Бедил, Чандраман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бедил, Чандраман
Навъи фаъолият: шоир

Бедил Чандраман (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири ҳинду (а. 17).

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба забони форсӣ асарҳо эҷод кардааст. Асосан ба тарҷума ва таҳрири форсии қиссаҳову достонҳои ҳиндӣ шуғл доштааст. Манзумаҳои «Қиссаи Кришна», «Ҳикояти Бакрам», «Зафарнома», «Баҳори сухан» аз навиштаҳои ӯянд. Достони машҳури ҳиндии «Рамаяна»-ро ба наср ва ҳам ба назм гардондааст. Таҳрири манзуми ин асар бо номи «Наргисистон» байни с-ҳои 1692-94 таълиф ва ба шоҳ Аврангзеби Оламгир (1605—1707) эҳдо шудааст. «Наргисистон» ба шакли маснавист иборат аз 6 дафтар (боб, қисм; 5 дафтар ба вазни баҳри ҳазаҷ, дафтари 6-ум ба вазни мутақориб). Соли 1875 дар Лакҳнав ба табъ расидааст (чопи сангӣ). Намунае аз нигоштаҳои Бедил:

Аз он рӯ байт созад ин мусанниф,
Ки Чандарман бувад номи муаллиф.
Чу андар Мадҳпур гӯшанишинам,
Гул аз боғи баҳори ӯ бичинам.
Агарчи пеш аз ин достоне
Ба наср овардаам дар як замоне,
Кунун хоҳам, ки дар назм оварам боз,
Шавам з-ин достони пок мумтоз.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҳимӣ Б. Ошноӣ бо Бедил. Д., 2009.