Сабзирезакунон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бехирезакунон)

Сабзирезакунон, бехирезакунон - Як рӯз қабл аз ҷашни арӯсӣ, хешу табор ва ҳамсояҳои тӯйдор (аслан мардон) дар хонаи соҳибҷашн ҷамъ омада, як-ду халта сабзиро реза мекунанд. Ин сабзиҳо дар рӯзи дигар барои пухтани оши палав, ки барои аҳли маҳала оши наҳор дода мешавад, омода карда мешавад. Ҳангоми реза кардани сабзӣ мардон сурудхонӣ, латифаву аскиягӯӣ менамоянд, то ин ки хасташавиро эҳсос накунанд.[1][2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 57
  2. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)