Jump to content

Бибихон Азизова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бибихон Азизова (тав 19.08.1946, гузари Дукчигарии ш.Конибодом), ходими хизби ва давлати, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999). Мактаби миёна (1964), техникуми технологи (1981) ва Университети давлатии Тоҷикистонро гоиюона хатм намудааст (1990).

Дар иттиҳодияи дузандагии шаҳр (собик «Швейместпром», холо «Хусноро») ба хайси сардори сехи дузандаги (1973-82), котиби ташкилоти хизбии иттиҳодияи дузандаги ва муовини сармухандиси иттиҳодия (1969, 1985-87) директории комбинати хидмати маишии «Мухайё» (1987-96) ифодаи вазифа намудааст. Аз мохи апрели соли 1996 то мохи январи соли 2004 раиси шаҳри Конибодом буд.

Дар давоми фаъолияти кориаш, махсусан дар давраи раиси шаҳр буданаш, нақшаҳои истеҳсоли чи дар соҳаи кишоварзи ва чи дар соҳаи саноат барзиёд ичро гардидаанд. Симои шаҳр тағйир ёфта, корҳои ободони вусъат пайдо карданд, сохтмони насоси обкаши дар деҳаи Карачкум анчом пазируфт.

У узви Мачлиси Миллии Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо ордени «Нишони Фахри», Ифтихорномаи Раёсати Шурои Олии Тоҷикистон, медали «Барои меҳнати шоён» ва ғайра мукофотонида шудааст.