Борони офтобӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Борони офтобӣ дар Боғи миллии Узе, Ҷопон.

Борони офтобӣ (англ. sunshower) — падидае ҳавошиносона, ки дар он вақте Офтоб ҳанӯз метобаду борон меборад[1].

Ин падида маъмулан натиҷаи вазидани бодҳои муртабит бо борон дар фосилаҳои дуртар аст, ки қатраҳои борон дар ҳаворо ба ҷое мебарад, ки абре дар он нест. Ба ин далел гоҳе ин падида вақте рух медиҳад, ки як абри боронӣ мегузарад ва зовияи хуршед тавре аст, ки абрҳо ҷилави нури сафедро намегиранд.

Номҳои мардумӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • дар аксари манотиқи Тоҷикистон ба ин падида «тӯйи рӯбаҳ» мегӯянд;
  • дар Ҷопон «зани рӯбоҳ ба хонаи шавҳар меравад»[2] мегӯянд;
  • дар Русия мегӯянд: «малика гиря мекунад»[3];
  • дар фарҳанги озарӣ ба ин падида истилоҳан «замони зойидани шағол» мегӯянд;
  • дар Алҷазоир ба он «арӯсии гург» гуфта мешавад;
  • дар Ҷануби ИМА ба он «шайтон занашро мезанад» гуфта мешавад[4].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Symonds, Steve Weather Terms - Wild Weather. ABC North Coast (2004).
  2. лорд Митфорд, Алджернон Легенды о самураях: традиции Старой Японии. — М.: Центрполиграф, 2010. — С. 220. — ISBN 978-5-227-02180-9
  3. К.Г. Паустовский. «Золотая роза». — М.: «Детская литература», 1972. г.
  4. Sunshowers: When The Devil Beats His Wife. Appalachian Magazine (2018).