Jump to content

Бозон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бозе-зарра)

Бозон (аз насаби физикии ҳинд — Шатендранат Бозе), бозе-зарра — зарраи қимати спинаш бутун (0, 1, 2,).

бозонҳо бар хилофи фермионҳо ба омори Бозе-Эйнштейн итоат мекунанд, ки мувофиқи он шумораи дилхоҳи зарраҳои яксон дар як ҳолати квантӣ қарор мегиранд. бозонҳо бунёдӣ ва таркибӣ мешаванд. бозонҳои бунёдӣ кванти майдонҳои калибрӣ ҳастанд, ки бо ёрии онҳо фермионҳои бунёдӣ (лептонҳо, кваркҳо) дар модели стандартӣ таъсири мутақобила мекунанд. Ба чунин бозонҳо фотонҳо (таъсири мутақобилаи электромагнитӣ), глюонҳо (таъсири мутақобилаи пурзӯр), W± ва Z-бозонҳо (таъсири мутақобилаи суст) мансубанд. Ба бозонҳои бунёдӣ гравитон ва бозони Ҳиггс низ тааллуқ доранд, ки мавҷудияти онҳо пешгӯӣ шудааст, вале то ҳол дар таҷриба ошкор нагардидаанд. Ба бозонҳои таркибӣ ҳолатҳои алоқаманди дукваркии зиёд мансубанд, ки мезонҳо номида мешаванд. Мисоли дигари бозонҳо ҳастаҳои шумораи нуклонҳояшон (протонҳо ва нейтронҳо) ҷуфт мебошад.