Благоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Благоев
БЛАГÓЕВ Димитр
Сурат
Навъи фаъолият:

сиёсатмадор

Санаи таваллуд:

14 июн 1856(1856-06-14)

Зодгоҳ:

Загоричане

Мамлакат:
Санаи марг:

7 май 1924(1924-05-07) (67 сола)

Маҳалли марг:
Commons-logo.svg Благоев дар Викианбор

БЛАГÓЕВ Димитр (14.6.1856–7.5.1924), ходими машҳури сиёсии Булғория.

Зиндагинома[вироиш]

Аз оилаи деҳқони камбағал. Аз с. 1878 дар Россия зиндагӣ мекард. Соли 1881 ба Университети Петербург дохил шуд. Соли 1883 яке аз аввалинҳо шуда ташкилоти марксистӣ дар Россия (гурӯҳи Благоев)-ро ташкил кард. Соли 1884 он 15 маҳфили марксистиро дар худ муттаҳид намуда, ба худ номи Ҳизби русии сотсиал-демократҳоро гирифт. Ба фикри онҳо давлати буржуазӣ зери таъсири ҳаракати пролетариат метавонад ба давлати «халқӣ» (сотсиалистӣ) табдил ёбад. Дар байни коргарон чандин маҳфил ташкил карданд, чопи рӯзно­маи «Коргар»-ро ба роҳ монданд (то типографияро хароб намудани политсия ду шумора баромад) ва солҳои 1885–50 бо гурӯҳи «Озодии меҳнат», ки Г. В. Плеханов созмон дода буд, иртибот пайдо намуданд. Ҳамон сол Благоев дастгир ва ба Булғория фиристода шуд ва гурӯҳи ӯро с. 1887 тамоман нест намуданд. Соли 1891 Блогоев ташаббускори асосии ташкил намудани Ҳизби сотсиалдемократӣ дар Булғория шуд. Аз с. 1897 органи ин Ҳизб – маҷ. «Ново вре­мя»-ро роҳбарӣ мекард. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар Маҷлиси халқӣ муқобили додани қарзи ҳарбӣ овоз дод ва зидди ҷалб намудани Булғория ба ин ҷанг баромад. Ҳизбе, ки Блогоев сарварӣ мекард, алоқаашро аз Интернатсионали II канд. Соли 1919 ҳизби ӯ Ҳизби коммунистии Булғория (ҲКБ) номгузорӣ шуд ва дар бунёнгузории Интернатсионали (коммунистии) сеюм саҳм гузошт. Блогоев дар бораи назарияи марксистӣ, иқтисодиёти сиёсӣ, таърихи сотсиализм ва эстетика асарҳо таълиф кардааст.

Адабиёт[вироиш]

Лихачева Л. Димитр Благоев (1856–1924).

Библиографиче­ский указатель. М., 1956.

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2

  1. 1.0 1.1 Благоев Димитр // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.