Баҳс:Ҳамза ибни Ямин
Мӯҳтарам Jaloliddin Madaminov Заҳмати Шумо доир ба вироиши мақолаҳо дар Википедиаи тоҷикӣ амали хуб аст. Бо вуҷуди ин ба қоидаҳои вироиши мақолаҳои Википедиа риоя кардан ҳатмист.
- Бидонед::мақолаҳои бе манбаъ (сарчашмаи боэътимод) вироишнамуда яъне (бе номи саҳифа дар сомонаи интернетӣ (Сайти "Ҷамъияти Муломириёни Россия"??? - сайти давлатӣ ё илмӣ нест), ё ин ки – иқтибосе аз адабиёт бо ишораи ному насаби муаллиф, номи мақолаи китоб (маҷалла ва диг), шаҳр, нашриёт, соли нашр, миқдори саҳифаҳо ва ғ.) ҳатман пок (ҳазф) карда мешаванд. Масалан: Энсиклопедияи миллии Тоҷик. Ҷилди I. А – Асос. – Душанбе, Сарредаксияи илмии ЭМТ, 2011. – 608 саҳ. Бо тасвирҳо
1. Дар мақолаҳои Шумо ягон далели боэътимод??? нисбати муаллим ва риояи тасвири библиографии китобҳои Ҳамза ибни Ямин нест??? Jaloliddin мақоларо ки сар кардед, дуруст бе камбудӣ нависед. Барои ислоҳ 2 рӯз вақт дода мешавад, ислоҳ нашавад ҳазф карда мешавад.
2. Нисбати мақолаи Ёқубҷон Охонов он низ чунин камбудии ҷиддӣ дорад. Ҳамаи муаллимони деҳаро овардан шарт нест. Танҳо шахсоне, ки ба талаботи Википедиа:Саршиносӣ (афрод) мувофиқат мекунанд. Википедиа:Саршиносӣ (афрод) нигаред ва онро бодиққат хонда баъд шахсиятҳоро агар сарчашмаи боэътимод ёфта бошед нависед.
Агар ин ғалату камбудиҳо (ва аз номи корбарон:Хусаинову Мунирҷон навиштаатон) такрор шаванд саҳифаатон баста мешавад.Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 02:47، 12 Декабри 2016 (UTC)
Ба устод Шухрат Саъдиев
[вироиши манбаъ]Аввало салом устод! Осори ҳарду ин саифаҳоро пур кардам, аммо манбаъашро наметавонам. Бо эҳтиром --' Ҷалолиддин (talk) 10:09، 12 Декабри 2016 (UTC)
Мақолаҳои бе сарчашма ҳазф мешаванд
[вироиши манбаъ]Мақолаи бе сарчашмаи боэътимод доир ба Ҳамза ибни Ямин низ ҳазф мешавад. Чанд намунаи осори овардаатон (теъдоди нашршудааш хело кам аст) ба талабот ҷавоб намедиҳад. Чунки: 1. Осори овадаатон ҳам ғалат сабт шудаасту китобҳо дар ягон нашриётҳои бонуфузи давлатӣ нашр нашудаанд 2. Муаллим аз ҳамин сабаб, ҳатто узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нестанд. Чунин шоирони маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ хело бисёранд ва ба талаботи Википедиа:Саршиносӣ (афрод) ҷавобгу шуда наметавонанд. Минбаъд пеш аз эҷоди мақола ба дигар намунаи мақолаҳо дар бораи адибону шоирон ва талаботи Википедиа:Саршиносӣ (афрод), ки дар Википедиа ҳаст бодиққат хонда шинос шавед, сипас сарчашмаи (манбаи) боэътимоди мақолаатонро дарёфт намоед.
- Агар ба мазмуни дар боло номбурдашуда сарфаҳм наравед, доир ба шахсиятҳо тамоман мақола эҷод накунед. --Шухрат Саъдиев (talk) 19:23، 14 Декабри 2016 (UTC)