Биржаи фондии NASDAQ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Биржаи фондии NASDAQ ё ба таври мухтасар NASDAQ, биржаи америкоӣ мебошад. Номи мазкур ихтисораи номи пурраи National Association of Securities and Dealers Automated Quotations аст. Бузургтарин биржаи электронӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка. Тақрибан 3700 ширкат дар NASDAQ намояндагӣ шудаанд, ки ин шумора ширкатро чун бузургтарин биржаи савдо дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

Индексҳои NASDAQ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар NASDAQ на танҳо саҳмияҳои ширкатҳои бузурги технологӣ арзёбӣ мешаванд, аз ин рӯ низоми яклухти индексҳо ба вуҷуд омадааст, ки ҳар кадоме аз онҳо вазъиятро дар бахши дахлдори иқтисодиёт инъикос мекунанд. Ҳоло сездаҳ чунин индекс мавҷуд аст, ки нархгузории коғазҳои арзишдоре, ки дар низоми электронии NASDAQ фурӯхта мешаванд, ба онҳо такя мекунанд.

Nasdaq Composite[вироиш | вироиши манбаъ]

Index Composite Nasdaq саҳмияҳои ҳамаи ширкатҳоеро дар бар мегирад, ки дар биржаи фондии NASDAQ арзёбӣ шудаанд (дар маҷмӯъ зиёда аз 5000 адад). Арзиши бозор ба таври зерин ҳисоб карда мешавад: шумораи умумии саҳмияҳои ширкат ба арзиши бозории як саҳм зарб карда мешавад.[1]

NASDAQ -100[вироиш | вироиши манбаъ]

Nasdaq-100 100 ширкати калонтаринро дар бар мегирад, ки саҳмияҳои онҳо дар биржаи фондии NASDAQ фурӯхта мешаванд. Индекс ширкатҳои бахши молияро дар бар намегирад.[2] То 2021 сол 57% аз Nasdaq-100 ширкатҳои технологӣ ташкил мекунанд.[3] Дар биржаи Nasdaq фонд зери аломати QQQ динамикаи Nasdaq-100-ро бо саҳеҳии баланд пайгирӣ мекунад.[4][5]

Индексҳои дигари NASDAQ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Индекси NASDAQ Bank - барои ширкатҳои бахши бонкӣ
  • Индекси биотехнологии NASDAQ - барои ширкатҳои тиббӣ ва фармасевтӣ
  • Индекси компютерии NASDAQ - барои ширкатҳое, ки таъминоти барномавӣ ва дасгоҳии компютерҳоро таҳия мекунанд
  • Индекси молиявии NASDAQ - барои ширкатҳои бахши молиявӣ, ба истиснои бонкҳо ва ширкатҳои суғурта
  • NASDAQ Industrial Index - барои ширкатҳои саноатӣ
  • Индекси суғуртаи NASDAQ - барои ширкатҳои суғурта
  • NASDAQ Telecommunications Index - барои ширкатҳои телекоммуникатсионӣ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Index Metology Nasdaq Composite. indexes.nasdaqomx.com. 6 январи 2022 санҷида шуд.
  2. Five facts about the Nasdaq 100 index. morningstar.com.au. 6 январи 2022 санҷида шуд.
  3. Best Nasdaq 100 Brokers Guide. comparebrokers.co. 6 январи 2022 санҷида шуд.
  4. Invesco QQQ Trust, Series 1. nasdaq.com. 6 январи 2022 санҷида шуд.
  5. Q: Why Did QQQQ drop a Q to Become QQQ?. wsj.com. 6 январи 2022 санҷида шуд.