Бобохон Бобораҷабов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Бобохон Бобораҷабов (тав. 9. 09. 1939, ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон), биологи тоҷик, номзади илмҳои биология (1979), дотсент (1989).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1957–1962 дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1962–1965 лаборант ва ассистенти кафедраи ботаникаи донишгоҳи номбурда, 1972–1975 аспиранти Институти ботаникаи АИ ҶТ, 1976–1978 лаборант ва баъдтар ходими хурди илмии институти мазкур буд. Солҳои 1983–1986 дар Институти ботаникаи АИ ҶТ ҳамчун ходими калони илмӣ кор кардааст. Аз соли 1987 инҷониб дар кафедраи ботаникаи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба сифати муаллим, муаллими калон ва дотсент фаъолият дорад. Солҳои 2005–2008 вазифаи мудири кафедраи ботаникаи факултети биологияи донишгоҳро ба ӯҳда дошт. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ, 2 барномаи таълимӣ мебошад. Оид ба ушнашаклҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмиву тадқиқотӣ бурдааст.

Пайвандҳои беруна[вироиш]