзид. Илова бар инҳо анҷумани некӯкорӣ барои таҳкими ҳаракатҳои фикрӣ ва фарҳангӣ дар канори таъсиси марокизи беҳдошти ва бемористонӣ барои таъмини саломат ва беҳдошти ҷомеа ба таъсиси намозхона ва марокизи фарҳангӣ низ мубодират намуд. Ин муасисот ва марокиз ғайр аз муасисоте аст, ки тавасути некукорон ба сурати мустақил таҳти назорати назорати марҷаъият ки рӯзомад ва бо андиша ва огоҳӣ ба зиндагӣ назар дорад, тарроҳӣ ва иҷро шудаанд. Дар сояи таваҷуҳоти зоти муқаддаси парвардигор ин садақоти ҷория дар густараи замон барои инсонҳо ва зиндагии саодатманд хоҳад монд, ки ҳар ончи барои Худо бошад рушд менамояд.

Аҳдоф Инсонсози ҳадафи асосӣ аст, ки ҳазрати оятуллоҳи узмо Сайид Муҳаммад Ҳусайн Фазлуллоҳ ба он назар дорад. Ў оғозгари шиори некӯкорӣ ва бунёнгузори хонаҳои некӯкорӣ аст ва анҷумани некӯкорӣ аз сарчашмаҳои хирад ва андишаи ӯ нашъат гирифта аст. Ҳарчанд ки анҷумани некӯкорӣ кори худро бар ятимон мутамаркиз сохта аст, вале ин кор анҷуманро аз арсаҳои дигари некӯкорӣ боз намедорад. Муҳимтарин ҳадафҳои анҷумани некӯкорӣ иборатанд аз: Эҷоди сарпаноҳ барои ятимон, ки хонаи амн ва тарбияти ҳадафмандро барои эшон фароҳам созад ва дар тамоми мароҳили зиндагӣ ниёзҳои ононро фароҳам созад, то онон ба унвони созгори бо ҷомеа табдил шаванд ва дар масири созандагии инсон ва зиндагӣ саҳим гарданд. Сохти мадорис ва марокизи фанни ва ҳерфаӣ ва омузишӣ олӣ; ин кор мутобиқи ҷадидтарин барномаҳои тарбиятӣ ва омузишӣ ва охарин дастовардҳои илмӣ дар мароҳили мухталифи омузишӣ ибтидоӣ, мутавасита ва ҳато донишгоҳи анҷом мешавад. Сохти марокизи сарпарасти афроде ки аз назари ҷисмӣ, ақлӣ ё равонӣ дучори ақаб афтодагӣ шудаанд ё инки дар асари куҳулати син ва нотавонӣ қодир ба анҷоми вазоифи ҳаётии худ нестанд. Ин кор боиси саломат ва суботи ҷамеа мегардад. Таъмини фикрии маҷмӯаҳои илмии фаол дар ҷамеа аз тариқи тавонманд созии муаллимон бо баҳсҳои илмӣ ва тарбиятӣ; анҷумани некӯкорӣ аз ин назар ба худкифоӣ расида аст ва дар анҷоми вазоифи тарбиятӣ ва омузишии худ аз неруҳои омузишдидаи худ, истифода мекунад. Нашри огоҳӣ ва фарҳанги исломӣ дар ҷамеа бо доир кардани нишастҳо ва фаолиятҳо ва еҷоди китобхонаҳои умумӣ ва марокизи улуми исломӣ ва парваришҳои динӣ ва интишори нашриёти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва тарбиятӣ. Таъмини саломати ҷисмӣ барои мардум аз тариқи еҷоди дармонгоҳҳо, бемористонҳо, марокизи беҳдоштӣ ва озмоишгоҳ, марокизи сохти дору ва лавозими пизишкӣ ва сохти намозхона то робитаи инсонро бо парвардигор мутаодил созад. Ин иртиботи илоҳӣ боиси еҷоди руҳияи некӯкорӣ барои мардум, еҳтиром ба инсонияти инсонҳо ва мудоро бо шароит ва ниёзмандиҳои мардум мешавад. Ироаи хадамоти вижа ба ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ки мушкилоти сахт ва хосс доранд. Ин ҳадаф бархоста аз рисолати некукори ва хайрандешии анҷумани некӯкорӣ аст, ки ҳамеша онро ба унвони масъулияте бар дӯши худ еҳсос карда аст. Агар анҷумани некӯкорӣ тавониста аст, коре барои мардум намояд ва бо еҷоди муасисаҳои намуна дар заминаи тарбият, саломат, фарҳанг, хадамот ва ибодат ба рафъи баъзе аз ниёзмандиҳои ҷомеа бипардозад, ҷуз бо кӯмакҳои некӯкорони уммати исломӣ сурат нагирифта аст. Зеро рафъи ниёзмандиҳои дигарон дар гарави фароҳам шудани шароити муносиб барои зуҳури идеяҳои созандае аст, ки аз мардум ва барои мардум мебошанд.

Радиои Башоир[вироиши манбаъ]

Радиои Башоир ба сурати расмӣ дар соли 1375 ҳ.ш. баробар бо 1996 мелодӣ бо муҷаввизи фарҳангӣ ва ҷавонгаро таъсис гардид, чаро ки муҷаввизи динӣ фақат барои намояндагиҳои мазҳабӣ ато мешавад. Радиои Башоир пеш аз ин бо номи радиои садои имон аз соли 1365ҳ.ш. баробар бо 1986 милоди оғоз ба кор карда буд ва аз он тарих то кунун ҷузви радиоҳои фарҳангии мумтоз дар Лубнон ба шумор меояд. Ин радио тамоми манотқи Лубнон аз ҷануб то шимол ва аз Бақоъ дар шарқ то соҳили дарёи Медитарона дар ғарбро таҳти пушиши худ дорад. Радиои Башоир бахшҳое аз ҷануб ва Сурия аз ҷумла Димишқ ва атрофи он ва Арид дар Урдун ки ҳамсоя бо Сурия аст ва бахшҳои васеъе аз шимоли Фаластини ишғолиро ки бо Лубнон ҳам марз аст низ пушиш медиҳад. Радиои Башоир расонаӣ фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҷавон гарост, ки ба нашри арзишҳои динӣ ва инсони иҳтимом меварзад ва ин арзишҳоро ба шакли рӯзомад ироа менамояд ки бозтобе аз ҷавҳараи ин арзишҳо ва маонии пурарзиши он аст. Дар канори ин вазифа радиои Башоир ба масоили инсони ва ҷомеа таваҷуҳ доарад ва кушиш мекунад ба ҷанбаҳои иҷтимои, инсони, муҳити, беҳдошти ва суннати инсони ва ҷамеа бипардозад. Радиои Башоир кушиш мекунад арзишҳо, андишаҳо, еътқодот, шеваҳо ва манишҳои динӣ ва инсониро мутаносиб бо омузаҳои адён ба вижа Ислом охарин дини осмонӣ арза кунад. Дар ин байн аз барномаҳои шодибахш то он ҷое ки ба илтизом ва таодули радио халале ворид насозад истифода мекунад. Радиои Башоир ба ниёзҳо, алоқаҳо ва салиқаҳои мухотабони худ аҳмият медаҳад ва дар замон бандии бахши барномаҳои он ҷавонон, занон, духтарон ва ҳатто кудаконро низ дар назар дорад ва ба сурати хеле барҷаста ба эҳёи муносибатҳои исломи таваҷҷуҳ дорад. Радиои Башоир зери назари Ҳазрати оятуллоҳи узмо Сайд Муҳаммад Ҳусайн Фазлулоҳ (раҳматуллоҳ алйҳ) фаъолият менамояд ва кушиш мекунад тарҷумони андешаҳои равшани Ӯ пиромуни дин, инсон ва зиндагӣ бошад. Чаро ки андешаҳои ӯ нигоҳи исломӣ ва рӯзомад ба Ислом ва инсон аст.

Сайид Муҳаммадҳусейн Фазлуллоҳ яке аз уламо ва донишмандони бузурги Исломӣ буданд. Ин навишта аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари "http://www.bayynattj.com" эшон гирифта шуда аст

Басташавӣ[вироиши манбаъ]

Баста
Баста
Шумо баста шудаед аз сабаби вайронкории роҳнамо Википедиа барои пешгирии вайронкорӣ дар оянда.
Мӯҳлати муаяншудаи басташавӣ, беохир.

--AryanSogd 10:55، 12 январи 2014 (UTC)