Баҳс:Ҳасан Шарифзода
Мӯҳтарам Саъдиев, ягон аз осори илмии дар ин мақола истифодашуда дар Интернет ба ғайр аз пайванди донишгоҳ ёдовар нашудааст. То дарёфти пайвандҳои бетараф ин саҳифа дар ҳолати номзад ба ҳазф мемонанд. Барои бетарафона вироиш кардани ин саҳифа ва истифода аз манобеъи боваринок кӯмак кунед. Ташаккур --ibrahim (talk) 12:15، 25 Апрел 2014 (UTC)
- Мӯҳтарам ibrahim нисбати эроди Шумо доир ба манобеъи боваринок дар мақолаи зикршуда:
1. Дар Википедия:Критерии_значимости_персоналий дар боби Содержательные критерии ҳамчун манобеъи боваринок - пункти 10.Почётное звание «Народный учитель», учреждённое СССР, РФ и другими государствами ишора шудааст. Ҳасан Шарифзода унвони "Аълочии маорифи Тоҷикистон"-ро (1999) дорад.
2. Осори илмии ҳар нафар усдод аввал санҷида шуда баъд дар сомонаи ДМТ нашр мешаванд, бинобар ин маълумот боваринок аст (набошад муаллиф дар доираҳои илми ва ДМТ "беобрӯ" хоҳад шуд). Инчунин ман боз як манбаъи иловагӣ "Энсиклопедияи ДДМТ"-ро илова хоҳам кард.
3. Ба иттилооти Шумо мерасонам, ки дар Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон маҷмӯаи энсиклопедии "Олимони асри XXI дар Тоҷикистон" (ҳарфҳои А,Б,В...) барои нашр омода шуда истодааст, ки фаъолияти илмии ҳамаи шахсони унвони илмӣ (номзад ва доктори илм) доштаи ҷумҳуриро (бо рӯйхати осори илмӣ) дарбар хоҳад гирифт.
Википедияҳои дигар аз ҳар гуна Энсиклопедияҳои ҷумҳуриявию маҳаллии нашршуда манобеъашонро иқтибос меоваранд, чунки манобеъи боваринок аст. Бо эҳтиром --Шӯҳрат Саъдиев 02:54، 26 Апрел 2014 (UTC)
- Мӯҳтарам Саъдиев, барои посухи пурмӯҳтаво сипосгузорам, такя ба як манбаъ кифоя нест ва иттилоот бояд ҳаматарафа санҷида шуда ҳаддиақал ду манобеъ ишора шавад. Дар фазои Интернети Тоҷик дар бораи Ҳасан Шарифзода бино ба натоиҷи ҷустори Google ягон маводе пайдо нашуд. Хулоса, мақолаҳо бояд аз нигоҳи миёна ва ба таври донишномавӣ бояд навишта шаванд. Баъзе меъёрҳоро қабулшудаи ru:Википедия:Критерии_значимости_персоналий ба қадри имкон тарҷума карда ба саҳфаи Википедиа:Саршиносӣ (афрод) ва Википедиа:Сиёсатҳо ва раҳнамудҳо гузоред. Ин мавод барои пешгирӣ аз эҷоди ҳаргуна саҳифаҳои бемаъно дар бораи одамони ношинос кӯмак хоҳанд кард. Ташаккур --ibrahim (talk) 04:42، 26 Апрел 2014 (UTC)
Start a discussion about Ҳасан Шарифзода
Talk pages are where people discuss how to make content on Википедиа the best that it can be. You can use this page to start a discussion with others about how to improve Ҳасан Шарифзода.