Баҳси корбар:Шухрат Саъдиев/Бойгонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Гурӯҳҳои рӯзҳо[вироиш]

Мӯҳтарам Шухрат Саъдиев Лутфан ба ин қолаби зерин нигаред ва дар ҳолати эҷоди гурӯҳ ба мақолаҳо ҳадди ақал ба Википедиаи русӣ ё инглисӣ интервики гузоред. Саҳифаҳое ки ба дигар мақолаҳо пайванд надорад ба ҳисоби умумии мақолаҳо ворид намешавад. Мисол: {{main|28 октябр}} [[Гурӯҳ:Октябр]] [[ru:Категория:28 октября]] Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 17:31، 9 январи 2014 (UTC)

Даъват[вироиш]

Мӯҳтарам устод, хоҳиш дорам, ки дар саҳифаи Баҳс:Сурат иштирок намоед ва фикри худро нисбати номи мақола баён кунед. Бо эҳтиром,--AryanSogd 14:50، 14 январи 2014 (UTC)

Литсензиякунонӣ[вироиш]

Бале, хуб аст.

Дар боби имзо[вироиш]

Тугмаи имзо дар токчаи болои тирезаи вироиш ин гуна шакл дорад.

Илтимос, дар саҳифаҳои баҳс ҳатман имзои худро гузоред, инро метавонед ба воситаи ин нишонҳо ~~~~ ё ба воситаи тугмаи махсус, ки дар болои тирезаи вироиш қарор дорад, истифода баред.

Пас аз захира кардани саҳифа ин аломатҳо ~~~~ ба таърихи вақт худ ба худ иваз мешаванд. Ин амал ба мушоҳидони беғараз дар фаҳмидани асли мавзӯъ ё савол кӯмак мерасонад ва онҳо метавонанд кӯмаки худро пешниҳод намоянд. Ба ғайр аз ин, пас аз имзо гузоштан, шумо ба корбарон сабуки меоред, чун онҳо метавонанд бо шумо дар саҳифаи баҳс алоқа кунанд.

Бо эҳтиром,--AryanSogd 06:06، 5 Феврал 2014 (UTC)

Ташаккур барои шарҳи "боби имзо". Минбаъд имзоямро ҳатман мегузорам.Бо эҳтиром,Шӯҳрат Саъдиев 09:39، 5 Феврал 2014 (UTC)

Дар болои тиреза тугмаи Тарҷиҳоти ман-ро пахш кунед, сипас дар қуттии Ники шумо: Кадом номе, ки мақбул бошад гузоред ва тугмаи Саҳифа захира шавад-ро пахш кунед. Пас аз ҳамаи ин амалиётҳо метавонед боҷуръат аз шарҳи "боби имзо" истифода баред. Бо эҳтиром,--AryanSogd 12:03، 5 Феврал 2014 (UTC)

Даъват[вироиш]

Мӯҳтарам устод. Ман дархости ба унвони бот шуданро AryanBot барқарор кардам ва аз Шумо хоҳишмандам, ки дар овоздиҳӣ иштирок намоед ва нисбати ин дархост бэътиноӣ накунед, чун пешравии кори умумии мо аз ин вобастааст. Бо эҳтиром,--AryanSogd 11:18، 8 Феврал 2014 (UTC)

Овозамро ба тафдориатон додам. Барори кор дар рушди ВК тоҷикӣ. Бо эҳтиром --Шӯҳрат Саъдиев 13:27، 8 Феврал 2014 (UTC)

ҲАЗОР ТАШАККУР!!! Бо эҳтиром,--AryanSogd 13:33، 8 Феврал 2014 (UTC)

Request for translation[вироиш]

Уважаемый Шухрат Саъдиев перведите, пожалуйста, статью про Народного поэта Беларуси en:Ryhor Baradulin. Его произведения переведены на таджикский язык. Заранее благодарю. --Rymchonak (talk) 11:20، 4 Март 2014 (UTC)

Зиндагиномаҳои шахсиятҳои барҷаста[вироиш]

Мӯҳтарам Саъдиев, лутфан дар ҳолати эҷоди зиндагиномаҳо аз Википедиа:Саршиносӣ (афрод) ва ё сиёсати эҷоди зиндагиномаҳо ru:Википедия:Критерии значимости персоналий ё fa:(ویکی‌پدیا:سرشناسی (افراد истифода баред. Ҳамаи зиндагиномаҳои ҷавобгӯи ин меъёрҳо набуда, аз донишнома ҳазф хоҳанд шуд. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 11:39، 25 Апрел 2014 (UTC)

Мӯҳтарам ibrahim нисбати эроди Шумо доир ба манобеъи боваринок дар мақолаи зикршуда:

1. Дар Википедия:Критерии_значимости_персоналий дар боби Содержательные критерии ҳамчун манобеъи боваринок - пункти 10.Почётное звание «Народный учитель», учреждённое СССР, РФ и другими государствами ишора шудааст. Ҳасан Шарифзода унвони "Аълочии маорифи Тоҷикистон"-ро (1999) дорад.

2. Осори илмии ҳар нафар усдод аввал санҷида шуда баъд дар сомонаи ДМТ нашр мешаванд, бинобар ин маълумот боваринок аст (набошад муаллиф дар доираҳои илми ва ДМТ "беобрӯ" хоҳад шуд). Инчунин ман боз як манбаъи иловагӣ "Энсиклопедияи ДДМТ"-ро илова хоҳам кард.

3. Ба иттилооти Шумо мерасонам, ки дар Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон маҷмӯаи энсиклопедии "Олимони асри XXI дар Тоҷикистон" (ҳарфҳои А,Б,В...) барои нашр омода шуда истодааст, ки фаъолияти илмии ҳамаи шахсони унвони илмӣ (номзад ва доктори илм) доштаи ҷумҳуриро (бо рӯйхати осори илмӣ) дарбар хоҳад гирифт.

Википедияҳои дигар аз ҳар гуна Энсиклопедияҳои ҷумҳуриявию маҳаллии нашршуда манобеъашонро иқтибос меоваранд, чунки манобеъи боваринок аст. Бо эҳтиром --Шӯҳрат Саъдиев 02:54، 26 Апрел 2014 (UTC)

Нусхабардорӣ - Плагиат[вироиш]

Мӯҳтарам Саъдиев, аввал барои кӯшишу ғайрат ба Шумо сипосгузорам. Фикр мекунам мо бояд ба нусхабардорӣ аз сомонаҳо бояд хотима диҳем. Бисёр маълумоти дар ин ва дигар саҳифаҳо бе иҷозат нусхабардорӣ шудаанд, ки плагиат аст. Кӯшиш кунед пайвандҳои гуногуни бетараф ва боваринокро низ дар мақолаҳо ҳамчун манбаъ ҷой диҳед. Ташаккур --ibrahim (talk) 00:44، 26 Апрел 2014 (UTC)

Мӯҳтарам Саъдиев, Оиди ҳамин мавзӯъ инҷо баҳсе аз тарафи AryanSogd оғоз шуда буд. Мутаасифона баҳс бепосух мондааст. Лутфан ба он посух диҳед ва дар саҳифаҳо ҳатман бо истифода аз зикри манбаъ ва ҷумлаҳои худ мақолаҳо эҷод кунед. Агар аз Википедиа бо забонҳои дигар саҳифаеро тарҷума карда, инҷо гузоред, истифодаи Ёд кардани пайванди ин мақола зери меню Ҷаъбаи абзор ва гирифтани нусхаи пайванд ва гузоштан ба мақолаи нав эҷодшуда, кифоя аст. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 15:59، 27 Апрел 2014 (UTC)

Барои мисол: Носир Салимов." Википедиа, . 22 Мар 2014, 02:33 UTC. 27 Апр 2014, 15:51 <http://tg.wikipedia.org/w/index.php?title=%D0%9D%D0%BE%D1%81%D0%B8%D1%80_%D0%A1%D0%B0%D0%BB%D0%B8%D0%BC%D0%BE%D0%B2&oldid=438324>

Мӯҳтарам ibrahim ба саволи Шумо нисбати "Бисёр маълумоти дар ин ва дигар саҳифаҳо бе иҷозат нусхабардорӣ шудаанд, ки плагиат аст. посух медихам, нигаред: Плагиат (англ. plagiarism) — это копирование, перефразирование и подведение итогов работы в любой форме без подтверждения ссылками на источники и представление её как своей собственной работы Определение плагиата.

Дар мақолаҳои Сафина (ТВ) ва Носир Салимов нусхабардорӣ аз руи манобеи асоси аз сомона ки дар макола ишора шудааст, оварда шудааст ва ба мавҳуми плагиат дохил шуда наметавонад. Чунки сомонаҳо ва диг. ин маълумотҳоро барои омма, ҷомеаи башар нашр мекунанд ва ҳангоми нусхабардорӣ ба суроғаи ин сомона ишора намуданро аз муаллиф талаб мекунанд. Агар чунин маълумотҳоро аз сомонаву китобу энсиклопедияҳо нахонем чи тавр айнан ва бе хатову ғалат нисбати шахсияти ба мо ношинос, воқеаҳои гузаштае, ки мо надидем, мақола менависем? Баракс маълумоти бе манобеъ ба монанди Ралф Уолдо Эмерсон Ралф Уолдо Эмерсон - Википедиаи Тоҷикӣ аз 28.04.2014 Фейсбук плагиат аст. Муаллифе, ки дар асри 21 зиндагӣ мекунаду дар бораи файласуфи амрикоии асри 19 бе манобеъ маълумот медихад нусхабардории беманобеъро истифода намудааст. Бо эҳтиром--Шӯҳрат Саъдиев 16:53، 28 Апрел 2014 (UTC)

Мӯҳтарам Саъдиев, саҳифаи Ралф Уолдо Эмерсон ба Википедиа бо забонҳои дигар пайваст буда гуфтори ин шахс зери расмаш омаадаст. Баракс матлаби Ралф Уолдо Эмерсон аз Википедиа ба Фейсбук гузошта шуда, пайванд ба донишнома оварда шудааст. Хуб мешуд аз мавзӯъ дур нарафта ба мавзӯъоти дар боло зикршуда ва дигар баҳсҳои марбут посух медодед. Сар аз 1 май ҳар вироиш ва эҷоди мақолаҳои Шумо санҷида шуда он саҳифаҳои бидуни зикри манбаъ ва ё пурра нусхабардоришуда, аз донишнома бидуни зикри сабаб, ҳазф хоҳанд шуд. Дар ҳолати хотима надонад ба нусхабардорӣ, ҳисоби корбариатон баста шуда, ҳама вироиши қабли муддати як моҳ аз донинома пок ва ё вироиш карда хоҳад шуд. Дар дигар бахшҳои Википедиа барои ин рафтор Шумо борҳо ҳушдорҳо дарёфт кардаед, инчунин дар саҳифаи баҳсатон дар Википедиаи русӣ борҳо бо унвони Нарушение авторских прав баҳсҳо гузошта шудааст. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 17:18، 28 Апрел 2014 (UTC)
Мӯҳтарам ibrahim Шумо ба эродҳои нисбати маколаҳои камбудӣ доштаатон

(аз рӯи манобеъи овардашуда) дар мақолаи Ралф Уолдо Эмерсон дар Википедиа посухи бовариноке наовардед. Ман аз мавзӯъ дур нарафта ба мавзӯъоти дар боло зикршуда ва дигар баҳсҳои марбут посухамро бо маънои исботи плагиат чистро аз Определение плагиата овардаам. Дар рисолаҳои илмӣ, ҳатман манобеъи истфодашуда оварда мешавад, ва он плагиат шуморида намешавад. Ин таҳдидатон - "Сар аз 1 май ҳар вироиш ва эҷоди мақолаҳои Шумо санҷида шуда он саҳифаҳои бидуни зикри манбаъ ва ё пурра нусхабардоришуда, аз донишнома бидуни зикри сабаб, ҳазф хоҳанд шуд." рафтори беадолат хоҳад буд.

Нисбати баҳсҳои саҳифаи руси бо унвони Нарушение авторских прав эъроди корбарон нисбати бетаҷрибагии ман дар гузашта буд, вале ягон бор мудирони русзабон ҷуръат накардаанд, ки худсарона ҳисоби корбариамро баста намоянд. Аввал андеша, баъд рафтори шоиста кунед. Бо эҳтиром --Шӯҳрат Саъдиев 18:13، 28 Апрел 2014 (UTC)

Номгузории саҳифаҳо ва фазои холӣ[вироиш]

Мӯҳтарам Саъдиев, лутфан ба номгузории саҳифаҳо таваҷҷӯҳ диҳед, чун бархе аз номҳои осорхонаҳо хеле дароз мебошанд. Як роҳи ҳалли ин масъала ин аст (Номи осорхона (номи ноҳия)) (Мисол:Осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносӣ (Фархор)). Инчунин ба ин тағйирот нигариста, дар ҳолати вироиши мақолаҳо фосила ва ё фазо (пробелро) камтар гузоред. Баъзе номҳои гурӯҳҳо ҳам фазои холи доранд. Мисол ба ҷои [[Гурӯҳ: Таърихи Тоҷикистон]], [[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон нависед]]. Ташаккур! --ibrahim (talk) 02:35، 31 май 2014 (UTC)

Оиди Китобҳо[вироиш]

Салом мӯҳтарам Саъдиев, Шумо якчанд мақолаҳо дар бораи китобҳо эҷод кардед ва шояд бархе аз онҳо ҷавобгӯи меъёрҳои донишнома набошанд. Дар бораи меъёрҳо ва талаботҳо донишнома, ба саҳифаи навэҷодшудаи Википедиа:Саршиносӣ (китобҳо) нигаред. Он саҳифаҳое ки ба меъёр ва талаботи донишнома ҷавобгӯ нестанд, рӯзҳои наздик аз донинома ҳазв хоҳанд шуд. Ташаккур! --ibrahim (talk) 16:54، 4 Июл 2014 (UTC)

Ташаккур! Википедиа:Саршиносӣ (китобҳо)- ро хондам. Китобхои тавсиф намудаам барои хонандагони Википедия махсусан муҳасилини донишгоҳҳо аз аҳамият холи нест.
Саломат бошед! Он китобҳоро ҳамчун адабиёт ва манбаъ дар мақолаҳо истифода бурдан мумкин аст. Бояд дар хотир дошта бошем, ки пойгоҳи донишнома дар ИМА қарор дорад ва гузоштан ва ё паҳнкунии пайвандҳои китобҳое сканшуда, ки ҳуқуқи муаллиф(онашон) ҳифзшуда, ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Бо эҳтиром --ibrahim (talk) 17:37، 4 Июл 2014 (UTC)

Ба Википедияи тоҷики дахолат кардаанд[вироиш]

Салом мӯҳтарам --ibrahim Корбари ношинос 90.35.170.112 рузи 25.09.2014 аксарияти вироишҳоро ҳазф кардааст. Илтимос баркарор кунед.

Салом устод, ин корбари гумномро баста ҳамаи саҳифаҳои покшударо барқарор кардам. Ташаккур --ibrahim (talk) 11:45، 27 Сентябр 2014 (UTC)

Манбаъи Китобҳои кӯчак[вироиш]

Салом, Ба саҳифаи баҳси Китобҳои кӯчак нигаред ва ба саҳифа маълумоти иқтибосшуда аз манбаъро зикр кунед. --ibrahim (talk) 15:49، 30 Октябр 2014 (UTC)

Нусхабардорӣ ва часпониш[вироиш]

Салом мӯҳтарам Корбар:Шухрат Саъдиев, ба нусхабардории матнҳо ва часпониши онҳо аз сомонаҳо хотима диҳед. Дар ягон қисми забонҳои диграри донишномаи Википедиа саҳифаҳои мисли Кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагони МО Тоҷикистон вуҷуд надорад. Беҳтараш мақолаҳои донишномавии дигар бахшҳои забонии Википедиаро тарҷума карда инҷо гузоред ва ё аз донишномаҳои чопии тоҷикӣ истифода баред. Саҳифаҳое, ки умуман дар ягон бахшҳои Википедиа бо забонҳои дигар вуҷуд надоранд, аз Донишномаи Википедиа пок карда хоҳанд шуд. --ibrahim (talk) 15:57، 30 Октябр 2014 (UTC)

Оид ба кумита ва комиссияҳои МН МО[вироиш]

Муҳтарам корбар Иброҳим. Нисбати ҳазф намудани аъзоёни кумита ва комиссияҳои МН МО ҶТ (11 - то) зид нестам. Танӽо салоҳияти онҳоро барои донишнома гузоштан мумкин аст.--Шӯҳрат Саъдиев 16:12، 30 Октябр 2014 (UTC)

Дар бораи аъзоёни кумита зиндагиномаи онҳоро эҷод кардан мумкин аст, аммо дар бораи кумита ва коммисияҳои МН МО ҶТ ва ё дигар кишварҳо дар ягон бахши Википедиа бо забонҳои дигар мақолаи донишномавӣ ва ё энсиклопедӣ вуҷуд надорад. --ibrahim (talk) 16:24، 30 Октябр 2014 (UTC)

Ба Википедияи тоҷики дахолат кардаанд[вироиш]

Салом мӯҳтарам --ibrahim Корбари ношинос 109.68.237.55 якчанд вироишҳоро ба узбаки таҳрир карда истодааст. Илтимос баркарор кунед.--Шӯҳрат Саъдиев 13:29، 30 Декабри 2014 (UTC)