Бобокӯҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Боботоғ)
Боботоғ
Нуқтаи баландтарин
Баландии мутлақ2 292 м
Макон
38°00′00″ с. ш. 68°10′13″ в. д.HGЯO
Кишвар

Бобокӯҳ (қаблан Боботоғ) — қаторкӯҳ ва яке аз силсилаи кӯҳҳои пасти ҷанубу ғарби Тоҷикистон. Аз шаҳраки Ҳисор ба самти ҷанубу ғарб то 100 км тӯл кашидааст.

Мушаххасот[вироиш | вироиши манбаъ]

Баландтарин нуқтаи он дар қисми шимолии кӯҳ воқеъ гардида, аз сатҳи баҳр 2225 м баланд мебошад. Дар қисми ҷанубӣ 600 м-ро ташкил медиҳад. Аз ҷиҳати сохти геологӣ дар Б. таҳнишастҳои давраи мезозой ва кайнозой бартарӣ доранд. Релйефи ҳозираи Б. ҷавон буда, ба ҳаракатҳои тектоникии охири неоген ва ибтидои давраи чорум вобаста мебошад. Мувофиқи маълумотҳо Б. дар давоми камтар аз ним миллион сол ба миён омадааст. Сатҳи он ба суфакӯҳ шабоҳат дошта, иқлимаш континенталӣ мебошад. Дамои ҳаво то 4 моҳ аз 00 паст мешавад. Миқдори бориши солона — 200 мм ва аз ин ҳам камтар.

Наботот[вироиш | вироиши манбаъ]

Таркиби хоку набототи Боботоғ гуногун буда, вобаста ба баландӣ, сатҳи маҳал, тағйирёбии ҳарор. ва бориш ба таври амудӣ паҳн гардидаанд. Дар баландиҳои 350—600 м хоки хокистарии равшан вомехӯрад, ки дар он эфимерҳо, қиёқ, пудина ва ғ. месабзанд. Аз ин боло, дар баландиҳои 700—1600 м хокаш хокистарранги тира ва қаҳваранг буда, дар он, асосан, ғешаву пудина бо эфимеру эфимермонандҳо ва дигар алафҳо омехта месабзанд. Буттаҳо кам, дарахтон фақат дар назди чашмаҳо ва сойҳои обдор мерӯянд. Эфимерҳо авв. баҳор нағз нашъунамо карда, баробари баланд шудани ҳарор. (нимаи авв. апр.) ба зудӣ мехушканд ва ба ҷойи онҳо набототи ба хушкӣ тобовар — явшон, чинорак, ғеша, пудина, лолахасак, янтоқ ва ғ. месабзанд.

Ҳайвонот[вироиш | вироиши манбаъ]

Вобаста ба шароити табиии Боботоғ, олами ҳайвоноти он ҳам гуногун аст. Дар ин ҷо аз хазандагон баъзе намудҳои мор, каждум, калтакалос, аз ширхорон гург, гуроз, рӯбоҳ, шағол, заргӯш, аз парандаҳо бедона, кабк аз ҳайвоноти нодир морхӯр ва муфлон вомехӯранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Щукин И. С. Таджикистан. Л. ,1936;
  • Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1978;
  • Раҳимов М. Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон. Д., 2001.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]