Ба худкушӣ расонидан
Ба худкушӣ расонидан - ин ҷиноят ба муқобили бехатарии ҳаёти шахс равона шуда, дар моддаи 109 КҶ ҶТ чунин ифода ёфтааст: «бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну зътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ ё сӯиқасди худкушӣ расонидани шахс мебошад». Объекти ҷиноят ҳаёти инсон мебошад. Ҷабрдида ҳама гуна шахсе шуда метавонад, ки нисбат ба ӯ таҳдид ва дигар муомилаи бераҳмона аз ҷониби гунаҳкор расонида шудааст. Ба худкушӣ расонидан аз чунин амалҳо сарчашма гирифта метавонад:
- 1.Таҳдид;
- 2. Муносибати бераҳмона ба ҷабрдида;
- 3.Таҳқир намудани шаъну эътибори инсонии ӯ.
Таҳдид тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷабрдидаро дар бар гирифта метавонад, ки дар натиҷа ҳаёти ӯро зери хатар мегузорад ва ҷабрдида дар ҳолати ногувор ва ноилоҷ монда, даст ба худкушӣ мезанад. Ҷиноят аз лаҳзаи худкушӣ ё сӯиқасд ба худкушӣ хотимаёфта дониста мешавад. Субъект шахси 16-сола аст. Тарафи субъективӣ гуноҳи қасдона мебошад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009.- с.79