Бибисешанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бибӣ мушкиллкушо)

Бибисешанбе (форсӣ: بی‌بی سه‌شنبه‎), Бибимушкиллкушо — яке маросимҳои куҳани мардумист.

Гӯё се тан бибиҳо – Бибимушкилкушо, Бибисешанбе, Бибиҳоҷатбарор (Бибизулмурод) ҳастанд, ки мувофиқи номашон ин маросимҳоро анҷом медиҳанд. Дар бибисешанбе занҳо иштирок менамоянд. Касони дуоталаб, фарзандталаб, сарватталаб, охиратталаб ва ҳар ҳоҷатманде, ки ба ҳаққи Бибисешанбе, ки гӯё холаи ҳазрати Баҳоваддини Нақшбанд аст, ба умеди баровардани ҳоҷаташ оши худоӣ медиҳад. Он бояд аз орди 7 хонавода гирифташуда таҳия гадад. Аксаран дар бибисешанбе оши умоч мепухтанд ва онро бо чанд нону кулча ба бевазанҳо ва ятимон мехӯронданд. Барои ширкаткунандагон иҷрогари маросим қиссаи Бибисешанберо нақл карда, дуо мехонад.

Маросими Бибӣ мушкиллкушо дар рӯзҳои чоршанбе бо иштироки 3-7, баъзан шумораи бештари занҳо гузаронида мешавад. Дар Вилояти Суғд, водии Ҳисор фаъол аст.[1][2]

Чунин маросим бояд бо назардошти «Санадҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» гузаронида шавад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бибӣ Мушкилкушо. Таҳияи А. Зокирӣ. Хуҷанд, 2002;
  • Аҳмад Р. Ҷойгоҳи маросим ва аъёди Исломӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик. Теҳрон — Душанбе, 2010

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Ирфон», 2014, — С. 58-59
  2. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Аржанг», 2016, — С. 84

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]