Баҳс:Давлати Саффориён

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Баҳс:Саффориён)

Мӯҳтарам Tоҷиддин Кӯшишатон дар эҷоди мақолаҳо қадами шоистаест дар Донишнома (Викпедиаи тоҷикӣ). Вале, бо мақсади викифонидани мақолаҳоятон ба талаботи Википедиа риоя кунед. 1. Барои вироиши мақола аз рӯи талабот ба саҳифаи Википедиа:Барои навкорон ба дастури Википедиа:Вироиши мақолаҳо ‎нигоҳ кунед, омӯзед ва мувофиқи он амал кунед. 2.Барои эҷодатон аз мақолаҳои вироишгардидаи Википедиа ҳамчун намуна ибрат гиред. 3. Бидонед: мақола (иловаҳо ба он) бе иқтибос аз сарчашмаи боварибахш (бо тасвири библиографии китоб, ё ин ки номи суроғаи электронии сомона) минбаъд ҳазф мегардад. 4. Дар охири мақола ҳатман ба кадом гурӯҳ таалуқ доштани онро ишора намоед. Нигаред: ба зергурӯҳҳои ба мазмуни мақолаатон монанд (дар поварақи мақола одатан навишта мешавад).

Камбудиҳои иловаҳо ба Саффориён навишташуда: Бодиққат боз хонед, бубинед, ки такрори мазмуни қисмати мақолаи Саффориён шудааст, вале аз дигар китоб, ки иқтибосаш нест, оварда шудааст. (манбаъ нест)??? Беҳтар мешуд, агар танҳо норасоиҳои мақоларо худатон ёфта пурра намоед ва сарчашмаашро (бо тасвири библиографӣ) илова намоед. Бо эҳтиром,--Шухрат Саъдиев (talk) 11:20، 6 Апрел 2016 (UTC)