Баҳсҳои меҳнатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Баҳси меҳнатӣ)

Баҳсҳои меҳнатӣ — зиддиятҳои танзимнашудаи байни субъектҳои ҳуқуқи меҳнатӣ дар масъалаи татбиқи қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҶТ оид ба меҳнат, шартномаю созишномаҳои коллективӣ, муқаррар намудан ва тағйир додани шароити меҳнат дар ташкилотҳо, бастани шартномаву созишномаҳои коллективӣ ва иҷрои онҳо.

Дар қонунгузории меҳнатӣ 2 навъи баҳс пешбинӣ шудаанд:

  1. Баҳсҳои кории фардӣ — зиддиятҳои танзимнашудаи байни корфармо ва корманд дар масъалаҳои татбиқи қонунҳо ва диг. санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҶТ оид ба меҳнат ва шароити меҳнат, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, шартнома ва созишномаи коллективӣ пешбинӣ шудаанд.
  2. Баҳсҳои кории коллективӣ — мухолифатҳои танзимнашудаи байни корфармоён (иттиҳодияҳои корфармоён) ва коллективҳои кормандон (намояндагони кормандон) дар масъалаҳои муқаррар намудан ва тағйир додани шароити меҳнат дар ташкилотҳо, бастани шартномаю созишномаҳои коллективӣ ва иҷрои онҳо, ҳамчунин дар мавриди татбиқи муқаррароти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, шартномаву созишномаҳои коллективӣ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Баҳсҳои меҳнатӣ / Э. Насурдинов, Д. Сангинов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
  • Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д.,1997.