Jump to content

Бубен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бубен – сози мусиқии зарбиест, ки садояш баландии муайян надорад. Ин соз дар давраҳои қадим ба воситаи машшоқони дарвеш аз Шарқ ба Ғарб бурда шудааст ва дар Италия ва Испания васеъ паҳн гардида, сози мардумии ин халқҳо шудааст. Бубен аз аввалҳои а. XIX ба қатори созҳои оркестрҳои ҳарбӣ ва дертар симфонӣ дохил гардидааст. Сози мазкур доираи хурди чӯбин дошта, аз як тарафаш пӯст кашида шудааст ва мобайни доира якчанд сӯрохиҳо вуҷуд доранд. Дар ин сӯрохиҳо тақсимчаҳои хурдаки филизӣ шинонда шудаанд, ки мавриди ба пӯст навохтан, ҳам аз пӯст ва ҳам аз тақсимчаҳои филизӣ якҷоя садо мебарояд.

Бубен аз давраҳои қадим боз ҳамчун сози усулӣ дар оҳангҳои рақсӣ ҷӯр мешавад. [1]

Духтар бо бубен. Аврупо, XIX
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 74. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)