Jump to content

Баҳс:Амрияздон Алимардонов

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
                                                  «Шикасти  Ховар»


                                                             Эй азиз,эй некдил,ёдат ба хайр,                          
                                                             Эй сазовори хама ному шараф.                 
                                                             Зисти умре ту бахри халки худ,                            
                                                             Чонсупору чоннисору чонбакаф.
        Одататан нисбати  шахсе , ки  бароят басо наздик ва азиз  њаст, ба  замми  он  шахсияти   бузург  њаст  ва  њамчунин    бевосита  дар  пеши  чашмони  ў   ба  воя  мерасад  ва  чун  шахсият  нумуъ мекунад    сатре  навиштан  басо  гарон  њаст  ва  махсус  ваќте,  ки  чунин  азизи  чашму  дилатро  ба  якборагї ,  ногањон  аз  даст  медињї.

Барои банда низ сатре навиштан дар бораи таѓоии бузургворам Амрияздони Алимардон (рўњаш шод бод) басо сангин ва мушкил њаст. Гумон мекунї, ки дар бораи ин шахси наздики худ њама чизро медонї ва озод зиёд хоњї навишт. Вале…, Чун жарф фикр мекунї , хотирањо, лањзањои зиндагї, сўњбатњои ширини ин марди барњаќ бузурги миллатро ба ёд меоварї ва мехоњї, ки шабењаи тањаюлии ўро офарї, љуръат намекунї! Шояд таъсири сахти равонї , ки аз азамати ин шахси бузург ва олимони бузурги миллат банда бањрманд мегашт муддати тўлонї нагузошт, ки каминаи камтарин дар ќатори дигар навиштахое, ки дар матбуоти даврии кишвар пайваста ба табъ мерасонам дар бораи таѓоии бузургвори худ маколаеро ба чоп расонам. Амрияздони Алимардон ин ном , ин шахсият ба кулли мардуми тољиктабор шинос буда , дар хавзахоии илмии ховаршиносии Иттиходи Шуравии собик ва Осиёи Маркази низ шўњратёр ва љою мавќеъи худро дошт. Таѓоии бузургворам санаи 2-юми ноябри соли 1938 дар оилаи шоири тавонои доираи адабии Дарвоз Мирзо Лиќои Дарвозї чашм ба олами њастї во намудааст. Ў набераи калонии шоир Лиќо ва писари калонии бобои бузургворам Махсуми Алимардон (шахсияти бузурги олами рўњонии кишвар) њаст. Таѓоии бузургворам мактаби 7-соларо дар зодгоњаш ноњияи Дарвоз ба итмом расонида, баъдан дар мактабњои миёнаи ноњияи Муъминобод ва шањри Ќўрѓонтеппа тањсил намуда , мактаби миёнаро бо бањои аъло хатм намуда , соли 1956 њуљљатњои худро ба факултаи филологияи тољики Донишгоњи Давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин (холо ДМТ)супорида , ин даргоњи муборакро соли 1961 бо дипломи аъло хатм менамояд. Баъди хатми муваффаќонаи донишгоњ бо даъвати роњбарияти Шуъбаи шарќшиносї ва осори адабї, ки баъдан ба Институти шарќшиносии Академияи фанњои Љумхурии Точикистон табдил дода шуд ба кор даъват карда мешавад. Хотиррасон бояд намуд, ки тахавуллотњои калони сиёсие, ки дар Иттињоди Шўравї ва бархўрдњои сиёсие , ки баъди марги роњбари аввали Иттињоди Шўравї И.В.Сталин ( соли 1953) байни абарќудратњои љањонї рух медод , роњбарияти нави шўравиро ба он водор месохт, ки докторинаи нави сиёсї-иќтисодии худро аз нав кор карда барояд. Дар ин докторинаи нав ба сиёсати хориљи доири муносибатхо бо кишвархои Шарќ , кишварњои дар марњилаи миллї- озодихоњї ќарор дошта ва рў ба инкишоф нихода бо сарватњои азими канданињои фоиданок (пеш аз њама нафту газ ва бозори фуруши мол) ва њамчун мавќеъи муњими геостратегии онњо аз ќабили Шарќї Наздик ва Осиёи Марказї(кишварњои.арабї,Ирон,Афѓонистон,Њинду.Покистон,Бангладеш,Чин ,Ветнам ва нимчазираи Корея) таваљљуњи хосса зохир карда мешуд. Аз ин рў ба инкишофи илми шарќшиносї ва соњањои алоњидаи он (арабшиносї,эроншиносї, афѓоншиносї,хинду урдушиносї,туркшиноси ва гайрахо) диќќати љиддї дода мешуд.

         Ањамияти  инкишоф  додани  илми  ховаршиносї  дар  доираи  роњбарияти  сиёсии  онвактаи СССР  ба  масъалаи  дараљаи  якум   табдил  ёфта  буд. Зарурияти   инкишофи  ин  соња  дар  он  зуњур  меёбад, ки  њатто  дар  съезди  ХХ- уми  КПСС  соли  1956  аз  тарафи  роњбарияти  сиёсии  шўравї  фаъолияти  шарќшиносии  шўравї  мавриди  интиќоди  шадид  ќарор  мегирад ва чи тавре , ки дар сарсухани асархои мунтахаби  устод Б.Гафуров(Б.Гафуров«Избрание труды»М.Наука.1985-гурухи олимон тахти рохбарии шаркшиноси маъруфи шурави ,узви вобастаи  АФ-и СССР  Ким Г.Ф.ба чоп таёр намудаанд) нигоштаанд  ин интикодхо то андозае дуруст низ буда  заминаи объективи низ доштанд.	Фаромуш набояд кард ,ки инкишофи илми шаркшиносии анъанави ва аз чумла шохаи шаркшиносии илми ба маънои имрузааш моли гарб буда , асосан дар Аврупои гарби  дар асри 18   пайдо ва дар асри 19 босуръати зиёд инкишоф ёфтааст.						Пеш аз хама илми шаркшиноси дар кишвархои бузурги дорои мустамликахо аз кабили Англия,Фаронса,Холланд ва баъдан дар Олмону Италия ривочи зиёдеро дар ин давра ба худ касб намудааст.Олимони кишвархои аврупои дар ин давра ба омузиши забонхои кадима,таърихи ёдгорихои гузашта, фалсафа, дин, хукук,омузишу чамъ овардани дастхату китобхои кадима дар кишвархои зиёди шарк камари химмат баста буданд. 		Инкишофи илми шаркшиноси дар худ  чанбаи сиёси ва иктисодию ичтимоиро  тачассум намуда , барои донистани нозукихои фархангу урфу одату, шароити табии ва иктисодии кишвархои ховарзамин,олами сармоядорони гарби  ва пеш аз хама кишвархои мустамликадор манфиатдор буданд.													Дар Руссияи бузург низ бо пахноии зиёдаш , ки бо кишвархои шарк хамсархад буд ва солхои зиёд бо кишвархое чун Туркия,Ирон,Чин,Чопон проблемахои марзи, иктисоди ва сиёсии худро доштанд ба инкишофи илми шаркшиноси хеч гох бефарк набуданд ва аслан ин илм аз давраи хукумронии Пётри 1- ум дар ин кишвар ру ба инкишоф овардааст.						Пётри 1-ум сиёсати фаъолонаро бо кишвархои  шарк ба рох меандохт.(«История отечественного востоковедения до серединных века» М.Наука -1990) .(ба ёд биёред юришхои Петрро  ба Форс , экспедитсияи княз  А.Бекович-Черкесский ба  Хива соли 1717 ва катли у бо кариб 6 хазор сарбоз дар ончо ,  ирсоли сафирон ва чосусон ба Осиёи Миёна аз кабили Флорио Беневени оиди чустучуи конхои тилло ва ёфтани рохи оби ва хушкии наздиктарин ба Хиндустон).(«Ёддоштхои сафири Пётри 1-ум Флорио Беневани  оид ба сафорати у ба Форс ва Бухоро» М.Наука-1978).		Омузиши.забонхои.шарк.аз.кабили.форси,араби,турки,мугули,кал-мики,чини,манчури,гурчи,армани ,тотори ба хукми анъана даромада , хам дар назди мактабхои дини ва махсус ва хам дар назди корпусхои  алохидаи харби,хам дар назди вазорати корхои хоричи омузонида мешуд.Баъди ташкил намудани осорхонаи аввалин дар Руссия бо номи Кунсткамера дар ин кишвар чамъоварии тангахои кадима ,ашёхои нодир ва дастхату китобхои кадима ,аз чумла осори  шарки шуруъ гардид.								Ховаршиносии рус бахусус дар асри 19 зуд инкишоф ёфта,баъди таъсисёбии.донишгоххои.зиёд.дар.Петербург,Харков,Киев,Вилно,Тарту, Казон ва донишкадаи забонхои Шарки Лазаревои Москва соли 1815 ва.даъвати.як.зумра шаркшиносони маъруфи олмони,фаронсави, италияви ва гайрахо зуд таракки намуда , тавонист, ки шогирдони зиёд , олимони сатхи чахониро.таёр.намуда,корхои.зиёди.илмиро.ба.чоп.расонанд.	Олимони.бузурге.чун.В.В.Бартолд,С.Ф.Ольденбург,И.Ю.Крачковский,А.Е.Кримскый,П.С.Сичкова,Н.Я.Бичурин,Н.В.Ханников,В.В.Григорьев.ва.дигарон  шогирдони бузурги мактаби шаркшиносии русанд.Кайд бояд намуд,ки мактаби шаркшиносии рус барои поёдор гаштани пеш аз хама сиёсати вакти кишвари худ хам дар Ховари  Наздик, хам Миёна ва хам Дур аз худ накши бузургеро гузоштааст ва гузашта аз ин дар рохи омузиши тамаддуни шарки «гаркаи хоб» , ахли илму адаби он кори шоистаеро анчом додаанд.		Табиист, ки ин мактаби бузурги шаркшиносии рус баъди Инкилоби Уктабр бо тамоми шикасту рехт ва дороияш анъанаи таърихи кариб 300 солаи омузиши шаркро давом медод ва  хукумати вакти шурави низ хама вакт мухиммияти инкишофи ин чабхаи бузурги илмро, ки бо сиёсати бузургманиши ва императури хама вакт тавъаманд буд  хуб 

Бо назардошти мухимияти масъалаи Шарк ва манфиатхои миллии Иттиходи Шурави бо Карори КМ-и КПСС , роњбари аввали Тољикистони шуравї, устод Бобољон Ѓафуров чун олим ва ташкилотчии бузург барои мустањкам намудан ва тараќќию инкишоф додани илми шарќшиносии шўравї ба вазифаи масъули Директори Институти шарќшиносии Академияи Фанњои Иттињоди Шўравї таъин мегардад.Дар ин асос ташкил гаштани аввал шўъба , баъдан Институти шарќшиносї дар Точикистон мањсули сиёсати ваќти роњбарияти он давраи кишвари бузурги шўравї буда , дар ин росто аллома Бобољон Ѓафуров тавонист , ки дар асоси сиёсати ваќт масъалаи ташкили ин мањзани бузурги илму донишро ба миён гузорад. Воќеъан ташкили ин даргоњи бузург имкониятеро пеш овард, ки дар ин макони муќаддас бењтарин фарзандони миллати тољик, донандагони бузурги таъриху фарњанги мардуми тољик ва Шарќ сарчамъ карда шаванд.Ин мардуми бузург , фидоиёни рохи илм ва худшиносии милли тавонистанд, ки замони шўравї тањќиќотњои зиёди илмиеро њам дар Тољикистон ва њам берун аз он рўи чоп оваранд.Њамзамон тавонистанд, ки асарњои зиёди бузургони гузаштаи миллатро бо шарњу эзоњ бо алифбои кириллик ба нашр расонида , завќи худогохи ва худшиносии миллии тољикро ба маротиба боло бароранд.Дар ин даргох тайи солхои на он кадар зиёд тавонистанд,ки дастхатхо ва китобхои зиёди кадимаи ниёгонамонро чамъовари намуда аз фаношави ва несту нобудкуни начот бахшанд. Ба фикри банда накши ин иниститут якчоя бо пажухишгохи таъриху бостоншиноси чи тавре , ки дар боло ишора намудем дар бедории точик ва пешгирии раванди бегонакунии миллат аз фархангу адабиёти худ(аз чараёнхои ошкорои панславяни ва чараёнхои баъди соли 1937 пушида амалкунандаи пантуркисти дар дохили Точикистон)бисёр калон хаст. Чи тавре , ки директории Пажухишгохи шаркшиноси ва осори хаттии АИ- и Чумхури Точикистон олими шинохта Кароматулло Олимов дар маколаи худ «Шаркшиносии точик:дастовардхо ва пешомадхо» кайд менамояд : «Илми точик дар карни 20-ум дар тамоми риштахои худ хам табиатшиноси ва хам инсоншиноси имконияти бузурге ба даст овард.Аввалин ва бузургтарин комёби ин ташкили мактабхои тахсилоти хамагони,миёнаву оли ва дар заминаи онхо ба вучуд омадани иниститутхои илми тадкикоти махсуб меёбад»(«Шаркшиносии точик -1958-2008» Душанбе -2009). Дар асоси суханхои мазкур фикр мекунам,ки ташкили Иниститути шаркшиносии Точикистон яке аз дастовардхои бузурги милли ва фархангию илмии мо бояд арзёби гардад.

        Дар он замонњо  шарќшиносони  зиёди  тољик , кормандони ин  пажухишгохи бузург  дар кишварњои  Шарќ  дар  њайати  сафоратхонањо, њайатњои дипломатии , созмонхои хоричии шурави  кору  фаъолият  намуда , барњаќ  сафири  њаќиќии  маллати  фарњангии  тољик  буданд  ва  то  љое  тавонистанд  муваффаќона  кор  карда , обрўи  ин  миллатро  дар  сатњи Иттињоди  Шўравї  ва  хориља  бардоштанд.

Бо боварии том метавон гуфт, ки ин пажухишгоњ яке аз калонтарин ва баобурутарин марказњои илмии Тољикистон буд, ки бо фаъолияти пурмањсули кормандонаш-шарќшиносони тољик дар сатњи СССР ва шарќшиносии љањон нуфузи хосаи худро дошт.

        Хотиррасон бояд намуд,ки   паи  нуфуз  пайдо  кардан  дар  як  кишвари  азиме,  ки кариб  300  миллион ахоли ва марказхои зиёди илми-тахкикоти   дошт ва  њамчунин  ба  сатњи  љањонї  баромадан    кори  сањле  нест ва хонандаи гиромикадри ман  онро осон мапиндорад.					Чи тавре,ки устоди равоншод Амрияздони Алимардон дар маколаи худ «Омузишу тахкики таъриху тамаддуни нимчазираи Хинду Покистон»овардааст- «Сарфи назар аз таърихи на чандон тулонии таъсис ва кормандони илмии зиёд надоштан ин маркази шаркшиносии Точикистон ,  дар Иттиходи Шуравии собик хамчун пажухишгохи ба назар намоён  ва сохиби мавкеъи ба худ хос дониста мешуд  ва дар катори бузургтарин марказхои илмии Иттиходи Шурави  ба дарёфти пажухишгохи дарачаи аввал мушараф гардида буд». 
         Чунин муваффакият   пеш  аз  њама  дониш , ќобилият, истодагарї  ва  ранљу  машаќќат ,  бедорхобињои  зиёду фидоии илм буданро   дар  худ  инъикос  мекунад.

Хушбахтона мактаби шарќшиносии тољик бо дуои олимоне чун устод Бобољон Ѓафурову сарвари хеш- академик Абдулѓани Мирзоев, олимони.бузурги.тољик.аз.ќабили.А.Афсањзод,А.Турсунов,К.Айни,Љ.До-далишоев,А.Алимардонов,Њ.Назаров,С.Мерганов, Б.Сирус, А.Љонфидо, Додхудоева Л, А.Турсун,Ќањорова Н, А.Абибов, З.Ањрорї,Хромов А.Л.,Шпак.И.М.,А.Девонаќулов,М.Каноат,Љ.Назрї,М.Шањидї,М.Њусе-йнзода ва дигарон, ки њамаи онњоро дар ин маќола ба ёд овардан аз имкон берун њаст дар фарози таърихи 33 солаи замони шўравии худ тавонист, ки чун ситораи тобони Шарќ фазои илми тољик ва шўравиро равшани бахшад. Фикр мекунам, ки тамоми хонандагони тољик замони шўравї хоњ коргар буданд , хоњ прокурор ё кишоварз аз мањсули пурбори ин даргоњи муќаддас бањрабардорї намуда, бо навиштањо ва асарњои ба чоп тайёр намудаи кормандони он хуб шинос њастанд.Ба рости ин маркази илм ва дастхатхои дар ончо мавчуд буда барои хар як точики худогох ва дустдори миллати худ мояи ифтихор буд ва чун мукаддасоти милли ба он назар медухт. Мо чавонони точик бинои нигохдории дастхатхои ниёгони худро бо «Матенадаран»(Матндорон)-и машхури миллати арман киёс мекардем ва аз ин маркази худ ифтихор доштем. Анна дар њамин пажухишгоњи мукаддас таѓоии бузургворам Амрияздони Алимардон то вопасин рўзњои њаёти худ ( аз соли 1961 то моњи марти соли 2010 - ум) муддати ќариб ним аср кору фаъолият намуда, бањри инкишофи илми шарќшиносии тољик ба миллат дастрас гаштани навиштањои бузургонї миллат ва нигоњ доштани дастхатњои нодир ва ќадимаи уламои миллат хизмати арзандаи худро ба љой гузоштааст. Ў дар замони фаъолияти кории худ аз ходими хурди илми то вазифаи сардори шуъбаи пажуишгоњ иљрои вазифа намудааст. Ўстоди аслии ў дар илми шарќшиносї барњаќ аввалин директории Институти шарќшиносии Тољикистон , академики бузург Абдулгани Мирзоев ба њисоб меравад. Тањти роњбарии бевоситаи ў соли 1970 рисолаи илмиашро ба унвони «Зиёи Нахшаби ва Тутиномаи у»дар.Пажухишгохи шаркшиносии Иттиходи Шурави дифоъ намудааст, ки воќеъан он замон дар хусуси шахсияте бо номи Зиёи Нахшаби ва асархои у дар доирањои њам илми ва њам фархангии точик хонандагон камтар хабаре доштанд. Мавзуъи тадќиќоти мазкур доманадор буда, таввачљуњи шарќшиносони шўравиро низ ба худ љалб намуда буд. Азчумла , баъдан яке аз олимони маъруф, ходими Пажухишгоњи ховаршиносии АФ-и СССР дар як асари тадќиќотии худ доир ба Зиёи Нахшаби ва эчодиёти у ,ки дар шахри Москва чоп гашта буд кайд намуда буд , ки олими љавон ва боистеъдоди тољик А.Алимардонов сари мавзуъи мазкур бомуваффаќият рисолаи номзадї дифоъ намуда,гирехи масъалахои зиёдро сари ин мавзуъ кушодааст. Ховаршиноси маъруф , шодравон Зохир Ахрори дар маколаи худ оиди фаъолияти илмии Амрияздони Алимардон менигорад «Доираи таваччухи илмии А.Алимардонов васеъ буда ,масоили тахкики таъриху адабиёту фарханги даврони пешини форсу точик,таърихи адабиёти форсизабони.Хинду.Покистон,матншиноси,нусхашиноси,адабиётшиноси,тасаввуф,робитахои илмиву адабии мардуми точик бо халкхои Хинду Покистон ва муносибати ислом бо риштахои гуногуни хунару фархангро фаро гирифтааст». Матни як силсила асархо аз кабили «Хашт бихишт»-и Амир Хусрав,«Тутинома» - и Мухаммад Кодири , достони «Искандару Бурондухт»- и Абутохири Тарсуси , «Дурдонахои наср»(асрхои 10-15), «Мунтахабот»-и осори Мавлои Рум бо тахияву шарху тавзехоти у мунташир гаштанд. Аз тарафи ў асарњои дигари татќиќоти аз ќабили- « Сурат ва сирати Сино»(дар хамкори бо Ч.Додалишоев), «Абулфазли Алламї ва «Иёри дониш»-и ў, «Таърихчаи насри форсу тољик», «Таъсири аќоиду осори Абдурањмони Љомї дар афкори љамъиятии Њинд», «Муносибати дини мубини ислом бо мусики,раксу суруд ва санъати тасвирию хаттоти» ва ѓайрањо ба табъ расонида шудаанд.Ў њамзамон доир ба муносибат ва ривољи адабиёти форсї дар Њиндустон , оиди фаъолияти Носири Хусрави Ќубодиёни ва ѓайрањо татќиќот бурда, онњоро ба чоп расонидааст. Хизмати ин олими нуќтасанљ доир ба тартибу ба низоми муайян даровардани дастхатњои хазинаи осори хаттии Пажухишгоњ (ганљи тиллоии миллат) бисёр калон њаст. Ў дар тартиб додану ба чоп тайёр намудани «Фењрасти дастхатњои шарќии АФ-и ЉТ» дар чанд љилд чун яке аз олимони мўътабари матшиноси собиќ Иттињоди Шўравї барои илми тољик хизмати бебањоеро анљом додаст.

         Њамчунин  тањти  роњбарии  бевоситаи  ў  фењристи  электронии  500 нусхаи   дастнависњои  ќадима  ва  нодир   бо  забонњои  тољики, русї  ва  англиси  тайёр  карда  шудааст.Айни замон «Таърихи хумоюни»-ии Гулшани ,ки аз тарафи у бо тавзехот,сарсухан  ба  забони руси омода карда шудааст дар шахри Москва дар арафаи чоп карор дошта,чунин як осори дигарии классиконамон,ки аз тарафи у ба чоп таёр карда шудааст бояд дар ин шахри бузург ба чоп расида,дастраси хонандаи закитабъи рус ва дигар миллатхо карор  бигирад.

Амрияздони Алимардон њамчун олими сермањсул зиёда аз 400 рисола ва маќолањои илмии хешро ба чоп расонида , дар Тољикистон, Русия, Ирон, Афѓонистон, Узбакистон, Фаронса, Италия, Озорбайљон ва гайрахо оиди ганчинаи дастхатњои хаттии кишвар як ќатор маќолањои хешро ба чоп расонидааст.Илова бар ин ў дар чандин конфронсњои илми дар сатњи Иттињоди Шўравї ва хориљї бо баромадњои пурмуњтаво ва сермањсули худ маърузаи илми намудааст. Солњои зиёде њамчунин ба хайси устод дар факултаи шарќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон ба донишљуён дарс гуфта онњоро ба адабиёти бузурги форси шинос намудааст. Тайи фаъолиятї худ дар Пажухишгоњ чун матншинос ва ховаршиноси барљаста ў тавонистааст, ки шогирдони зиёдеро тарбия намояд ё бо иборае дигар ў дорои мактаби илмии хеш буд. Ба гуфти яке аз хамкоронаш «Ба андешаи мо А.Алимардонов хамчун мухаккики захматкашу нусхашиноси серкору пухтакор доир ба омузишу тахкику муаррифии нусхахои хаттии Ганчинаи дастнависхои шаркии АИ-и Чумхурии Точикистон ва фехристкунонии он осори калами хидмати калони шоистаи ситоишро анчом додаст ва хамчунин дар тарбияи маънавии силсилаи калони донишчуён, унвончуён,фаъол иштирок варзида,шогирдон ва пайравони зиёде дорад,ки дар бахшхои гуногуни илмиву фархангии чумхурии мо кору фаъолият мекунанд». Таѓоии бузургворам ба замми олими сермањсул ва тавоно буданаш боз шахсияти њалим, хоксор , хушчаќчаќ ва кушодачехра буд. Барои ў вазифа , мансабу унвон , пулу мол заррае ањамият надошт.Муњимтараш инсонгарии шахс буд ва ба хурду калон баробар эњтирому арљ мегузошт ва бо чењраи кушода ва суханони ширин ба зуди ба дили њамсўњбат љой мегирифт. Марди њимматбаланде буд. Гоњ-гоњ шўхињои намакин мекард. Аз овони кўдакиаш ва манзарањои дења , рафиќону пирони овони кудакиаш ќисса карданро наѓз медид. Дар сўњбаташ одоби муошират ва шунидани сухани тарафи муќобилро хоњ одами калон бошад ва ё хурд сахт риоя мекард. Шахси мењрубон ва дилсўз буд. Ба ин хислатњои бињиштиаш њамчунин каду комати баланди пањлавонона (давраи љавониаш гуштингир буд) ва чењраи дилкашу зебояш бо адабу ахлоќи олияш њусн зам мекард. Барои кулли љавонону наврасони деха ва дигар манотики кишвар ў тимсоли шахсияти бузурги хирадмандро дар худ таљассум мекард. Рўзи фавти таѓоиям ва љанозааш устоди равоншод Камол Айни андаке дер кард ва бо таасуф ин пири барљомондаи асобадаст изњор дошт, ки таксирон манро дуртар фаровард, пиёда омадам ва сад афсуз,ки дер кардам. Аз марги нобањангоми таѓоиям таасуффи зиёде хўрд. Изњор дошт, ки 50 сол як љо кор намудем, аз Амрияздон дар ин муддат касе сухани дурушт нашунидааст, олими тавоно, нуќтадон ва тозакор буд. Афсўс, ки миллати мо чунин олимро аз даст дод. Оре , дар сўханњои ин олими пири барљомондаи 82 солаи асобадаст, ки худ низ баъди чанд моњ ин љањонро падруд гуфт, тамоми нишонањои одамгарї, хирадмандї, дусти ва садоќатмандии њамкоре , хамнишине , дусте, ки 50 сол якљо кор карда омадаанд ба мушоњида мерасад ва мо низ ба суханњои устоди равоншод Камол Айни њамовозем. Замони кори таѓоии бузургворам аз даврањои ободи шуравї сар карда гоњ - гоњ ба ин пажуишгоњи барои миллат бузург ва муќаддас мерафтам ва фикр мекунам , ки ин рафту омадњо бо ин маркази муътабар манро бо адабиёт ва таърихи миллат сахт ќарин ва дўстдори китоб намуд.

       Имрўз  мефахрам,  ки  бо  шарофати  таѓоии  бузургворам  бо  чунин  олимони  тавонои  миллат , ситорањои  илми  шарќшиносии  шўравї  ва  тољик   аз  ќабили Њ.Назаров,Р.Ходизода  А.Афзањзод, Љ.Додалишоев, Љ.Назри , А.Љонфидо, С.Мерганов ,С.Ализода,М.Садриддинов ва  дигарон  шинос  ва  њамсўњбат  шудаам. Замони  кудакиям  бошад  устоди  бузургвор  академик  А.Мирзоевро  дар  дењаамон  дида ,  салом  додаам ,  ки  инро  каминаи  камтарин  барои  худ  ифтихори  бехад мешуморад.						Хамчунин ифтихор аз он дорам,ки ба шарофати тагоии бузургворам чанд руз пештар аз вафоти нависандаи инкилобгари  замони партократи ,бо нависандае,ки повести «Иншо дар мавзуъи озод» ва романи маъруфи «Гузашти аём»-аш дили хар як хонандаи 17-18 солаи точикро ба шур меовард шодравон Чумъа Одина дар яке аз кучахои Душанбешахр салом намуда , дасти ин нависандаи нотакрорро фишурда будам.

Зиндагии ин марди бузург , олими бузург нишонаи матиниродагї, мењрубонї, тањамтанї, росткорї, рострафторї, ростандешї, ростгуфторї буда, дар хизмати миллати арљмандаш гузаштааст, ки шоистаи ибрати њамагон аст.Шикасти се соли охири ин хонадони маъруфи води Дарвоз ва кулии Точикистони азиз тагоии азиз ва ба чон баробарамро,ки хело неруманд ва дар айни камолоти кору фаъолият буд хело ранчур сохт,гарчанде,ки у дигар хешу таборро ба сабури даъват мекард ва дилбардори мекард,лекин гаму андухаш бепоён буд. Нахуст мохи сентябри соли 2007 писари бародараш Бахтиёри 22 солаи аз сад гулаш як гулаш нашкуфтаро,ки хамон сол бахши арабии факултаи шаркшиносии Донишгохи Милли Точикистонро аъло хатм намуда буд ва чун амуи бузурги худ рох ба суи илми ховаршиносиро гирифта буд ва ногахон вафтид зарбаи чонкохе буд барои ин марди фарзонаи миллат.Тагоии бузургворам аз ин муттахассиси чавон орзую умедхои зиёде дошт.Баъдан мохи майи соли 2008 бародари кучаки хеш дастпарвари факултаи шаркшиноси ва дипломати маъруфи точик Мухамадалии 48 соларо низ ногахон аз даст дод.Марги тагоии хурдиям дар остонаи Вазорати корхои хоричии Точикистон ногахон руй дод. Фикр мекунам , ки ин хаводиси фочиа аз паси фочиа рухи тавонманди тагоии бузургворамро то андозае шикаст дод ва уро хело зиёд мушавашхотир гардонид.Ин ходисахои басо вазнин ва фочиави боиси марги нобањангом таѓоии бузургворам гардиданд. Марги ў дар овони Наврўзмоњ, санаи 15-уми марти соли равон рўх дод. Замоне, ки гулњо шукуфта њамаљо сабзањо расида , табиат либоси арўсии худро пўшида буд. Фикр мекунам, ки ин ваќт низ то андозае рамзист, зеро Амрияздони Алимардон ин олими табиатан зебо ва тавонои тољик яке аз он олимоне њаст, ки солњои 60-уми асри рафта барои љашнгирии Наврўз дар сатњи љумњурї кўшиш мекард ва ба роњбарони онвактаи дур аз фарњанги миллї оиди пайдоиши ин иди барњаќ миллї ва бузурги миллатамон бо маколахои худ мефахмонд,ки ин чашн чи гуна чашнест дар рохи созандаги ва худшиносии миллати хеш.

          У хонаи охирати худро дар пахлуи додараки зебо ва ба чон баробараш,додараки чавонмарг ва ормонношикастаи худ Мухаммадалии Лико дар оромгохи Сари Осиёи шахри Душанбе дарёфт.Бори чандум хаст,ки сари кабри ин азизони дил ва мардони сарсупардаи  ормонхои милли меравам.		Ин шахсиятхои бузурги миллат,ки бо донишу рафтори хеш, каду комати пахлавонона ва зебоии табии точиконаи  худ ифтихори ин ватану миллати чафокашида дар хоричи дуру наздик буданд ва худ миллатро сахт дуст медоштанд харду хомушанд.На садоест, на харакатест.Дилам сахт мефишорад , гиря гулугирам мекунад,дар ин лахза  миллати бузург ва дар айни замон овораи як кутти лоямут  ва аламзади худро ба ёд оварда фикр мекунам ,ки ин миллат  солхои охир  ба таври маънави  сахт шикаст хурда. 					Чи кадар олимони бузурги таърихшиносу ховаршиноси   худро дар ин.солхои.наздик.аз.даст.додем:Аълохон.Афсахзод,Ахрор.Мухторов,Хакназар.Назаров,Чобулко.Додалишоев,Асгар.Чонфидо,Зохир.Ахрори,Амрияздони.Алимардон,Камол Айни .….											Сари  ќабри тагоии бузургворам   сурати  зебояш  ва  ин  сатрњои  шоир  њаќќоки  шудаанд:
                  Ин  умр ба мењри рўи  ёрон  бигузашт,

Дар хидмати кўњи мењрубонон бигузашт.

        Ман шиква зи умри худ надорам њаргиз,					          
        К-он бањри вафои  дилситонон бигузашт.
      Ва њакќо, ки умри ин олими бузург  ба  њамин  ранг  љараён  пазируфтааст.  
      Мо  љамъи  хешу  табор, ёру дўстон  ва  шогирдон  њамагї  даст  ба  дуо  мебарем,  ки  илоњо  бињишти барин љояш  ва  хонаи  охираташ  обод  бошад. 		Омин!

Варќаи Зайниддин, хукукшинос, Узви ИЖ-и ЉТ, Аълочии матбуоти ЉТ.

         ш.Ќурѓонтеппа,	 рузномаи «Нури зиндаги». (соли 2010)
                  «СИТОРАИ ХОВАР»
                  (Ба муносибати 80-солагии зодрўзи ховаршиноси маъруфи  
                     миллат,Амрияздон Алимардонов бахшида мешавад)

Дар бораи ховаршиноси маъруфи миллати тољик, мудири шўъбаи дастхатњои хаттии Пажўњишгоњи ховаршиносии Академияи илмњои кишвар, шодравон Амрияздон Алимардонов зиёд гуфтаву навиштаанд.

Банда  дар бораи ин шахсияти накўном  ва чењраи мондагори ховаршиносии шўравї ва тољик  низ навиштаам.  Аз љумла, маќолаи калоне  бо номи «Шикасти Ховар» нисбати вафоти љонсўзи  ин шахсияти миллї навиштаам. Дар ин маќола  ба ќадри зўру  тавони  худ то тавонистам хизматњои Амрияздон  Алимардоновро  дар  љодаи рушду  нумўъи илми ховаршиносї  ва адабиётшиносии тољик  кушода додам.  Њоло мехоњам,  ки дар арафаи љашни 80 солагии ин шахсияти бузург, чењраи дигари ин олими бузургу  закитаъби шўравї  ва  тољикро ба хонандаи азизам   кушода дињам.

Бояд хотиррасон намуд, ки Арияздон Алимардонов барои банда таѓоии калонї мешавад ва шахсан барои ман њаќќи падарї дорад. Ин шахсият дар тиннати худ њам ба сират ва њам бо сурат ба андешаи банда шахсияти бињиштї ва миллие буд, ки худованди таолло ўро барои миллати мо арзонї дода буд. Аз айёми кўдакиям ёд дорам, ки бибиву бобоям, умуман њамаи хешу аќрабо ва ањли дења он замони дури ибтидои солњои 70-уми асри пор омадани таѓоиямро сахт интизорї мекашиданд. Чун таѓоям соле як маротиба (одатан охири тобистон ва ё аввали тирамоњ ба рухсатии мењнатї) ба дења ташриф меоварданд, хурсандии ањли хонадон, хешу табор ва њамдењагону њатто љамоати дењшўрою ноњияро њадду канор набуд.Махсусан ман бисёр хурсанд мешудам, зеро таѓои бузургвор ва сахиям њатман барои ман бозичањои зебо (автомат, милтиќ, автомашина, тўб…), ки он давра дар маѓозањои дењот бисёр моли камчин мањсуб меёфтанд меовард. Шумо хонандаи азиз тасаввур намоед, ки кўдаки њафтсола, ки дар дасташ автомат ва ё милтиќу таппончаи зебое дорад њангоми бозии маъмулии он давраи бачагони дења (бозии «солдату немисбозї) ва бо чунин «яроќи бозича» бо њамсолони хеш ба бозї ва «љанги зидди Гитлер» шурўъ мекунад. Ба ростї дигар бачагон ба ман бо чашми њасад менигаристанд, зеро чунин бозичаи зебо надоштанд ва њамагї бо камонѓўлакњо ва ё «автомат» -и худсохт аз сими арзизи «мусаллањ» буданд.

Баъдан  замони мактаб рафтанам ва  азхуд намудани китоби «Алифбо»  таѓои накўномам  ба хондани ман мароќ зоњир мекардагї шуд  ва  дар ќатори бозичањою  нишонњои гуногуни сарисинагии кўдакона  барои мани мактаббача  китобњои бадеъии кўдакона меовардагї шуд. Аз  он давраи дури замони дар синфњои ибтидої хонданам дар ёдам мондааст,  ки китоберо  бо номи «Телефонии чумчуќ» (ва ё «Гулмоњї»),  ки муаллифаш шоири бачањо  Нўъмон Розиќ буд, ба ман њангоми рухсатии мењнатиаш оварда буд(мутаассифона дигар китобњои  кўдаконаи ранга  ва зебои овардааш  аз лавњи хотираам рафтаанд).  
Ман  ин китоби  шоири зиндаёд  устод Нўъмон Розиќро  бо пуррагї дар њамон замони синфи 2-юм хонданам пурра аз худ  карда  шеърњояшро  азёд  медонистам ва  худорањматии таѓоиям,устод Амрияздон Алимардонов маро ташвиќ мекард,  ки  китоби бадеъии зиёд хонам. Гуфтан мумкин аст,  ки анна њамин  гуна китобњои рангаи зебое,  ки  таѓоиям барои ман савѓо меовард, роњи китобхона  ва китобдўстиро барои ман  барои як умр  кушод (китобхонї имрўз  барои  ман анъана шудааст  ва агар баъди  кор  камаш сї-чињил  сањифа  китоб  бо забонњои  русї  ё тољикї нахонам  хоб аз чашмонам мепарад).  Аз  ин рў, барои њидояти падаронаи таѓо  ва устоди бузургворам  Амрияздон Алимардонов  барои абад  аз  ў  миннатпазирам.

Ёд дорам, ки чун таѓоям аз автомашина назди хона мефаромаданд, ба зудї њамсояњо , њамдењагон , хурду калон ба дидори таѓоям мешитофтанд ва ўро гарм дар оѓўш гирифта ањволпурсї мекарданд. Таѓоям, ки шахси болобаланд ва симои зебои ориёї ва бањодурона доштанд (замони донишљўї пањлавони хубе низ буд) бо табассум ва муносибати гарм бо њама хешу табор, волидайн, њамдењагон вохўрї мекарданд ва аз њама њолу ањвол мепурсиданд. Мўйи сари зебои шоназада, ќаду ќомати боло, зебогии махсус бо оинањои чашм ва либоси тозаю озодаи шинам ба таѓои азизам њусн болои њусн зам мекарданд. Ба замми ин устод лутфи баланди сухан дошт.Суханњои зебои чун дурру марворид аз дањонаш баромада, бемуњобот њар шиносу ношиносро ба таѓоям љалбу касро мафтун мекард.Бояд иќрор шуд, ки дигар дар умри худ ягон љавонмардеро бо чунин ваљоњату забогї, чењраи хотирмон вонахўрдаам!Таѓоям чун номаш зебо буданд ва нури яздони пок бо иборае дар љабинашон њувайдо буд. Ин сухане њаст, ки дар худ љавњари њаќиќат дорад ва онро камина солњо зиёде ба мушоњида гирифтаам. Бахусус вохўрии таѓоии бузургворам бо модараш, худорањматии модаркалонам бисёр аљиб ва боњаловат буд. Ин як манзараи аљиби дидори модару фарзанди калонии хонадон буд, ки шахсан ман онро бо љузъиёти пуррааш тасвир карда наметавонам ва аз ин рў аз шумо хонандагони азиз маъзарат мехоњам! Одатан модаркалонам таѓоямро ба оѓўш гирифта, гаштаю баргашта аз пешонии зебои писари пањлавон, олим ва машњури худ мебўсид. Ба назари банда модаркалонам аз бўсидану навозиши писари калонї њељ серї надошт(ба андешаам њамаи модарони олам то охир чунинанд). Вохўрии таѓоям бо бобои бузургворам низ, ки аз мактаби пањлавонии Дарвоз гузаштаву худ рўњонию сўфии маъруфи замони худ буд, низ њамин тавр зебо, падарона ва писарона сурат мегирифт. Дар ин асос хонандаи азиз аз муносибати таѓою бобои шодравонам аз замони хурдї то рўзњои охирини зисти бобои бузугворам, ин пири маънавии рўзгори шўравии миллати тољик Махсуми Алимардон як чизро дарёфтам, ки таѓои бузургворам дар назди бобоям њељ гоњ сар баланд намекард ва ба назарам шарм дошта , хўсида-хўсида сухан мекард.Ба андешаи банда, бо он салобати њакимона, орифона ва сўфиёнае, ки бобои бузургворам дошт,ба њар њол таѓои зиндаёдам бешаку шубња пеш аз њама аз њиммати љавонмардї, оини њурмати волидайн, њурмати падарї кор мегирифт ва назди падари бузургвори худ бо тамкин сухан мегуфт.Дар ин љо низ њикмату фалсафаи бузурги ниёгон оид ба ќадри баланди падар дар назди фарзанд истодааст ва таѓои бузургворам то охир бо тамоми љузъиёташ онро риоя мекард. Бояд гуфт, ки ин шахсияти накўхислат, олими пуркор ва сермањсули тољик,яке аз бењтарин матншиносони сатњи Иттињоди Шўравї ва Осиёи Марказї нисбати њама , азљумла бародарон, мо љиянњо, махсусан хоњаронашу хешу табор, њамсояњо , хурду калони дењ хело мењрубон буд ва иззату эњтироми њамагонро ба љой меовард. Ба назари ман он чиз аљиб аст, ки таѓои бузургворам нисбати таѓоињояш бисёр мењрубон буд, эњтироми онњоро сахт медонист ва агар нисбати таѓо касе сухани каме дуруште мегуфт, сахт оташин мешуд ва эрод мегирифт(ман дар ягон њолати дигар оташиншавию эроди таѓоиямро нашунидаам). Росташро гўям чунин хоњарзодаро низ њамаи таѓоињо ва ањли оилаашон сахт дўстдорї мекарданд ва то андозае ўро мепарастиданд! Ёд дорам таѓоии бузургворамро тамоми сокинони дења ба мењмонї даъват мекарданд. Аз ноњия, дењшўро низ роњбарону раисон ба хона меомаданд ва гирди дастурхони пурнозу неъмати бобою бибии љаннатиям, ки худорањматии бибиям он замон катбонуи раќами яки водї буд то дергоњ сўњбат мекарданд. Мани кўдак низ он замон бисёр ваќт дар кунље љой гирифта, сўњбатњои калонсолонро бо мароќ гўш мекардам. Сўњбатњои бобоям, таѓоиям, мўйсафедони босаводи дењаамон ва устодони дењаамон ба назарам хело њакимона, орифона ва то андозае шоирона буданд ва мани наврас аз ин сўњбатњо барои худ дурри маќсуд дармеёфтам, ки дар оянда барои ман дар зиндагї хело кор доданд.Алалхусус сўҳбатҳояш бо дўсти бачагї, хеш ва ҳамсинфи азизаш полковники амниятї Салмон Љамолов, ки дар Тошкент кор мекарду бисёр ваќт дар сафари Афғонистон ќарор дошт ва ин шахсият низ замони шўравї чеҳраи мондагори низомии миллати тољик дар сатҳи шўравї маҳсуб меёфт бисёр хотирмон буданд.

 Чунин сўҳбатҳоро ҳамчунин бо ҳамсабаќон ва дўстони замони бачагияш академик Юсуфшоҳ Ёќубшоҳ, омўзгорони номвар Саломатшоҳ  Пайкишоев , Давлатљон Њољатов  ва  ҳамчунин ҳамкурсони азизаш зиёд анљом медоданд.Шахсан эњсосоти баланди дўстдории миллат, ватандорї, бедории миллї,  худшиносии миллии хело баланди тољикона, ки замони мактаби шўравї дар ман барваќт пайдо гаштаву  эњтироми тољику тољикият  дар андешаи банда  пайдо гашта , ана  аз шунидани њамон сўњбатњои хуби орифонаи  суратгирифта маъво гирифтаанд!
Он давра  буд, ки тафаккури андешаи озодфикрии банда охири солњои њафтодуми асри пор  хело чуќур рафтаву  манро аз  њамсолон хело боло гузошта буд ва он чизеро, ки он давра оиди миллат камина меандешид  њамсолони ман сарфањм њам намерафтанду дар андешаашон низ мантиќан љой намегирифт!

Бояд гуфт, ки њамон ваќт буд, ки дар синни дувоздањ-сенздањ солагиям маљаллаи бењтарин адабии он давра «Садои Шарќ» барои мани наврас мањбубтарин маљалла гашта онро, ки хушбахтона бобои олиму њакимам обуна буд ва захираи бузурги «Шарќи Сурх»-ро низ нигоњ медошт пайваста мутолиа мекардам. Ман чањордањсола нашуда , аллакай китоби шахсии худорањматии бобоям «Таърихи мухтасари халќи тољик»-и устод Б. Ѓафуровро, ки дар муќовааш соли 1947 ва ё 1949 навишта шуда буд бо пуррагї хонда баромадам! Дар синфи њаштумиям аллакай назарияи «партиявияти адабиёт»-ро сахт ба зери шакку шубња гирифта(дар адабиёти тољики синфи 8-и он замон ин мавзўъ чой дошт) аз устодони мактабиям шубњаи худро нисбати ин назарияи В.И.Ленин сари ин масъала озод баён медоштам ва онњоро суханњои ман замони хуфия сахт ба шигифту дањшат меовардам.Устодони азизи ман бошанд намедонистанд , ки ба мани мактаббачаи чунин суханњои «ѓайрисиёсї»-ро гуфта чи љавоб дињанд(он замон ин назарияро ман мантиќан бо филмњои кишвари капиталистии {индустон, ки онљо борњо олами сармоя мавриди њаљв карор мегирифт муќоиса намуда, њайрон мемондам, ки чаро дар кишвари капиталистї сармоядорон њаљв мешаванд?!). Ба шарофати таѓои бузургворам ман замони кўдакї аллакай номњои устодон Бартолд, Бертелс Б.Ѓафуров, Бразинский,Семёнов, Саид Нафисї ва дигаронро хуб медонистам.

Хушбахт аз  онам,  ки  ховаршиноси маъруфи сатњи љањонї , устоди аслии  таѓоям Абдуѓанї Мирзоевро (бояд гуфт, ки шодравон Абдулѓанї Мирзоев шогирдаш  Амрияздон Алимардоновро зиёд дўст медоштанд ва на њар олими замон ба чунин лутфи ховаршиноси забардаст ноил шуда метавонист) дидаам.{амчунин бо чунин донишмандони бузурги давр, устодоне  чун {аќназар Назаров, Камол Айнї, Аълохон Афсањзод, Љобулќо Додалишоев, Љонфидо, Расул {одизода, Худої Шарифов, Савлатшоњ Мерганов,Зоњир Ањрорї   ва дигарон салом намудаам.{амчунин ба шарофияти таѓоиям як рўз пеш аз вафоти нависандаи бузургу дўстдоштаи мо он замон  Љумъа Одина бо даст салом намуда будам!Ин  амалњо  бешаку шубња  мояи ифтихори ман њастанд.
  Замони донишљўй  буданам оиди вуљуддошти дењањои ба истиллоњ «Тољикќишлоќ» дар Доѓистон, ки ба  ў ховаршиносони доѓистонї  наќл намудаанд аз забони таѓоиям бисёр шунида будам.Баъди зиёда аз сї соли гуфтаи  ў дар сайти интернети маќолаи олими тољики руссиягиро  аз Руссия оиди тољикони шањри Rизилёри Доѓистон, ки дар Русия чоп гашта буд дарёфтам ва ба дурустии суханони таѓоиям  яќинан боварї хосил намудам.Аз ин рў ду сол пеш ба хотири арвоњи поки таѓоиям ин маќоларо аз русї  ба тољикї баргардонида, дар њафтаномаи «Озодагон» чоп намудам, ки он аз тарафи хонандагони тољик бисёр хуш  ќабул гашт.
Таѓоии  бузугворам солиёни дароз дар Донишгоњи миллии Тољикистон дар факултаи ховаршиносї  аз адабиётии форсии  ҳавзаи  {инд дарс мегуфт ва бо муносибати зиёиёна,  орифона ва дониши баланди худ мањбуби  њам донишљўёни ховаршиносу  њам филологияи тољик гардида буд.Барњаќ  донишљўён ба таври афсонавї таѓоии азизамро дўст медоштанд, зеро муносибати самимї   ва устодона онњоро ба ин чиз водор месохт.
Муносибати таѓоиям бо њамсинфон ва њамкурсон низ бисёр орифона ва ошиќона буд, ки ин мавзўъ бо он эњтироми чунин њамсинфу  њамсабаќу шогирдон   сазовори маќолаи алоњида хоњад буд!
  Эшон нисбат ба устод Турсунзода, Љаббор Расулов ва шахсан пешвои миллат  Эмомалї Рахмон эхтироми хосаеро дошт.Замони фурўпошии Иттиҳоди Шўравї ва ба устод Мирзо Турсунзодаю асарҳои ў эрод гирифтани мунаќќидони навбаромадро бо ќаҳру ғазаб пешвоз гирифта,  аз устод Мирзо Турсунзода чун бузугтарин ва номвартарин тољики давр сахт пуштибонї мекард.
Доири ин шахсиятҳо мудом изҳори аќида мекард ва роҳбари давлат Эмомалї  Раҳмон ва муносибаташро бо устодоне чун ў ва дигарон  дар он замони дури аввалин вохўрияш дар солҳои 1993- 1994 дар роҳи ба ҳам овардани миллат  чун шахси калидии Тољикистон дарёфта буд  ва доиман аз Президенти кишвар ва эҳтироми ќабулаш   нисбати олимони собиќадор ва маъруфи тољик сари  масъалаи ба сулх кашидани тољикон дар он давраи мушкил ёдоварї  мекард  ва ин мавзўъ низ шоистаи маќолаи хонданибоби ояндае хоҳад буд! 
 Хулоса, метавон оид ба таѓоии бузургворам, чењраи ошиќона, олимона, орифонаи ин ховаршиноси бузурги миллати тољику шўравї  соатњо њарф зад, лекин бо њаминаш иќтифо мекунам.  
Хотираи ин марди накўному шариф  њама ваќт дар дилу дидаи  шогирдон, хешу табор, мактаби ховаршиносї ва ќалби миллат љовидон  хоњад буд. 
 «Мард намирад ба марг ,марг  аз  ў ном љуст,
   Ном чу љовид шуд, мурданаш осон куљост». 
   Рўњаш шоду  хонаи охираташ обод бод.
   Омин!

Варќа Зайниддин, шањри Бохтар 21 .10. 2018 сол.

           НАШРИЯИ «ДУНЁ»

Start a discussion about Амрияздон Алимардонов

Start a discussion