Муштзанӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бокс)
Муштзанӣ
Тавсифот
Аввалин мусобиқот
Федератсияи байналмилалӣ
Лоиҳаҳои марбут
 Парвандаҳо дар Викианбор

Муштзанӣ, бокс (англ. box — қуттӣ, ринг) — навъи варзиш, аз рӯйи қоидаи муайян муштзании байни ду варзишгар.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Панҷ ҳазор сол пеш дар Мисру Бобул дар шакли муштзании одӣ пайдо шудааст. Қоидаҳои бозии бокс (бе дастпӯшак) дар Англия (асри 18) ҷорӣ гардида, соли 1867 истифодаи дастпӯшак шурӯъ шуд. Бокс аз соли 1904 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил ва минбаъд баргузории чемпионатҳои ҷаҳон ва қитъаву давлатҳои алоҳида аз рӯйи он ба анъана даромад. Мусобиқа дар ринг – майдончаи чоргӯшаи дарозӣ ва бараш 6 м, ки атрофаш бо таноб иҳота шудааст, дар чанд навбат (раунд) бо танаффуси якдақиқагӣ мегузарад. Ба ринг ҳарифони ҳамвазн (истисно бокси касбӣ) роҳ дода мешаванд. Ғолиб варзишгаре мегардад, ки ҳарифро бо ҳуҷуми муваффақиятнок шикаст медиҳад, ё қувваи ҳарифаш ба давом додани бозӣ намерасад, ё ҳарифаш аз идомаи бозӣ сар мекашад. Мувофиқи қоидаи бокс аз камар поин, ба буни гардан, ба тахтапушт, инчунин ҳарифи аз пой афтодаро задан мамнӯъ аст. Мусобиқаи муштзанҳоро як ҳаками дохили ҳалқа (ринг) ва 3–5 ҳаками берун аз он доварӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон ин навъи варзиш маъмул аст. Намояндагони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавии бокс пайваста иштирок мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]