Jump to content

Баҳс:Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мӯҳтарам Саймумин Сатторович Ятимов! ,

           Рости имсол ба Ворух рафтани ман сараввал ба хизмати модари бузургвор рафтан буду дуввум ният доштам аз сӯҳбати  инсони бузурге чун шумо  баҳравар шавам. Охир вақте сухани дар ҳимояи Ватан кардаи Шумо “Ман формаи генералиро як сӯ мегузораму ҳамроҳи Шумо ворухиён барои ҳифзи марзи Ватан ба сангар мешинам” ба гӯши ман расид дар дил аҳд карда будам, ки албатта ба Шумо барои ин сухан сипосгузорӣ хоҳам кард. Афсус, ки бемории коронавирус нобаҳангом гиребонгир шуду  ман пас аз табобати тулонӣ каме шифо ёфта барои давоми табобат  ба назди фарзандон ба Руссия омадам. 
              Гарчанд имкони вохурӣ пайдо нашуд Шумо дар қалби ман  чун раҳрави роҳи таҳқиқ , ки дар роҳи вафодорӣ ба Ватану миллати худ гом мезанеду вуҷудатон пуропури муҳаббати Тоҷикистону тоҷикистониён аст, мақоми хоси худро пайдо кардаед.  

Соли 1973 Руминия аъзои МВФ(Захираи асъори байналхалқӣ) шуд. Қарз гирифт. Мобайни солҳои 80 қарзи вай ба 22 млрд доллар расид. “Залог вкуснее долга” (Гарав ширинтар аз қарз аст) гуфта конҳои тиллои Руминияро Амрикоиҳо ба гарав гирифтанӣ шуданд. Чаушевский рад кард. Давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ барин “карточный система”(тартиботи варақӣ) ро ҷорӣ кард. То майи соли 1990 пурра қарзашро дод. Ин роҳ , тарз, услуб ба массонҳо маъқул нашуд. Шӯриши сохтае гузаронида Чаушевскиро ба ҳамроҳии ҳамсараш куштанд. Ворух барои қиргизҳо ана ҳамин залоги Тоҷикистон аст, яъне бо забони халқ гӯем гушти лахм асту баробари конҳои тилло қадр дорад. Аз нигоҳи стратегӣ Ворух ягона мавзеъ ҳаст, ки Қирғизистон тавассути он метавонад ба Тоҷикистон фармонраво бошад. Аз ин рӯ Қирғизистон то замони сохибқудратӣ нисбати давлати мо ҳусни тафоҳум дорад , аммо бо ҳар восита намегузорад, ки ҳудуди Ворух аниқ карда шуда аз “ анклав” и сунъӣ берун оварда шавад. Дар ин роҳ ӯ ҳамсони массонҳо ба ҳар гуна амалиёт ҳатто куштор тайёр аст. Пайдоии ҳақ нанги далоил написандад, Хуршед на чизест, ки ҷӯйӣ ба чароғаш. Охир то имрӯз куштани 36 ҷавони ворухӣ магар исботи ин суханон нест. Қадами мубораки Шумо ва ҷавҳари мусаффои қалби созандаи Шумо имрӯз Ворухро бо ҳама гавҳари асрораш ба маърази таҳқиқ баровард. Мо ворухиён имрӯз Шуморо чун рӯшандиле дар мутоилаи китоби аҳволи омма ва огаҳе аз рамузи саҳифаи қалб шинохтем. Яқин аст, ки ҳикоёти ҷуръату матонат ва хислати созандаи Шумо аз сина ба сина гузашта дар қалби мо ворухиён ва дар сафҳаи таърихи Ворухи бостон ҳифз хоҳад шуд. Шумо имрӯз бо меҳнати худ, бо шуҷоату матонати худ муҳаббати худро дар қалби мо ворухиён мӯҳри абад задед. Мо сипосгузори ин ҳама шабҳои бехобӣ, талошҳои роҳи ҳақиқат, ҷуръати Рустамонаи Шумо буда дар Соли Нави 2022 сидқан ба Шумо сиҳативу саломатии бардавом, умри дароз, хушбахтӣ ва муваффақиятҳоро хоҳонем. Ҳамеша саломату сарбаланду саодатёр бошед!!!! Бо эҳтироми хоса Ҳикматулло 213.129.48.14 12:06, 27 Декабри 2021 (UTC)[ҷавоб додан]