Биоҷуғрофия
Биоҷуғрофия (аз био... ва география) — илм дар бораи паҳн ва тақсим шудани биосенозҳои гуногун, инчунин рустанӣ, ҳайвонот, микроорганизмҳо (намуд, авлод ва дигар гурӯҳҳои таксономӣ) дар рӯйи Замин.
Биоҷуғрофия аз бахшҳои зерин иборат аст: ҷуғрофиёи организмҳо (микроорганизмҳо, рустаниҳо, ҳайвонот) ва ҷуғрофиёи набототу ҳайвонот (микробиосенозҳо, фитосенозҳо, зоосенозҳо, биосенозҳо). Биоҷуғрофия чанд равия дорад: ареалӣ, флоравӣ, фаунавӣ, минтақавӣ, экологӣ, таърихӣ ва ғ. Дар таҳқиқотҳои биогеографӣ аз усулҳои муқоисавӣ-ҷуғрофиёӣ, экологӣ, миқдорӣ, таърихӣ ва картографӣ истифода мебаранд. Биоҷуғрофия дар радифи илмҳои биосферӣ мебошад. Биоҷуғрофия бо биосенология, экология, биогеосенология алоқаи зич дорад. Биоҷуғрофия асоси назариявии истифодаи оқилонаи захираи набототу ҳайвонот мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Биогеография // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.