Баҳс:Воситаҳои нақлиёт
Untitled
[вироиши манбаъ]Нақлиёт аз калимаи лотинии transport гирифта шуд маънояш љойивазкуни, мекашонам, мебарамро фањмонда томоми соњањои истењсоли ва ғайриистењсолиро дарбар мегирад. Якумин воситаи техникие, ки хушкигардон њамчун нақлиёт истифода мебурданд ин чағанањои чубин ва барои њаракат дар об заврақњои аз чуб сохташуда буданд Наклиёти Тољикистон яке аз љузъҳои људонашавандаи иктисодиёт буда, элемента асосии инфраструктура(зерсохтор)-и истехсолї мебошад. Дар Тољикисгон нақши муњим доштани инфраструктураи наклиётї аз мураккабии релефи кўњии мањал бар меояд Оғози ташаккули системаи наклиётии мамлакатамон ба миёнаи солҳои 20-и асри гузашта тааллук дорад, њангоме, ки њалли масъалаҳои њалталаби наклиётї барои тамоми просесси инкишофи ичтимої- иктисодии чумњурии љавон асосї буд. Дар солҳои 1926-1929 роњи охани Термез- Душанбе сохта шуд, ки мушкилоти алокаи Чумњуриро бо шабакаи роњи оњани собиқ ИЧШС њал намуд. Солҳои 1929-1931 барои хидмати наклиётии сохтмони канали оббёридихандаи Вахш роњи охани камбари Панчи Поён сохта шуд, ки сониян ба роњи истифодаи умум табдил меёбад. Дар хамин давра рохҳои автомобилгарди нихоят муњим барои чумхурї ва нахустин дар њудуди он сохта шудаанд, ки алокаи дохилии иктисодиро, алалхусус, дар ноҳияҳои чанубї (Душанбе-Термез, Душанбе- Кургонтеппа, шохрохи Помири шарқї Уш- Хоруг, Душанбе- Ленинобод, сонитар шохрохи калони Помир Душанбе- Хоруг) таъмин мекард. Дар соли 1924 аввалин хати хавоии Душанбе- Тошкент кушода шуд. Дар фурсати начандон калони таърихй Тољикистон аз кишвари қадимаи бероњ ба љумњурии дорої нақлиёти замонавї мубаддал шуда, дар ин самт роњро аз пайрањањои куњї ва шоњроњњои корвон то ба автомагистралњо ва роњњои хавої тай намуд. Сохтмони рохи охани Кургонтеппа-Кулоб, таъмири рохи мошингарди Кулоб-Калайхумб ва сохтмони нақби Анзоб, Истиқлол, тачдиди рохи автомобилгарди Кулоб-Дарвоз пурра ба охир расид. Ширкати хавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон-Эйр» сафарҳои њавоиро ба Аморати муттахидаи Арабистон, Ҷумҳурии халкии Чин, Туркия, Хиндустон. Ҷумҳурии Исломии Эрон. Ҷумҳурии Исломии Афгонистон, Русия, як катор давлатҳои Аврупо ва дигар давлатњо ба амал меоваранд. Кайд кардан лозим аст, ки имрўз дар бозори хидматњои њавої ширкатњои дигар давлатњо ворид шудаанд, ки шумораашон зиёда аз 20 ададро ташкил медињанд. 3. Наклиёт сестемаи мураккаби динамики ва соҳаи бисёр мухими иктисодиёти хар як мамлакат мебошад. Фаъолияти бомуваффакият ва тараккиёти соҳаҳои мухталифи иктисодиёт ва ноҳиях,ои гуногун, мавзеъҳои мухталиф аз кори наклиёт вобастагии калон дорад.. Дар навбати худ сатҳи тараккиёт ва самаранокии фаъолияти иктисодиёт ба наклиёт таъсири калон мерасонад. Хачми кори наклиёт аз кори соҳаҳои мухталифи иктисодиёт вобаста аст, чунки наклиёт махсулоти дар соҳаҳои гуногуни иктисодиёт истењсолшударо мекашонад. Наклиёт сатҳи фаъолонокии иктисодиётро бо истеъмолот мепайвандад. Муттасилии раванди истехсолот аз тарзи ташкили робитаҳои наклиёт, аз интиколи ашёи хом махсулоти тайёр ва нимтайёр ба микдори зиёд вобастаги дорад. Наклиёт хамлу накли намудҳои мухталифи ашёи хом, сузишворй, махсулоти тайёрро аз махалҳои истехсолот ба махалҳои истеъмолот ба чо оварда, раванди истехсолотро дар тамоми соҳаҳои иктисодиёт давом медихад. Истехсолот-натичаи ин ва ё он фаъолияти иктисодй мебошад. Фаъолияти иктисодй ба конеъ гардонидани талаботҳои одамон равона шудааст. Дар шароити кунуни кисми ками талаботхо бидуни иштироки наклиёт конеъ гардонида мешаванд. Наклиёт кисми фаъолияти иктисоди, буда дарачаи конеъ гардонии талаботи одамон бо мол ва сафар нисбати тагйирёбии мавкеи географии ба чо оварда мешавад. Аз дарачаи тараккиёт ва истифодаи окилонаи системаи наклиёти худрави самаранокии иктисодиёти Чумдурии Тоҷикистон вобастагии калон дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби шароити хоси ташаккулёбии системаи наклиёти, релефи кухи, доштани кисми зиёди мавзеи чумхури, мавдудиятҳои истифодаи намудҳои мухталифи наклиёт, наклиёти худрави намуди асосии накдиёт ба хисоб меравад. Дар шароити бозоргони вазифаи асосии МНА пурра ва босифати баланд коиеъ гардондани талаботи мизочон дар хамлу накл мебошад. Барои ичрои ин вазифа МНА бояд муаммоҳои зеринро хал намоянд: - истифодаи окилона ва комили парки автомобилхо; - тезонидани интиколи борхо; - камкунии вакти таваккуф хангоми борборкуни - борфарори; - истифодаи технологияҳои нав ва комили боркашони ва хидматгузории наклиёти; - ташкили босифат ва саривактии хидматрасонии техники ва таъмири чории автомобилхо; -истифодаи имкониятҳои сершумори баланд бардоштани чобуки ва зудамалкуни хангоми хамлу накли бор ва хидматгузории наклиётй.
Системаи нақлиётї гуфта- ин робитаи нақлиётњои гуногунро дар якљояги фањмидан дуруст мебошад. Дар системаи нақлиётии мамлакат намудњои зерини нақлиёт шомиланд: нақлиёти роњи оњан, нақлиёти бањрї, нақлиёти дарёї, нақлиёти автомобилї, нақлиёти њавої, нақлиёти қубурї ва нақлиёти махсусгардонидашуда. Тавсифоти техники њар як намуди нақлиёти дар боло овардашударо дар дарсњои минбаъда дида мебароем. Вобаста ба характери њамлу нақл нақлиёти боркаш, мусофирбар ва интиқолдињандаи маълумот ва энергияро фарқ мекунанд. Вобаста ба таинот нақлиёт ба намудњои нақлиётњои зерин тақсим мешавад: нақлиёти истифодаи умум, ки ба соњаи муомилоти мол ва ањолї хидматгузорї мекнунад, нақлиёти истифодаи ғайри умум-дохили истењссолї ва тобеъи идорањо, нақлиёти шахсї. 1. Нақлиёт дар давлат вазифањои муњими иқтисодї, сиёсї, иљтимої маданї ва мудофиавиро иљро мекунад. Ањамияти иқтисодии нақлиёт аз он иборат аст, ки ин соња звенои зиндаи истењсолт мебошад. Ба ибораи дигар нақлиёт системаи хунгузари давлат аст. Бе соњаи нақлиёт аз худ намудани ноњияњои нав ва аз худ намудани боигарињои табии ғайри имкон аст. Ахамияти сиёсии нақлиёт дар он аст,ки ин соња ба хотири муттањид намудани давлатњои мухталиф дар асоси базаи модии худ нақши муњим дорад. Ба воситаи нақлиёт мубодилаи мол ва рафтуомад байни давлатњо густариш меебад. Ањамияти иљтимоии нақлиёт ин пеш аз њама таъмини сафарњои корї ва маиши ба ањолї мебошад. Ањамияти мадани нақлиёт хеле бузург ва гуногунљабња мебошад. Пеш аз њама, ин соња, ба муоширати байни халқњо ва қонеъгардонии қобилияти эстетики(пайдоиш ва инкишофи санъат,зебои)-и мардум хидмат мерасонад. Ањамияти мудофиавии нақлиёт доимо дар мадди назар буда осоиштагии њаёти љомеаро таъмин менамояд. Дар њама давру замон нақлиёт њамчун яке аз омилњои муњимтарини мудофиавии давлатњо шинохта шудааст. Барои бењбудии соњаи нақлиёт дуо мили асоси мављуд аст. Аввал он ки дар њама сохторњои ташкилию кории ин соња низоми хуби мењнат ва тартиботи технолгї ва давлатиро ба роњ мондан зарур аст. Дуюм вусъат бахшидан ба прогрессияи илму техника.
2.Нақлиёт инфраструктура (зерсохтор)-и истењсолот буда хидматрасониии тамоми соњањои иқтисодиро фаро мегирад. Истихрољ, саноат ва фаъолияти хољагидорон аз нақлиёт вобастагии калон дорад. Ин зерсохтор инчунин тамоми воситањои алоқа, системаи таъминоти моддию-техники ва манбањои пайдоиши энергияро низ дарбар мегирад, қисми људонашавандаи истењсолот ва истемолот мебошад.
Мањфуми нақлиёт якчанд љабањаро дарбар мегирад:
-инфраструктураи шабакањои нақлиётї ва иншоотњои техникї;воситањои нақлиётї;идоракунї.Ба инфраструктураи шабакањои нақлиётї роњњои автомобилї, роњњои оњан, роњњои њавої, каналњо ,қубурњо ,кўпрукњо, нақбњо, роњњои обї, корхонањои таъмирї, нуқтањои фуруши сўзишворї, воситаи алоқа ва ғайра дохил мешавад. Ба зерсохтори шабакавї инчунин марказњои нақлиётї ва ё терминалњо, ки дар онњо азнавборкунии бор ва ё мусофирон ба дигар намуди нақлиёт сурат мегирад. (мисол фурудгоњњо, истгоњњои роњи оњан, истгоњи автобус ва ё портњо ва терминали 2929).Ба воситањои нақлиётї автомобилњо, қаторањо, таёрањо, киштињо, насосњо, симњо ва таљњизотњои интиқолкунанда информатсия мањсуб аст.
Идоракуни яке аз љабњаи асоси мављудияти нақлиёт буда бо воситаи қонунњои амалкунанда тракиби њаракаткунанда ва худи ронанда зери назорат қарор мегирад. Мисол идоракунии автомобил, паравоз, локомолтив ва риояи қоидаи њаракат дар роњ.
Хусусияти асосии нақлиёт чун соњаи истењсолоти моддї ин аст, ки дар нақлиёт мањсулоти нави модди ба вуљуд оварда намешавад. Дар натиљаи љараёрни истењсолї мавқеи бор ва ё мусофирон тағир ёфта њамзамон арзиши нави истеъмолї ба вуљуд меояд.Ин хусусияти нақлиёт чун соњаи истењсолоти моддї сабабгори он шуд, ки то њол ақидањо барои мањсулоти нақлиёт гуногунанд. Аксарияти муаллифон бар он ақидаанд, ки мањсулоти нақлиёт ин њамлу нақл мебошад, зеро бо маънои иқтисоди «мол» то он даме, ки ба истифодабарандаи охирон интиқол нашавад комилан таёр намебошад.Бояд гуфт, ки нақлиёт дар иқтисодиёти мамалакат на танњо њамлу нақли бор ва мусофиронро ба љо меорад балки ба љараёни азнавистењсолкунї, ташакулёбї ва истифодабарии мањсулоти захиравї дар истењсолот ва истеъмолот таъсири калон мерасонад.
Њамин тариқ нақлиёт ба рушди љамъият ва алоқа, ки яке аз асосњои иқтисодиёт мебошанд ёри мерасонад. Нақлиёт яке аз соњањои мењнаттталаб буда зиёда аз 10%-и коргаронро дар кишвар ташкил медињад. Соњаи нақлиёт 60%-и мањсулоти нафтї, 20% пўлод, 80% қурғошим, 70% резина ва каучукњо ва 40% локу рангњоро истифода мебарад. Харољоти нақлиёт барои кашониш ва боркунию борфарории мањсулот 15-18%-ро ташкил медињад, аммо харољоти нақлиётї барои борњои мухталиф гуногун мебошад. Масалан харољот барои кашониши мањсулоти нафтї 40%, борњои сохтмонї 50% ва мањсулоти хурокворї 25%-ро ташкил медињад.