Баҳси корбар:Умар Нурмаҳмадзода

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шаъбонов Норалӣ Нормирзоевич 10-уми январи соли 1958 дар деҳаи Боғучорбоғи вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Аз моҳи апрели соли 2018 то санаи 31.05.2022 сол дар вазифаи мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони ДМТ фаъолият кардааст. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадори Афғонистон буда, бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст. Шаъбонов Н.Н. пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш ба факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда Университети мазкурро соли 1981 бо ихтисоси муаррих хатм намудааст. Солҳои 1981- 1982 ба ҳайси муаллими таърих ва ҷамъиятшиносии мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё кору фаъолият кардааст.,  Солҳои 1982 – 1983 ассистенти кафедраи коммунизми илмии УДТ ба номи В.И.Ленин, аз моҳи сентябри соли 1983 то моҳи сентябри соли 1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон ба ҳайси афсар-тарҷумон, аз 25 августи соли 1985 то июли соли 1988 ассистенти кафедраи коммунизми илмӣ, аз моҳи августи соли 1988 то моҳи феврали соли 1990 муаллими таърих ва ҷамъиятшиносии техникуми полититехникӣ ва аз моҳи феврали соли 1990 то соли 2004 ассистент, муаллими калони кафедраи коммунизми илмӣ, кафедраи назарияи сотсиализм, кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, муовини декани факултети фалсафа оид ба таълим, аз моҳи июли соли 2004 то 12 августи соли 2012 мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Аз 18 августи соли 2012 то  23 сентябри соли 2015 муаллими калон, дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва аз 26 апрели соли 2018 то 31.05.2022сол– мудири кафедраи равандҳои сиёсӣ  дар Тоҷикистони ДМТ фаъолият намудааст . Рисолаи номзадии худро соли 2015 дар мавзӯи «Хусусиятҳои ташаккулёбии маданияти сиёсии ҷавонони донишҷӯ дар шароити тағйирёбии ҷомеа» ҳимоя намудааст. То моҳи майи соли 2022 дар зери роҳбарии ӯ якчанд нафар аспирантон рисолаҳои илмии худро омода намудаанд ва ду нафар унвонҷӯ ва 1 нафар докторанти PhD фаъолияти илмӣ мебаранд. Муаллифи 2 монография, ҳаммуаллиф дар 3 воситаи таълимӣ, ҳаммуаллиф дар 2 китоби дарсӣ, 6 барномаи таълимӣ, 17 фишурдаи маҷолаҳо, 30 маҷолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии таҷризшаванда ва 12 маърӯзаи илмӣ ва 43 маҷолаҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ дар маҷмӯъ 115 маводҳои таълимӣ, таълимию методӣ ва илмӣ – оммавӣ мебошад. Аз фанҳои «Сиёсатшиносӣ», «Психологияи сиёсӣ», «Маданияти сиёсӣ» ва «Асосҳои идеологияи сиёсии ҶТ ва ҶБ» ба донишҷӯён дарс мегуфт. Дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ иштироки фаъол дошта, пайваста дар шабакаҳои телевизонӣ ва радио дар атрофи масъалаҳои актуалии равандҳои сиёсии Тоҷикистон суҳбат менамуд. Оиладор-соҳиби 4-фарзанд. Рисолаи докторияш дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошт, аммо мутаассифона, Шаъбонов Н.Н. санаи 31.05.2022 сол дар синни 64-солагияш бар асари бемории қалб вафот кард.