Баҳҷат, Абдуллоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳҷат, Абдуллоҳ
Навъи фаъолият: шоир

Абдуллоҳ Баҳҷат (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (а. 17).

Ба забони туркӣ низ шеър мегуфтааст. Малеҳои Самарқандӣ Б.-ро зодаи Офаринканд гуфтааст. Инчунин номи вайро ба шакли Қозӣ Абдуллоҳ сабт намудааст. Аз ин бармеояд, ки ӯ муддате қозӣ-«шариатпаноҳ» (Малеҳо) будааст. Бо сабаби баъзе ҳаводиси иҷтимоии рӯзгор Б. аз мансаби қозӣ нозил шуда, дар мад-расаи Мири Араби Бухоро ба тадрис шуғл меварзид. Малеҳо Б.-ро чун шахси соҳиби беҳтарин хислатҳои инсонӣ — олим, фозил, шоири фасеҳзабон, малеҳбаён, донандаи «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ, «Силсилат-уз-заҳаб»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, огоҳ аз илми мусиқӣ ва ғ. тавсиф намудааст. Абёти зерин намунае аз шеъри ӯянд:

Хушам ба дард, ки дар пардаи шикебоист,
Бадам ба доғ, ки оинадори расвоист.
                                 ***
Хун мекунад зи дард дил санги хораро,
Ёрон, ҳадиси шикваи мо ношуниданист.
                                  ***
Баҳҷат, дили ман бонги Самарқанд зад имшаб,
Оташкадаи ишқ магар синаи ман шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]